Волоияти қонун

Мустақилияти мақомоти судии Ҷумҳурии Тоҷикистон беҳтарин арзёбӣ шуд

№№ 137-138 (3438-3439) 17.10.2015

Ҳанӯз аз рӯзҳои аввали давлатдории Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақвияти фаъолияти ҳокимияти судӣ яке аз самтҳои асосии сиёсати давлатӣ эътироф ва интихоб шуда, дар ин самт иқдомоти зиёде амалӣ шуданд. Тавре ҳамватанони азиз иттилоъ доранд, бо мақсади таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ 5-уми январи соли 2015 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи нави ислоҳоти судӣ — ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015 — 2017 тасдиқ гардид. Татбиқи барномаи мазкур барои боз ҳам устувор шудани сохтори мақомоти судӣ ва пешрафту пурсамар гардидани фаъолияти онҳо, таҳкими ҳамкории мақомоти судӣ бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳамчунин ҷиҳати иҷрои санадҳои судӣ такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.

Ба ин масъала таваҷҷуҳи хоса зоҳир намудани Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бесабаб нест, зеро фаъолияти суд бо инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ пайванди ногусастанӣ дорад. Дар моддаи 84-уми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки «Ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ мегардад. Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодиҳои инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд». Мутаассифона, баъзе «ҷанобон» дар заминаи аҳдофи муғризона ва ноогоҳиашон аз моҳияти масъала андешаҳоеро баён менамоянд, ки гӯё мустақилияти мақомоти судӣ дар мамлакат таври бояду шояд фароҳам нест. Манзури ин нафарон аз ироаи чунин ҳарзаҳо ҳоҷат ба шарҳу эзоҳи зиёдатӣ надорад ва мақоли халқии «дарди кампир ғӯза»-ро ба ёд меорад. Яъне, ин нафарон мехоҳанд, ки  бо вуҷуди роҳ додан ба қонуншиканиҳои зиёд ва дар чоҳи гуноҳу фисқу фуҷур ғӯтавар буданашон бояд ягон мақомот, аз ҷумла мақомоти судӣ «пишакашонро пишт  нагӯяд».

Боиси хурсандист, ки дар арсаи байналмилалӣ ташкилоту созмонҳои бонуфузе ҳастанд, ки «пойбанд»-и ягон идеология ва сиёсат набуда, баҳогузориро ба масъалаҳои дахлдор мунсифона амалӣ менамоянд. Далели возеҳи ин гуфта гузориши  Анҷумани ҷаҳонии иқтисодӣ (WEF ) мебошад, ки  сатҳи мустақилияти судҳо дар 140 кишвари ҷаҳонро баҳогузорӣ карда,  мақомоти судии  Ҷумҳурии Тоҷикистонро  аз лиҳози мустақилият дар миёни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  беҳтарин арзёбӣ намудааст. Анҷумани мазкур дар заминаи таҳлили амиқу доманадор  Ҷумҳурии Тоҷикистонро миёни 140 кишвари дунё дар мақоми 58-ум ҷой додааст. Ин дар ҳолест, ки тибқи раддабандии Анҷумани фавқуззикр  Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҷои 72-юм, Ҷумҳурии Озарбойҷон дар мақоми 101-ум, Ҷумҳурии Арманистон дар зинаи 106-ум, Федератсияи Россия дар ҷойи 108-ум, Ҷумҳурии  Қирғизистон дар зинаи 109-ум ва Ҷумҳурии Украина дар мақоми 132 қарор доранд. Бо дарназардоштти нукоти зикргардида метавон гуфт, ки  мақомоти судии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди олии иқтисодӣ, Суди ҳарбӣ, Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе таркиб ёфтааст, бо дарки масъулияти баланди касбӣ ҷиҳати амалисозии адолати судӣ, таъмини волоияти қонун ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд ва ташкилотҳо фаъолияташонро дар сатҳи хуб ва сифати баланд пеш бурда истодаанд

 

Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум»