6-уми ноябр – Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нақши Конститутсия дар таҳкими мустақилияти судӣ

№130 (3767) 04.11.2017

DSC_0337Дар ҷодаи давлатдорӣ нақш ва мавқеи Конститутсия хеле муҳим аст, зеро он муайянкунандаи салоҳиятҳои мақомоти давлатӣ, иқтидори сиёсӣ ва кафолатдиҳандаи ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон мебошад.

Бинобар ин, баъд аз мустақил гардидан барои муайян намудани шаклу низоми идоракунӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур буд, ки Конститутсияи нав қабул намояд. Новобаста аз вазъияти бисёр ҳассосу душвори солҳои аввали навадуми асри гузашта, бо азму иродаву заҳматҳои беандозаи Сарвари мамлакат Эмомалӣ ­Раҳмон гурӯҳи корӣ лоиҳаи Қонуни асосиро омода ва пешниҳод намуд. 6 ноябри соли 1994 дар таърихи давлатдорӣ аввалин маротиба бо роҳи раъй­пурсии умумихалқӣ Конститутсияи кишвар қабул гардид ва ҷомеаи ҷаҳонӣ онро дар қатори панҷ конститутсияи беҳтарини дунё эътироф намуд.

Ба ғайр аз ин, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои хусусияти хоси ҳуқуқӣ буда, санади меъёрии ҳуқуқии устуворест, ки ҳеҷ як шахси мансабдор, ҳокимияти давлатӣ ва ё мақомоте, ки дар доираи меъёру муқаррароти он таъин, интихоб ё таъсис ёфтааст, наметавонад мазмуну муҳтавои онро тағйир диҳад. Ворид намудани тағйиру иловаҳо бо тартибе, ки он муқаррар намудааст, сурат мегирад. Тамоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ карда мешаванд. Риояву ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, волоияти қонун, мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, маҳаллӣ, худидоракунии маҳаллиро Конститутсия муайян карда, ба воситаи ҳокимияти судӣ ва аз ҷониби судҳо амалӣ гардидани онҳоро кафолат додааст.

Ҳамчунин, се шохаи ҳокимияти давлатӣ мустақиман дар мувофиқа бо муқаррароти Қонуни асосӣ фаъолият мекунанд. Ҳамчун Қонуни олии кишвар муайянкунандаи мазмуну мундариҷаи ҳама қонун мебошад.

Қобили тазаккур аст, ки дар таърихи ҷумҳурӣ ин аввалин санаде буд, ки ҳокимияти судиро ҳамчун рукни мустақили ҳокимияти давлатии танҳо ба Конститутсия ва қонун итоаткунанда эътироф кард. Инчунин, масъалаҳои вобаста ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон дар он мавқеи хосаро ишғол намуд.

Бо дарназардошти нақшу мавқеи ҳокимияти судӣ моддаи 84 Конститутсия чунин меъёрро пешбинӣ мекунад: «Ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ мегардад. Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд».

Инчунин, меъёри мазкур низоми судиро муқаррар намудааст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон адолати судиро Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Суди ҳарбӣ, Суди Вилояти Мухтори Кӯҳис­тони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе амалӣ мекунанд.

Қобили қайд аст, ки то қабули Конститутсия дар низоми судии кишвар баҳсҳои хоҷагидорӣ аз ҷониби мақомоти арбитражӣ ва судҳои ҳакамӣ баррасӣ мешуданд. Қабули Конститутсияи нави кишвар ба ислоҳоти судҳои иқтисодӣ заминаи воқеӣ гузошт. Тибқи муқаррароти конститутсионӣ Суди иқтисодӣ дар низоми судии мамлакат ворид карда шуд.

Принсипҳои мустақилияти судяҳо бо асосҳои зерин дар Конститутсия мустаҳ­кам карда шудааст:

- тартиби махсуси интихоб, таъин, озод ва бозхонд шудан;

- дахлнопазирии судя;

- амалӣ намудани адолати судӣ аз ҷониби судҳо ва танҳо дар асоси Конститутсия ва қонун;

- дар фаъолияти худ мустақил будани судяҳо ва манъи ҳама гуна дахолат ба фаъолияти судя дар амалӣ намудани адолати судӣ бо таҳдиди ҷавобгарӣ;

- ҷавобгарӣ барои беэҳтиромӣ нисбати суд, судя;

- ҳуқуқи ба истеъфо баромадан, бо хоҳиши худ ба кори дигар гузаштан, аз вазифа озод шудан, ба нафақа баромадан ва бозхонди судя;

- муҳайё намудани шароити ташкилӣ ва моддӣ-техникӣ барои фаъолияти судҳо;

- мувофиқи мақом аз ҳисоби давлат аз ҷиҳати моддӣ ва иҷтимоӣ таъмин намудани судя.

Конститутсия принсипҳои фаъолияти судиро муқаррар намуда, пеш аз ҳама, ба таъмини риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд равона гардидааст. Аз ҷумла, кафолати ҳифзи судӣ доштани шаҳрвандон. Ҳар шахс ҳуқуқ дорад талаб намояд, ки парвандаи ӯро суди босалоҳият, мустақил ва беғараз, ки тибқи қонун таъсис ёфтааст, баррасӣ намояд.Инчунин, баробарии шаҳрвандон дар назди қонун ва суд. Давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад. Дар судҳо ошкоро баргузор гардидани мурофиаи судӣ (ба истиснои мавридҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст, ки ин ҳолат ба дахлнопазирии фардӣ, амнияти давлату миллат ё фаъолияти тиҷоратӣ равона гардидаанд) ба ҳамон маънист.

Ба ғайр аз ин, ҳатмӣ будани иҷрои санадҳои судӣ, ки эътибори қонунӣ пайдо кардаанд, барои мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилоти ҷамъиятӣ, шахсони мансабдор, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳатмӣ буда, бояд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бечунучаро ба иҷро расонида шаванд. Иҷро накардан ва ё монеъ шудан ба иҷрои санадҳои судии эътибори қонунӣ пайдонамудаи суд тибқи тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси ҷавобгарӣ мегардад.

Дар маҷмӯъ, муқаррароти номбаршуда таъмини фаъолияти мустақилу холисонаи судро таҳким мебахшад.

Дар шароити ҷаҳонишавӣ муносибатҳои ҷомеа босуръат пеш меравад. Ва табиист, ки рушдёбӣ тақозо менамояд, ки вобаста ба он навигариҳое, ки дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии ҳар як кишвар ба миён меоянд, қонунгузорӣ низ такмил дода шавад.

Вобаста ба вазъияти ҷомеаи ҷаҳонӣ, афзун гардидани хатару таҳдидҳо аз ҷониби унсурҳои террористиву экстремистӣ бо мақсади ҳифз ва таъмини сулҳу суботи сиёсӣ, манфиатҳои миллату мустаҳкамии давлат, рушди бомароми иқтисодиёту иҷтимоиёт ва муҳайё намудани шароити арзанда барои шаҳрвандон зарурати такмили Қонуни асосӣ ба миён омада, меъёрҳои он низ такмил ёфтанд. Тағйиру иловаҳои ворид­гардида таҳкими мустақилияти судиро низ дар бар гирифта, барои гузаронидани ислоҳоти судӣ — ҳуқуқӣ замина гузошт.

Бобати иҷрои меъёрҳои Конститутсия се Барномаи ислоҳоти судӣ — ҳуқуқӣ тасдиқ гардида, мақомоти судӣ аз тобеияти ҳокимияти иҷроия бароварда, барои воқеан таъмин намудани мустақилияти он қадамҳои устувор гузошта шуд.

Дар ин раванд, баррасии масъалаҳои маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои шаҳрванд, ки Конститутсия ҳангоми пайдо шудани зарурат пешбинӣ намудааст, тибқи қонун ба салоҳияти мақомоти судӣ вогузор карда шуд.

Як қатор қонунҳое, ки фаъолияти судҳоро танзим менамоянд, аз ҷумла, Кодексҳои мурофиавӣ, Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» ва дигар санадҳои ҳуқуқӣ таҳия ва қабул шуданд, ки баҳри таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ, баланд бардоштани нақши суд дар ҷомеа ва таъмини рушди низоми қонунгузорӣ мусоидат мекунанд.

Инчунин, дар сохтори судӣ ниҳодҳои нав ҷорӣ карда шуд. Вобаста ба таъмин намудани ягонагӣ, мустақилӣ, волоияти қонун ва бо мақсади мукаммал гардонидани қонунгузории танзимкунандаи фаъолияти мақомоти судӣ Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таҳрири нав қабул гардид, ки муносибатҳоро марбут ба тарзи ташкил ва фаъолияти судҳои кишвар (ба истиснои Суди конститутсионӣ), вазифаҳои суд, мустақилияту дахлнопазирии судя, манъ будани дахолат ба фаъолияти суд, ҳатмӣ будани иҷрои санадҳои судӣ, таъмини фаъолияти ташкилӣ ва моддӣ — техникии судҳо ва ғайра дар бар мегирад.

Бо мақсади ба талаботи замон мутобиқ намудани танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ, тақозо мегардад, ки ба танзими қонунӣ ва кафолатҳои ҳифзи судӣ аҳамияти ҷиддӣ дода шавад, зеро рушду такомули муносибатҳои ҷамъиятӣ ва таҳкими кафолати ҳифзи судии онҳо барои инкишофу пешравии ҷомеа зарур мебошад.

Қаландарзода

Мавлуда Сатторӣ,

раиси Суди Олии иқтисодии

Ҷумҳурии Тоҷикистон