Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Николас Ҳейсом

№136 (3437) 15.10.2015

12138562_910585845678269_2504671278650131477_oСездаҳуми октябри соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон намояндаи махсуси дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба Афғонистон Николас Ҳейсомро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили рушди ҳамкории Тоҷикистон бо ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ баррасӣ шуд.

Дар оғози суҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чунин иброз дошт: «Итминони комил дорам, ки бо саъю талоши муштарак мо метавонем барои таъмини субот, сулҳ ва пешрафт дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мусоидат намоем».

Николас Ҳейсом бо ҷонибдорӣ аз мавқеи устувори Тоҷикистон барои ҳалли вазъи сиёсӣ дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба нақш ва саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мусоидат дар таъмини амну субот дар Афғонистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ, инчунин мусоидати он ба неруҳои байналмилалии посдори сулҳ баҳои баланд дода, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбари ташаббускор барои талошҳои созанда аз номи роҳбарияти Созмони Милали Муттаҳид арзи сипос намуд.

Масоили вобаста ба дастгирии рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон низ яке аз мавзӯъҳои муҳими суҳбат буд. Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид дошт: «Ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд кумакҳои молиявӣ, моддӣ ва техникии худро ба Афғонистон, пеш аз ҳама, барои эҳёи иқтисодиёти ин кишвар, рушди бахши иҷтимоии он ва эҷоди ҷойҳои нави корӣ афзун намояд».

Бо ёдоварӣ аз татбиқи лоиҳаҳои CASA-1000 оид ба интиқоли барқ  аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон, бунёди роҳи оҳани Тоҷикистон — Афғонистон-Туркманистон ва робитаҳои васеи тиҷоратию транзитӣ бо Афғонистон изҳор гардид, ки Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони хориҷии худ ба рушди иҷтимоию иқтисодии ин кишвари ҳамсоя мусоидати фаъол мекунад. Ҳамчунин аз ҳамкории босамари сохторҳои қудратии Тоҷикистону Афғонистон дар мубориза бо терроризму ифротгаройӣ ва омодасозии кадрҳои низомии афғон дар Тоҷикистон бо қаноат ёдоварӣ шуд.

Дар мулоқот ҳамчунин доир ба масъалаҳои дигари минтақавию ҷаҳонӣ, аз ҷумла андешидани чораҳои пешгирикунанда аз таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯи судманд сурат гирифт.

www. president.tj