Мушкиле, ки онро бояд бетаъхир бартараф намоем

№106 (3900) 30.08.2018

Масъалаи партовҳои сахти маишӣ ва таъсири он ба муҳити зист солҳои охир боиси ташвиши на танҳо экологҳо, балки ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст. Вобаста ба рушди техникаю технологияҳои нав партовҳо низ рӯ ба афзоиш оварда, боиси ифлосшавии муҳити зист ва бад шудани саломатии одамон мегарданд. Дар робита ба ин, бо сардори шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин ва муомилот бо партовҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зист Мақсадулло Мардонов ҳамсуҳбат шудем.

waste-management- Дар ҷумҳурӣ 69 партовгоҳи  фаъоли партовҳои сахти маишӣ мавҷуд мебошад. Мутаассифона, аз он 6 ададаш пурра ба расмият дароварда нашуда, дар 7 адади он муҳлати амали иҷозатномаи муомилот бо партовҳои хатарнок гузаш­тааст, — иброз намуд ҳамсуҳбатам.

Дар бахши идоракунии партовҳои сахти маишӣ аз ҷониби Бонки аврупоии таҷдид ва рушд  шаш лоиҳа амалӣ шуда истодааст. Бо вуҷуди тадбирандешиҳо, муомилот бо партовҳо боиси нигаронӣ аст ва дар баробари паст будани маърифати экологии одамон, партовгоҳҳо низ дар ҳолати ногувор қарор доранд. Ин андешаи моро М. Мардонов тасдиқ карда гуфт:

- Идоракунии партовҳои сахти маишӣ  дар ҷумҳурӣ беҳтар шуда бошад ҳам, мутаассифона, дар бисёр шаҳру ноҳияҳо масъулони соҳа партовгоҳҳоро ба ҳоли худ гузошта, нисбат ба камбудиҳои ҷойдошта чораҳои зарурӣ намеандешанд. Масоҳати умумии партовгоҳҳо  зиёда аз 300 гектарро ташкил медиҳад, вале партовгоҳҳои аксар шаҳру ноҳия ба талаботи санитарию экологӣ ҷавобгӯй нестанд. Атрофи партовгоҳҳо кушода буда, назорати давлатии мақомоти маҳаллии ҳифзи муҳити зист мувофиқи талабот ба роҳ монда нашудааст.

Аз раванди суҳбат ва мушоҳидаҳо бармеояд, ки  дар шаҳру деҳоти кишвар партовҳо ба намуд­ҳо ҷудо карда намешаванд. Ҳол он ки анҷоми ин тадбир барои коркард ва кам кардани зарари партовҳо шарти аввалиндараҷа мебошад. Проблемае, ки имрӯз тамоми ҷаҳонро ба ташвиш овардааст, ин партовҳои пластикӣ ба ҳисоб меравад. Бисёр давлатҳои мутараққии ҷаҳон аз истифодаи маҳсулоти пластикӣ даст кашида истодаанд. Барои пӯсидани партовҳои плас­тикӣ садсолаҳо лозим аст, Ташкилоти умумиҷаҳонии ҷамъиятии «Барои табиат»  ба хулосае омадааст, ки ҳар сол бисёр ҷонварони обӣ, парандаҳо ва ҳайвоноти ширхӯр аз фурӯ бурдани партовҳои пластикӣ нобуд мешаванд. Мутахассисон дар ин бобат чӣ андешаю пешниҳод доранд? Вобаста ба ин савол Мақсадулло Мардонов чунин посух дод:

- ҷиҳати ҳалли мушкилоти пешомада зарур аст, ки аз таҷҳизоти безараргардонии ҳозиразамон истифода бурда, барои коркарди дубораи  партовҳои пластмассие, ки дар партовгоҳҳо ҷамъ шудаанд чораҳои зарурӣ андешем. Ҳамчунин, зарур аст, ки аз истеҳсол ва истифодаи зарфҳои пластикӣ давра ба давра даст кашем. Ба ҷойи он, ба истифодаи халтаҳои латтагин ё коғазӣ гузаштан саривақтӣ аст. Аз тарафи дигар, зарари он ба табиат нисбат ба ашёи пластикӣ чанд маротиба камтар мебошад. Мардум метавонанд ҷиҳати аз байн бурдани проблема дар ҳар як хонадон аз матоъҳои зиёдатӣ ё коғаз борхалта дӯхта, барои хариди маҳсулот аз бозор ва мағоза истифода барад. Ё ин ки занҳои хонанишин метавонанд дар шароити хона халтаҳоро тайёр намуда, ба фурӯш бароранд. Ин кор боис мегардад, ки ҷойҳои кории нав ташкил шуда, вазъи иқтисодии хонаводаҳо беҳтар гардад.

Беза­раргардонии лампаҳои симобдор низ аз масъалаи муҳим ба шумор меравад. Тавре маълум аст, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2011, таҳти № 97 «Дар бораи тадбирҳо оид ба ташкил намудани системаи безараргардонии ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, интиқол ва коркарди лампаҳои симобдор» қарор қабул карда буд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар доираи салоҳият барои дар амал татбиқ намудани қарори мазкур 1763 адад нуқтаи қабули лампаҳои каммасрафи симобдори  аз истифода баромадаро ташкил кард. Дар онҳо аз аҳолӣ ва корхонаҳо лампаҳои аз истифода баромада қабул карда мешаванд. Миқдори лампаҳои ҷамъоваришуда 3100250 ададро ташкил медиҳад. Ҷоиз ба зикр аст, ки барои риоя накардани талаботи қарори мазкур 48 нафар ба маблағи 10250 сомонӣ ҷарима шудаанд.

Солҳои охир ба «бозори партовҳои сахти маишӣ» партовҳои электронӣ низ ворид гардидаанд. Асбобҳои электронии аз истифода баромада ҳам ба навъҳо ҷудо нашуда, ба партовгоҳҳои сахти маишӣ партофта мешаванд. Ҳол он ки як батареяи телефони мобилӣ, ки аз истифода баромадааст, ҳангоми ба муҳит афтиданаш 400 литр об ва 20м2 заминро заҳролуд мегардонад.

Тавре дар раванди суҳбат маълум гардид, дар мавриди безарар гардонидани партовҳо низ тадбирандешиҳо нокифоя аст. Соли 2017 барои ҷамъоварии партовҳои электронӣ як соҳибкор иқдом гирифта буд, аммо аз сабаби вазъи молиявӣ фаъолиятро муваққатан боздошт. Дар ҷумҳурӣ 26 сехи коркарди дубораи партовҳо — дар шаҳри Душанбе 18 адад, ­ноҳияи Рӯдакӣ-4 ва шаҳри Ваҳдат 2 адад ба қайд гирифта шудааст, ки аз он 9 адад барои коркарди пластика, 7 адад коркарди коғазпора, 8 адад коркарди металҳои сиёҳу ранга ва 2 адад коркарди пӯст пешбинӣ шудаанд. Зикр кардан бамаврид аст, ки сехҳо на он қадар калон мубошанд ва талаботи имрӯзаро қонеъ гардонида наметавонанд.

Мушкилоти дигар  партовҳои бесоҳиб дар маҳалҳо ва сари вақт набаровардани онҳо ба партовгоҳҳо мебошад. Шарҳи мухтасари ин масъаларо низ аз ҳамсуҳбатам пурсидам ва ӯ чунин посух дод:

- Аз тарафи мутахассисон соли 2017 зиёда аз 200 ва соли 2018-ум 43 нуқтаи ҷойгиронии партовҳои бесоҳиб ошкор ва ба мақомоти маҳаллӣ барои чораандешӣ мактуб пешниҳод гардид.

Маълум мешавад, ки проблемаи  бавуҷудомада хеле ҷиддӣ буда, таваҷҷуҳи хосаи масъулону мутахассисон, олимони соҳа, вазорату идораҳои марбута ва аҳли ҷомеаро тақозо менамояд.

Бурҳониддин КАРИМЗОДА, «Садои мардум»