Муҳорибаи Берлин

№58 (4164) 14.05.2020

Муҳорибаи  Берлин, ки аз 16 апрел то 2 майи соли 1945 давом кард, бузургтарин муҳорибаи ҷанги дуюми ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Барои ишғол намудани шаҳр се ҷабҳа — Белоруссия-1, Белоруссия-2 ва Украина-1 ҷалб шуданд, ки ба онҳо маршалҳои Иттифоқи Советӣ Г. К. Жуков, К. К. Рокоссовский ва И. С. Конев фармондеҳӣ мекарданд.

Фармондеҳи машҳури шӯравӣ Георгий Константинович Жуков дар хотироташ ёдовар мешавад, ки Гитлер барои муҳофизати Берлин на камтар аз 90 дивизия, аз ҷумла, 14 дивизияи танкӣ, 37 полки алоҳида ва 98 баталионро сафарбар намудааст.

Муҳориба барои гирифтани Берлин муҳорибаи охирин ва сангин буд. Ҳуҷум соати сеи субҳ бо вақти Германия оғоз шуд. Баъди ду рӯзи муқовимат Берлин аз тарафи фронтҳое, ки ба онҳо Г. К. Жуков ва И. С. Конев фармондеҳӣ мекарданд, ба муҳосира гирифта шуд. 25 апрел дар шаҳри Торгау қӯшунҳои Фронти якуми Украина бо артиши иттифоқчиён вохӯрданд.

Якуми май, соати сею панҷоҳ дақиқа, ба ситоди армияи 8-ум сардори Ситоди армияи пиёдагарди Германия генерал Кребсро оварданд ва ӯ дар бораи худкушӣ кардани Гитлер хабар дод.

Шаби якуми май разведчикҳо М. А. Егоров ва М. В. Кантария ба болои бинои Рейхстаг байрақи Ғалабаро насб карданд. Рӯзи дигар гарнизони Берлин таслим шуд. Коменданти якуми шаҳри Берлин командири армияи панҷум, Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ генерал Н. Э. Берзарин таъин гардид. Соати сеи дуюми май душман пурра таслим шуда, яроқро ба замин гузошт. Ҳарчанд дуюми майи соли 1945 рӯзи ғалабаи Армияи Советӣ бар фашизм буд, вале гурӯҳҳои алоҳидае буданд, ки дар Чехословакия ва Австрия ҳанӯз таслим шудан намехостанд.

Ҳафтуми май бо дастгирии Фронти якуми Украина шаҳри Прага озод гардид. Ҳаштуми май А. Я. Вышинский ҳуҷҷатҳои таслимшавии бечунучарои Германияро аз Москва ба Берлин овард.

Ба акти таслимшавии бечунучаро аз ҷониби Иттифоқи Советӣ Г. К. Жуков ва аз тарафи Германияи фашистӣ Кейтел имзо гузоштанд ва ба ин муносибат 9 май расман Рӯзи Ғалаба эълон гардид.

Ҷанги дуюми ҷаҳон, ки Ҷанги Бузурги Ватанӣ қисми таркибии онро ташкил менамояд, боиси харобӣ ва қурбонии зиёд шуд. Дар он беш аз 50 млн. нафар одам талаф ёфт. Аз ин шумора 27 млн. нафар дар ҷабҳаҳои ҷанг ҳалок шуданд, боқимонда аҳолии осоишта буданд. Талафоти Иттифоқи Советӣ аз 20 то 30 млн. нафарро ташкил дод.

Дар муҳорибаи Берлин тоҷикистониҳо низ саҳм гузоштанд. Аз ҷумла, Пӯлод Атоев барои ҳамла ба Рейхстаг ва Аҳмадҷон Рӯзиев барои дар дарвозаи Брандербург овехтани Байрақи Сурх бо ордени «Шараф» сазовор гардиданд. Дар муҳорибаи Берлин, ҳамчунин, Мастибек Тошмуҳаммадов, Исмоил Бурҳонов, Қаландар Ҳаитов ва боз садҳо ҷанговари тоҷик иштирок доштанд.

Ба муносибати Ғалаба бар фашизм дар Майдони Сурхи Москва 24 июни соли 1945 парад баргузор шуд, ки дар таърих бо номи Паради Ғалаба ёд мешавад. Он рӯз ба пояи мавзолеи Ленин 200 байрақи Германияи мағлубшуда партофта шуд…

Ф. ҚУРБОНОВ, С. МАРОДБЕКОВА, омӯзгорони Коллеҷи техникии шаҳри Душанбе