Муфтии Ингушистон аз коронавирус фавтид

№ 14.04.2020

 Вазорати тандурустии Ингушистон иттилоъ додааст, ки гирифтории муфтии кишвар Абдураҳмон Мартазанови 63 — соларо ба коронавирус, ки бо бемории «илтиҳоби дутарафаи шуш» бистарӣ шуда буд, тасдиқ намудааст. Дар ин бора иҷрокунандаи вазифаи Сарвазири Ҷумҳурии Ингушистон Владимир Сластенин хабар додааст.

- Абдураҳмон Мартазанов ҳамин рӯз аз дунё гузашт, бемориаш мушаххас карда мешавад», — изҳор доштааст ӯ.

«РИА Новости» ва «Интерфакс» низ бо истинод ба маълумоти Вазорати тандурустии Ингушистон дар ин хусус хабар интишор намудаанд.

Абдураҳмон Мартазанов моҳи июли соли гузашта ба муҳлати панҷ сол муфтии Ингушистон интихоб гардида буд. То он вақт тӯли 20 сол сарварии қозиётро бар уҳда дошт.

Ҳанӯз 11 апрел Вазорати тандурустии Ингушистон дар бораи аз коронавирус фавтидани аввалин нафар дар ин кишвар  хабар дод, ки 64-сола будааст.

То имрӯз ҳамагӣ дар Ингушис­тон 29 ҳодисаи гирифтор шудан ба бемории COVID-19 ба қайд гирифта шудааст. Аз шумораи умумии гирифторони ин беморӣ дар Федератсияи Россия, ки беш аз 13 ҳазорро ташкил медиҳанд, то ин дам 106 нафар фавтидаанд.

Тањияи Н. НИЗОМӢ,

«Садои мардум»