Дар партави Паёми Президент

Муоинаи пешакии тиббӣ – кафолати оилаи солим

№38 (3339) 16.03.2015

Мо — мӯйсафедон Паёми солонаи Президенти кишварро хонда, аз иқдомҳои ҳидояткунандаи он муҳимтарин ҷанбаҳои ҳаёти иқтисодӣ, сиёсӣ, маънавиро дарёфтем.

Яке аз масъалаи муҳиме, ки дар Паём зикр шуд, вайроншавии оилаҳои ҷавон мебошад. Аз таҷрибаи кориам мегӯям, ки сабаби ин ҳолат омода набудани ҷавонон ба зиндагонии мустақилона мебошад. Навхонадорон ба андак мушкилот тоб наоварда, роҳи наҷотро дар ҷудошавӣ мебинанд.

Падару модарон фарзандонро аз хурдӣ мустақил кор карданро намеомӯзонанд. Ба тарбияи фарзандон аз хурдӣ аҳамият намедиҳанд. Ба писарон роҳҳои мустақил анҷом додани корҳои хоҷагиро намеомӯзонанд. Ба духтарон корҳои рӯзғордорӣ, пухтупаз ва ғайраро нафаҳмонда, аз кор фармудани онҳо худдорӣ мекунанд. Писару духтаронро дилсӯзӣ намуда, эрка тарбия менамоянд.

Омили дигар беаҳамият будани падару модар аст. Масалан, бача касалии ҷинсӣ дорад, аммо волидайн ба фарзанди хурдсол аҳамият намедиҳанд ва ҳамон касалӣ то издивоҷкунии фарзанд табобат намешавад.

Писар, ки калон шуд, шарм намуда, ба касе дардашро намегӯяд. Замоне, ки оиладор мешаванд, келин ду-се сол дар хонаи шавҳар истода, дар охир баромада меравад.

Духтарон ҳам аз хурдӣ ба касалиҳои занона гирифтор мешаванд. Бо ҳамон касалӣ ба шавҳар мебароянд. Касалӣ аллакай куҳна шуда, табобаташ имконнопазир шудааст. Падару модари шавҳараш ё худи шавҳараш ба ҷойи табобат баръакс, ба назди мулло, табиб ва бахшӣ мебаранд.

Аз тарбия дур мондани фарзандон, қонуншиканӣ аз ҷониби ноболиғон, содир шудани ҷиноятҳо нисбат ба занон, хиёнат дар оила сабабҳои асосии хонавайроншавии оилаҳо мегардад.

Биноан, пешниҳоди Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба муоинаи ҳатмии пешакии тиббии издивоҷкунандагон ва пешгирӣ намудани никоҳи байни хешовандони наздик муҳиму саривақтӣ мебошад.

Ҳоҷӣ Олим АЛИМОВ, нафақахӯр