Оинаи каҷнамо

№72 - 73 (3866 - 3867) 12.06.2018

Абсурд ё сафсатахонӣ  як навъи мағзшӯӣ дар асри  муосир мебошад, ки аз тарафи ба ном озодандешон дар фазои иттилоотӣ, яъне шабакаҳои иҷтимоӣ,  тарвиҷ мешавад. Ин равандест, ки баъди ҷангҳои дохилӣ ва берунӣ дар рӯҳияи миллат ба вуҷуд меояд ва гурӯҳҳои манфиатхоҳ барои амалисозии ҳадафҳои ғаразнок аз он истифода мекунанд, то ҳамеша дар рӯҳияи мардум фазои ноумедиву худбохтагиро ба вуҷуд оварда, дар ҷомеа хаоси идоракунандаро созмон диҳанд.  Абсурд баёнест, ки гӯё дуруст мебошад ва ҳеҷ мухолифат дар он вуҷуд надорад, аммо рӯҳияи  нигоранда дар ҳоли бунбастиву маънобохтагӣ буда, дар ҳеҷ падидаи иҷтимоӣ маъно пайдо намекунад ва ситезаҷӯиву таноқузро талқин мекунад.   

 Ин «таҳлилгарони иҷтимоӣ» ва тасвиргарони воруна ҳамеша дар нигоришҳояшон ҷомеа ва кишвари худро ба пучӣ ва маънобохтагӣ баррасӣ месозанд, яъне ҳама чиз маънову арзиши худро бохтааст. Чунин ҳолатсозиҳо гоҳо худогоҳона ва гоҳо ғайри он дар зеҳни мардум аз тарафи дурӯғпароканони ҳизби террористии наҳзати ба ном исломӣ ва чандин «озодандешон» дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои интернетӣ интишор мегардад.

Барои он ки мо бо далел назарияи абсурдизмро, ки аз тарафи гурӯҳҳои ба ном «озодандеш» расонаӣ мешавад, ошкор созем ва дар бунбасти фикриву рӯҳӣ қарор гирифтани онҳоро исбот намоем, аввалан рӯ меоварем ба сомонаҳои наҳзатӣ ва мақолаҳое, ки дар он интишор мешавад. Онҳо дар сомона ва шабакаҳои фейсбукӣ ягон хабарро воқеӣ ва бидуни ғаразҳои пасипардагии худ расонаӣ наменамоянд ва дар номи мақолаву матлаб­ҳояшон ба ҷуз фитнаангезӣ ва бадномсозии чеҳраҳои миллӣ, дигар матлаб ё гуфтаеро наметавон пайдо кард. Яъне, агар ба моҳияти  матлаби онҳо таваҷҷуҳ намоем, ба ғайр аз дурӯғу фитна ва бадномсозии фарзандони миллат, ангехтани кинаву адоват дар байни ҷомеаву миллат дигар маъно ва моҳиятеро наметавон дарёфт. Роҳбарият ва аъзои фаъоли ин ҳизби хиёнатпеша бо фиребу найранг ва шайтанат дар бофтаҳои ҷомеа шакл гирифта, ба бадбахтии ҷомеаи тоҷик замина гузоштан мехостанд. Вақт нишон дод, ки  бадхоҳи миллат бо майдоншиниву тарвиҷи назарияи шаҳодат мардумро ба ҷанг кашонидааст.

Ба нависандаи матлабҳои наҳзатӣ суоле пеш меояд: Чаро маҳз «камбудиҳо» ва таҳриф сохтани воқеият дар гуфтаатон аст? Чаро ягон муваффақиятро чашми «ростбин»-и шумо ва шумо баринҳо намебинад? Ҳеҷ кас наметавонад инкор кунад, ки вазъи Тоҷикистони имрӯза аз рафтани шумо тамоман тағйир ва такмил ёфтааст ва амнияту оромии кишвар хеле беҳтар шудааст.

Хулоса, матолиби сомонаҳои фитнаангези наҳзатӣ саропо оинаи каҷнамост. Касофатии ин дурӯғпароканон ба фарзандони миллат осеб мерасонад, зеро дурӯғ гарчанде умри тӯлонӣ надорад, аммо зарар мерасонад ва доғест барои миллати тоҷик аз фарзандони нохалаф.

Ёралӣ Набиев