Қонун «Дар бораи боҷи давлатӣ» ба такмил ниёз дорад

№72 (4022) 22.06.2019

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, ки супоридани андоз ва пардохт­ҳое, ки қонун муайян кардааст, ҳатмист. Дар асоси ин меъёр Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ», ки тартиби аз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ситонидани боҷи давлатиро муқаррар ва танзим менамояд, қабул гардид.

Тибқи муқаррароти қонуни мазкур, боҷи давлатӣ пардохти ҳатмӣ барои анҷом додани амалиёти дорои аҳамияти ҳуқуқӣ ё додани ҳуҷҷатҳо аз ҷониби мақомоти ваколатдор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки барои анҷом додани амалиёти аҳамияти ҳуқуқидошта ва додани ҳуҷҷатҳо ба мақомоти ваколатдор, ки боҷи давлатиро меситонад, муроҷиат мекунанд, супорандагони боҷи давлатӣ ба ҳисоб мераванд.

Тибқи сархати 1 моддаи сеюми қонуни болозикр, аризаҳои даъво, аризаҳо (шикоятҳо, шикоятҳои кассатсионӣ ва назоратӣ), ки ба судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мешаванд, объектҳои ситонидани боҷи давлатӣ ба ҳисоб мераванд.

Мувофиқи муқаррароти қисми якуми моддаи 3 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикис­тон», низоми ҳокимияти судии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Суди ҳарбӣ, Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳис­тони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе ташкил медиҳанд.

Муқаррароти ду моддаи номбаршуда шаҳодати он аст, ки аз шикоятҳои кассатсионӣ ва назоратӣ, ки ба судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мешаванд, новобаста аз он ки ба кадом суд ва ба кадом марҳила пешниҳод шудааст, боҷи давлатӣ ситонида мешавад.

Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳалли масъалаи ба мурофиаи суд қабул кардани аризаи даъвогиро ба пардохти боҷи давлатӣ алоқаманд донистааст. Яъне, аризадиҳанда бояд ба аризаи даъвогӣ ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пардохти боҷи давлатиро замима намояд. Дар акси ҳол, чунин даъво беҳаракат мононда, ба аризадиҳанда барои пешниҳод намудани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пардохти боҷи давлатӣ муҳлат медиҳад. Агар дар муҳлати муқарраршуда оид ба пардохти боҷи давлатӣ ҳуҷҷати тасдиқкунанда пешниҳод нагардад, он гоҳ аризаи даъвогӣ пешниҳоднашуда ба ҳисоб рафта, ба аризадиҳанда баргардонида мешавад.

Дар судҳои юрисдиксияи умумӣ аз пардохти боҷи давлатӣ озод карданро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» танзим менамояд. Омӯзиши парвандаҳои гражданӣ ва оилавӣ дар марҳилаҳои кассатсионӣ ва назоратӣ нишон медиҳад, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» ба такмил ниёз дорад, зеро ба марҳилаҳои кассатсионӣ ва назоратии судҳои юрисдиксияи умумӣ шикоятҳо бе пардохти боҷи давлатӣ пешниҳод карда мешаванд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» (банди 8-уми қисми 3 -юми моддаи 4) ситонидани боҷи давлатӣ ва андозаи онро аз шикоятҳои кассатсионӣ ва назоратӣ нисбат ба ҳалнома ва қарорҳои суди иқтисодӣ, дар бораи қатъ намудани истеҳсоли парванда, бе баррасӣ мондани даъво, таъини ҷаримаҳои судӣ ва рад кардани додани варақаи иҷро пешбинӣ намудааст. Аммо дар қонуни мазкур аз шикоятҳои кассатсионӣ ва назоратӣ нисбат ба санадҳои судии юрисдиксияи умумӣ ситонидани боҷи давлатӣ ва андозаи он муайян нашуда, қонун тарафҳо оид ба парвандаҳо дар бораи бекор кардани никоҳро ҳангоми пешниҳоди шикояти кассатсионӣ аз пардохти боҷи давлатӣ озод намудааст.

Аз таҳлилҳои оморӣ бармеояд, ки ба марҳилаи кассатсионӣ ва назоратии судҳои юрисдиксияи умумӣ пешниҳоди шикоятҳо зиёд гардида истодааст. Дар ду соли охир аз рӯи парвандаҳои гражданӣ ва оилавӣ ба судҳои марҳилаҳои кассатсионӣ 4359 шикояти кассатсионӣ ва ба марҳилаҳои назоратӣ 6120 шикояти назоратӣ (дар маҷмӯъ 10479 шикоят) ворид гардидааст, ки аз онҳо умуман боҷи давлатӣ пардохт нашудааст. Бинобар ин, ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ», моддаҳои дахлдори КМГ Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва пешбинӣ кардани пардохти боҷи давлатӣ ҳангоми пешниҳоди шикоятҳои кассатсионӣ ва назоратӣ манфиатовар буда, харҷи давлатиро дар ин марҳилаҳои судӣ то андозае ҷуброн менамояд.

Инчунин, таҷдиди назар намудани андозаи боҷи давлатӣ, ки дар банди 1 қисми 2 моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» муайян шудааст ва мушаххас намудани номгӯйи даъвоҳо асосҳои ҳуқуқиро барои дуруст ҳисоб кардани маблағи ситонидашаванда ба вуҷуд меорад. Лозим ба ёдоварист, ки дар моддаи номбаршуда танҳо андозаи боҷи давлатии аз аризаҳои даъвогӣ ситонидашаванда нишон дода шуда, андозаи боҷи давлатӣ аз дигар намуди аризаю шикоятҳо муайян нест.

Дар ин раванд, бо дарназардош­ти тафовут дар маблағ, муайян кардани андозаи боҷи давлатӣ барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ (шахсони ҳуқуқӣ нисбат ба шахсони воқеӣ бояд маблағи бештар пардохт намоянд) таъмини адолати иҷтимоӣ хоҳад буд.

Ҳамчунин, ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» оид ба тартиб ва муҳлати баргардонидани боҷи давлатие, ки аз рӯи парвандаҳои судӣ ситонида шудаанд, зарур ва ногузир аст.

Боварӣ дорам, ки субъектҳои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ дар робита ба пешниҳодоти зикршуда тадбирандешӣ хоҳанд кард.

Рошиддин Қамарзодасудяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон