Мулоҳизоте чанд доир ба сабабҳои коҳиши ахлоқи ҷавонон

№112 (3413) 21.08.2015

Табиист, ки  арзишҳои ахлоқӣ аз фазои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии замон маншаъ гирифта, вобаста ба  падидаҳои нави ба ин ё он давраи таърихӣ созгор тағйир меёбанд. Вале дар ин раванд омили асосии таъсиргузор барои ҳама халқияту миллат анъанотест, ки бо мурури замон ташаккулу такмил ёфта, ба ҳукми расмият даромадаанд. Ин дар мисоли падидаҳои ахлоқии халқи тоҷик баръало эҳсос мегардад.

Дар таърихи башар кам андар кам халқест, ки доир ба тарғиби тарбияи ахлоқӣ дар сатҳи тоҷикон қарор дошта бошад. Арзишҳои ахлоқии мо ҳанӯз аз замони Авасто ҷанбаи идеологӣ пайдо кардаву минбаъд вобаста ба гардишҳои сиёсию динию мазҳабӣ ҷавҳари худро, ки дар он тобишҳои ба ин халқ хос возеҳан ба назар мерасад, нигоҳ доштааст.

Бесабаб нест, ки тамоми осори классикии адабиёти тоҷику форс саршор аз панду насиҳат буда, дар он даъват ба адлу инсоф, таҳаммулпазирӣ, риояи арзишҳои анъанавии ахлоқии барои тоҷикон хос, аз ҷумла донишандӯзӣ, ватандӯстию ҷавонмардӣ, фурӯтанию хоксорӣ, раҳмдилию саховатмандӣ, хислатҳои ҳамидаи инсонӣ мавқеи марказиро ишғол мекард. Маҳз ҳамин хислатҳои ба инсони комил хос ба тоҷикон имкон додааст, ки ҳатто дар ҳолати аз даст рафтани зимоми давлатдорӣ, мақоми пешсафӣ ва намунаи ахлоқии барои ҷомеа созгорро нигоҳ доранд. Дар ин ҷода метавон аз осори бузургони адабиёти классикӣ, ки аз пандномаҳои ба анъаноти зиндагии тоҷикон хос, аз ҷумлаи самимияти том нисбат ба аҳли оила, нигаҳдошти арзишҳои анъанавии ахлоқӣ, арзи эҳтиром нисбат ба  калонсолон, мазлумону корафтодагон ва ғайра саршор буда, аз имтиҳони асрҳо гузаштааст, мисолҳои бешумор овард. Мутаассифона, айни замон дар ин ҷода нуқси ҷиддие ба назар мерасад.

Бо дарназардошти ин омил Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таълим ва тарбияи ахлоқии ҷавононро ба дараҷаи самти афзалиятноки  сиёсати давлатӣ баровардаанд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва соли 2015 -ро «Соли оила» эълон кардан далелҳои возеҳи ин гуфтаҳоанд.

Дар Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Баробари таълим масъалаҳои тарбияи наврасону ҷавонон ва дар рӯҳияи ватандӯстиву инсонпарварӣ ва худогоҳиву худшиносӣ ба воя расонидани онҳо ниҳоят муҳим мебошад».

Доир ба пешгирии нуқсҳои зараровари  ахлоқӣ метавон дар доираи талаботи ҳуқуқӣ ва тарбиявӣ арқому далелҳои зиёде овард, вале бе муайян намудани сабабу омилҳои вусъати ин падидаи барои ҷомеа номатлуб ба натиҷаи дилхоҳ расидан номумкин аст. Аз тарафи дигар, ташхиси воқеан илмии ин маризии хурӯҷкунанда таҳқиқоти дастҷамъонаи мутахассисони самтҳои гуногуни илмӣ, аз ҷумла файласуфон, равоншиносон, иқтисоддонҳо, муаррихон ва дигар донишмандони ҷомеашиносро тақозо дорад.

Чун ҳаҷми мақола барои ба таҳлили доманадори бисёрсамта даст задан имкон намедиҳад, мехостем мулоҳизоти худ доир ба чанд ҷузъиёти барангезандаи ин нуқси ахлоқии баъзе аз ҷавонон ибрози назар намоем.

Боиси таассуф аст, ки на ҳамаи ҷавонон ба умқи мантиқии ахлоқи ҳамидаи дар тӯли қарнҳо ба ҳукми анъанадаромада сарфаҳм рафта метавонанд. Ин заруратеро пеш меорад, ки асоси тангназарӣ нисбат ба анъанаҳои волои ахлоқии халқамонро  муайян намуда,  мавриди таҳлил қарор диҳем. Инчунин ҳисси масъулиятшиносии ҷавононро оид ба ҳатмӣ будани риояи арзишҳои ахлоқии миллӣ бедор карда, онро ба маҷрои  созандагӣ роҳандозӣ намоем, зеро дар ин давраи пуртазоди ҷаҳонишавӣ, рушди босуръати воситаҳои хабарӣ, бо ҳам омезиш ёфтани арзишҳои (аксаран қубҳӣ) ахлоқии бароямон бегона, ки барои ҷомеаи мо бетаъсир буда наметавонанд, водор месозад, ки нишондиҳандаҳои ахлоқии то ба дараҷаи арзишҳои миллӣ ташаккулёфтаи худро ҳифз намоем.

Модоме сухан аз таъсири нишондиҳандаҳои ахлоқии бароямон бегона меравад, мехостем доир ба баъзе аз омилҳои барангезандаи ин зуҳуроти номатлуб барои ҷавонон ибрози назар намоем:

1. Раванди ҷаҳонишавӣ бештар суръат гирифта, ин падидаи навини ҷомеаи инсонӣ, ки онро на ҳама ҷомеашиносон эътироф мекунанд, дарвоқеъ торафт бештар аз амали хеш дарак дода, аз воқеияти замон, аз пешрафти босуръати воситаҳои техникӣ ва иттилоотӣ маншаъ гирифтааст. Дар назари аввал ин раванд гӯё барои ҷомеаи инсонӣ имконоти нави ҳалли масоили иҷтимоиро мекушояд ва аз диди принсипҳои  инсонпарастӣ (гуманистӣ) бояд ҳамин тавр ҳам бошад. Вале давлатҳои собиқ мустамликадор ва абарқудратҳои кунунӣ, ки то аз байн рафтани низоми мустамликадорӣ, таъсири ҳалкунандаи иқтисодии худро дар мамлакатҳои Осиё, Африқо ва Амрикои Лотинӣ нигоҳ медоштанд, акнун ин бартариятро аз даст доданӣ нестанд.

Аз тарафи дигар, рушди воситаҳои иттилоотӣ дар назорати як ва ё якчанд давлати абарқудрат нигоҳ доштани дастовардҳои навини технологиро қариб номумкин гардондааст, ки он як нишондиҳандаи ҷаҳонишавӣ буда, амалан бояд ба фоидаи аҳли башар хидмат намояд. Вале табиист, ки ин ба манфиати давлатҳои абарқудрати собиқ мустамликадор ҷавобгӯй буда наметавонад. Аз ин рӯ, бо кадом роҳе, ки набошад кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки раванди суръатафзои паҳншавии дастовардҳои техникиро, ки ба он рушди масоили иҷтимоӣ вобаста аст, пешгирӣ намоянд. Ташкили инқилобҳои ранга дар ин ё он давлати акнун рушдёбандаи дунё (Шимолии Африқо, Шарқи Наздик, Аврупои Ҷанубӣ, Амрикои Лотинӣ) намунаи равшани бо роҳи зӯрӣ пеш бурдани сиёсати мустамликадории (неоколониализм) онҳост.

Дар ин раванд аз ҳама беш таъсири телефонҳои мобилии ҳозиразамон, ки бо шабакаи Интернет пайваставу иқтидори баланди на фақат иттилоотӣ, инчунин имконияти васеи пахши  намоишномаҳои фаҳшу барои халқи фарҳангии мо бегона ба назар мерасад. Телефони мобилӣ ҳамсафари доимии ҷавонон буда, яке аз воситаҳои таъсиррасони маънавию равонист.

Суоле пеш меояд, ки роҳи халосӣ дар чист? Аз диди мо падару модарон ва омӯзгорон агар дар маҳдуд кардани истифодаи онҳо оҷиз бошанд, фақат ду роҳ мемонад:

а) қатъиян манъ кардани истифодаи телефонҳои мобилӣ дар мактабу муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ;

б) ба таври муттасил тарғиб намудани одоби истифодабарии онҳо.

2. Маълум аст, ки яке аз воситаҳои муҳими тарбия барои ҷавонон мутолиаи китобу маҷаллаҳои равияи гуногуни илмӣ ва бадеӣ ҳисоб меёбад. Дар муқоиса бо ду-се даҳсолаи пеш ин манбаи боэътимодтарини донишандӯзӣ қариб батамом аҳамияташро гум кардааст.

Хуб мешуд, ки тарғиби китобҳои арзишманди илмию бадеии ба тозагӣ таълифшуда, бештар ба роҳ монда шавад.

3. Ба рисолати таърихии дини мубини Ислом, ки ба таҳаммулпазирӣ, тарғиби адолату росткорӣ асос ёфтааст, нигоҳ накарда, аз тарафи баъзе аз пешвоёни навбаромади мазҳабии он даъватҳои оштинопазирӣ нисбат ба равияҳои дигари аз диди онҳо мухолиф ҷиҳод эълон кардан дар ҷаҳони имрӯза ба ҳукми анъана даромадааст. Ба расонаҳои хабарӣ такя карда, доир ба ин даъватҳо гаравидани ҷавонони тоҷик ва дар ин роҳ ҷони худро дареғ надоштани онҳо метавон мисолҳои зиёде овард. Ин вазъ водор месозад, ки ҳар чӣ бештар аз тарафи донишмандон, мутахассисони соҳаҳои гуногуни илм ва муассисоти динӣ байни ҷавонон тарғиботи воқеъбинона ба роҳ монда шавад.

4. Дар шароити кунунӣ, ки дар  Осиёи Миёна таърихомӯзӣ то андозае ҷанбаи сиёсӣ пайдо кардаасту баъзе аз сарварони давлатҳои ҳамсоя кӯшиши зиёде ба харҷ медиҳанд, ки «мақоми ҳалкунанда»-и халқи худро дар тамаддуни ин минтақаҳо бештар арзёбӣ намоянд, канорагирӣ намудан аз таҳлили амиқи хулосабардории бепояи онҳо маънии хиёнат ба арзишҳои таърихии халқи тоҷикро дорад. Ба тамоми таърихшиносони дунё мақоми ҳалкунандаро соҳиб будани бошандагони азалии минтақа — тоҷикон, ки дар саргаҳи тамаддуни он қарор доштанд, аён аст.

5. Дар тарбияи ахлоқии ҷавонон, на фақат дуруст муайян намудани самтҳои илмӣ ва воситаҳои ҳадафраси онҳо, инчунин идеологияи барои онҳо боварибахшро таҳия кардан лозим аст. Хушбахтона, чунин дурнамои идеологӣ, ки маҳаки онро бунёди ҷомеаи воқеан демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ташкил мекунад, аз тарафи Сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарҳрезӣ шудааст.

6. Ба тарбияи ахлоқӣ ниёз доштани ҷавонон дар тақлидкорӣ ва бегонапарастии бархе аз онҳо зоҳир мегардад. Аз қадимулайём либоспӯшии халқи муқимӣ барои қабоили кӯчӣ чун намунаи бебаҳс қабул шудааст. Либоси шинами тоҷикон мавриди истифодаву тақлид қарор мегирифт. Ба ҷои нигаҳдошти ин ифтихори анъанавӣ ба тарзи либоспӯшии  барои миллати мо носозгор  равона ҳастем. Дар баъзе ҳолатҳо иддае аз ҷавонон аз тариқи либоспӯшӣ ва ришмонӣ ба кадом ҷараёни мазҳабӣ ё динситезӣ мансубият доштани худро намоиш медиҳанд.  Ин ҷавонон бояд донанд, ки либоси зебо, шинаму одӣ нишондиҳандаи сатҳи инсонгарӣ ва ахлоқӣ ба ҳисоб меравад.

7. Беэътиноӣ нисбат ба забони ноби тоҷикӣ низ намоишгари қубҳи ахлоқист. Имрӯзҳо сари ҳар қадам ба гуфтори ҷавонон гӯш дода, аз рӯи гӯиш ва лаҳҷа, аз кадом ноҳия ё минтақа будани онҳоро муайян намудан мушкилие надорад. Гузашта аз он, касе, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бо ин забон бо овози баланд ҳақорат додан ё таҳқир кардани дигаронро раво мебинад, аз ахлоқи ҳамидаи тоҷикон фарсахҳо дур будани худро намоиш медиҳад.

8. Нишондиҳандаҳои ишорашударо чун нуқси ахлоқии ҷавонон маънидод намуда, таъсири воситаҳои ахбори  оммаи имрӯзаи ҷумҳурӣ — радио ва телевизион, рӯзномаю маҷаллаҳои давриро наметавон сарфи назар намуд. Воситаҳои ахбори омма на танҳо манбаи ахбори илмию фарҳангии рӯзмарра, инчунин омили таъсиррасони беҳтарини ахлоқӣ низ ба шумор мераванд. Мутаассифона, онҳо на дар ҳама маврид ин рисолати худро таври нишонрас иҷро мекунанд. Дар рӯзномаю маҷаллаҳо  баъзе маврид гуногунбаёнии имлоӣ, тақлидкории ноҷо ва истифодаи бемавқеи ибораҳои форсии асримиёнагӣ ва арабӣ хеле зиёд ба мушоҳида мерасад. Табиист, ки ба фаҳми ин ибораву мафҳумҳо нарафта, ҷавонон аз мутолиаи матолиби рӯи чопомада канорагирӣ мекунанд.

Дар ин замина, дар ҷумҳурӣ ҳар чӣ бештар бо ҷойи кор таъмин намудани ҷавонон, кам шудани шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ,  маънои ҷиддан ба маҷрои тарбияи анъанавии ахлоқӣ кашидани онҳоро дорад.

Мунир ПИРУМШОЕВ, номзади илмҳои таърих