МУЛОҚОТИ ШУКУРҶОН ЗУҲУРОВ БО АКБАР АЛӢ ПЕСНАНИ

№64 (3544) 19.05.2016

DSC_135417 майи соли 2016 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров  намояндаи дипломатии Ташкилоти Оғохон оид ба рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Акбар Алӣ Песнаниро бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфт.

Шукурҷон Зуҳуров изҳори қаноатмандӣ намуд, ки тайи солҳои охир лоиҳаҳои зиёде бо ҷалби сармояи ин созмони бонуфуз амалӣ шуда истодаанд.

- Мардуми Тоҷикистон, — гуфт Шукурҷон ­Зуҳуров, — кумакҳои башардӯстонаи ин Хазинаи Оғохонро солҳои нахустини соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҳаргиз фаромӯш намекунад. Пулҳо, ки дар минтақаи ВМКБ сохта шуда, Тоҷикистону Афғонистонро бо ҳам мепайванданд, яке аз беҳтарин намунаҳои ҳамкории ин созмон бо Тоҷикистон мебошад. Эъмори бузургтарин Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе, ки пойдевори онро ҳанӯз соли 2003 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Оғохони IV гузошта буданд ва сохтмони Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ аз кумакҳои дигари ин созмони бонуфуз ба ҳисоб меравад.

Шукурҷон Зуҳуров аз густариши ҳамкориҳо дар самти маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, тандурустӣ, фарҳанг, энергетика, обрасонӣ, нақлиёту коммуникатсия ва дигар бахшҳо, ки аз ҷониби Хазинаи Оғохон сармоягузорӣ мешаванд, изҳори қаноатмандӣ кард.

Акбар Алӣ Песнани  дар навбати худ паёми  Шоҳзода Карим Оғохони IV-ро ба Шукурҷон Зуҳуров расонида, иброз намуд, ки солҳои нахуст Хазинаи Оғохон умдатан машғули ироаи кумакҳои фаврӣ ба сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон буд.

- Ҳоло бошад, хазина  фаъолияти худро дар тамоми манотиқи Тоҷикистон ҷоннок намудааст. То кунун дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва кишоварзӣ корҳои назаррасеро ба сомон расонидаем ва мардуми Тоҷикистон аз роҳандозии барномаҳои мо хеле шоданд, — гуфт дар анҷоми мулоқот Акбар Алӣ Песнани.

 Шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон