Қонун «Дар бораи ҳунармандӣ» ҳунармандонро боз ҳам рӯҳбаландтар кард

№104 (4054) 29.08.2019

DSC_4839Суҳбат бо раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода дар робита ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳунармандӣ»

- То ҷое иттилоъ дорем, таҳия, баррасӣ, қабул ва ҷонибдории лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳунармандӣ» марҳилаи нисбатан тӯлониро дар бар гирифт ва шумо аз оғоз то анҷом шоҳид будед. Зарурати мавриди амал қарор додани он дар чӣ зоҳир мешавад?

- Табиист, ки соҳаи ҳунармандӣ низ мисли дигар бахшҳо бе заминаи мукаммали меъёрӣ — ҳуқуқӣ рушд карда наметавонад. Аз ин рӯ, лоиҳаи қонун аз ҷониби мутахассисони кумита таҳия гардида, ҷонибҳои дахлдор, аз ҷумла, ҳунармандон низ дар ин раванд иштирок намуданд ва фикру андеша баён доштанд. Аз ҷониби субъектҳои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ — аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон талабот ва нозукиҳои қонунэҷодкунӣ пурра ба назар гирифта шуда, қабул ва ҷонибдорӣ шудани он самараи муносибати ҷиддӣ ва таҳлилу баррасии амиқу мӯшикофона аст.

Инчунин, эҳё, ҳифз, рушд ва тарғиби анъанаҳои таърихӣ ва бостонии ҳунармандӣ, фароҳам овардани заминаи мусоид барои рушди соҳа, тайёр намудани мутахассисон дар соҳаи ҳунармандӣ, дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ҳунармандон ва мусоидат барои ташкили ҷойҳои кории нав вазифаи асосии қонун ба ҳисоб меравад.

- Эътироф бояд кард, ки то мавриди амал қарор гирифтани он танзими ҳуқуқии соҳа ҷавобгӯи талабот набуд. Дуруст?

- Бо шумо ҳамфикрам. Воқеан, мақоми ваколатдоре, ки фаъолияти соҳаро пеш барад, назорат намояд ва барои рушди он мусоидат кунад, набуд. Қонун ин масъалаҳоро мушаххас намуда, тибқи муқаррароти моддаи 6, таъмини пешбурди сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳунармандӣ, муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳунармандӣ, имтиёзҳо барои соҳаи ҳунармандӣ, тасдиқи низомномаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба ҳунармандӣ, барномаҳои давлатӣ оид ба рушди ҳунармандӣ, тартиби пешбурди феҳристи ҳунармандӣ, номгӯйи касбҳои ҳунармандӣ ва таъсиси ҷоизаҳо дар соҳаи ҳунармандӣ ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳунармандӣ дохил мешаванд. Гузашта аз ин, мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳунармандӣ баҳри амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳунармандӣ, ҳамоҳанг сохтани фаъолияти субъектҳои ҳунармандӣ, ба роҳ мондани ҳамкорӣ ва шарикӣ бо субъектҳои дахлдори дохилӣ ва хориҷӣ, таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани лоиҳаи барномаҳои давлатӣ оид ба рушди ҳунармандӣ, пешниҳоди таклифҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъсиси ҷоизаҳо дар соҳаи ҳунармандӣ, гузаронидани конференсияҳо, намоиш — ярмаркаҳо ва озмунҳо вобаста ба ҳунармандӣ муваззаф аст.

- Таъсиси Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба ҳунармандӣ ба кадом хотир аст?

- Ин масъала дар моддаи 8-уми қонун муқаррар шуда, бо мақсади ҳамоҳангсозӣ ва мониторинги раванди амалисозии сиёсати давлатӣ оид ба ҳунармандӣ роҳандозӣ мешавад. Зеро таъмини рушди бемайлони соҳаи ҳунармандӣ аз якчанд мақомот вобаста мебошад, аз ин лиҳоз, таъсиси Шӯрои ҳамоҳангсозӣ муҳим ва ногузир аст.

- Ҳунармандӣ самти гуногунро дар бар мегирад. Дар қонуни нав кадоме аз онҳо муайян шудааст?

- Тибқи муқаррароти моддаи 5, кандакорӣ ва дуредгарӣ дар (бо) чӯб, коркарди металл, коғаз, дӯзандагӣ, коркарди матоъ, пӯст ва пашм, пазандагӣ, наққошӣ, рассомӣ, ҳайкалтарошӣ (пайкарасозӣ), сангтарошӣ, кулолгарӣ, шишакорӣ, гаҷкорӣ, заргарӣ, бофандагӣ, ресандагӣ, эҳёгарӣ ва ғайра самтҳои ҳунармандӣ эътироф гардидаанд. Дар маҷмӯъ, ҳунармандӣ гурӯҳбандӣ карда шуда, аз садҳо номгӯй таркиб ёфтааст.

- Субъекти ҳунармандӣ кист ва чӣ ҳуқуқ дорад?

- Моддаи 9-уми қонун муқаррар кардааст, ки субъекти ҳунармандӣ шахси воқеие мебошад, ки дар як ва ё якчанд самти ҳунармандӣ фаъолият менамояд. Тибқи талаботи моддаи 10, субъектҳои ҳунармандӣ метавонанд молу маҳсулоти ҳунармандӣ истеҳсол намоянд, онҳоро ихтиёрдорӣ кунанд, дар раванди истеҳсол ва иҷрои корҳои дигари дахлдор шогирд — омӯзишгирандагонро ҷалб намоянд, касбу ҳунарро ба шогирд — омӯзишгиранда ба таври инфиродӣ ё гурӯҳӣ тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзонанд, арзиши молу маҳсулоти тайёршуда, истеҳсолшуда ё эҷодшударо муайян намоянд. Илова бар ин, субъекти мазкур ҳуқуқ дорад аз имтиёзҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода намояд, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иттиҳодияҳо ташкил карда, ҷиҳати рушди соҳаи ҳунармандӣ ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳунармандӣ пешниҳод манзур намояд.

- Эълон намудани соли 2018 ҳамчун «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» муайян гардидани солҳои 2019-2021 таҳаввулоти чашмрас­ро дар соҳа ба вуҷуд овард. Бо хулоса аз сатҳу сифати чорабиниҳое, ки баргузор мегарданд, метавон гуфт, ки минбаъд сайёҳӣ ба яке аз бахшҳои муҳими иқтисодиёти мамлакат табдил меёбад?

- Бо ташаббус ва дастгириҳои ҳамаҷонибаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи сайёҳӣ ислоҳоти муҳим гузаронида шуданд, ки дар минтақа аввалин ва камназир аст. Ба вуҷуд овардани инфрасохтори сайёҳии ҷавобгӯ ба стандартҳои муосир, пешниҳоди имтиёзҳо, афзудани хатсайрҳо ва шаклҳои сайёҳӣ, беҳ гардидани шароити пазироии сайёҳон, эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, роҳандозии ҳуҷҷатгузории электронӣ барои сайёҳон ва монанди инҳо аз ҷумлаи дастовардҳо мебошанд.

Ҷумҳурӣ дар минтақа барои саёҳати экологӣ, кӯҳнавардӣ, табобатию солимгардонӣ, таърихию фарҳангӣ ва этнографӣ бузургтарин иқтидорро доро мебошад. Ин хулоса ва назари сайёҳону намояндагони созмонҳои байналмилалӣ мебошад.

Муҳимтар аз ҳама, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таҷрибаи бузург барои ҷалби сармоя ба соҳаи сайёҳӣ аввалан самтҳои афзалиятноки онро муайян карда, ба он имтиёзҳо ҷудо намуданд. Дар марҳилаи аввали рушд бахши хусусиро барои сармоягузорӣ ҳавасманд гардонида, барои обод намудани мавзеъҳои сайёҳӣ заминаҳои зарурии иқтисодӣ ва ҳуқуқиро фароҳам оварданд. Пас аз гузаштани фосилаи муайяни вақт (аз 2 то 4 сол) онҳо ба манбаи муҳими воридоти асъори хориҷӣ табдил хоҳанд ёфт.

Илова бар ин, бо ташаббуси Пешвои миллат ширкатҳои сайёҳӣ дар панҷ соли аввали фаъолият аз андози фоида озод карда шуданд. Имтиёзҳо самараи хуб ба бор оварда, соли 2018 ва дар шаш моҳи соли ҷорӣ зиёда аз 115 ширкати нави сайёҳӣ таъсис ёфт ва ба бозори сайёҳии мамлакат ворид гардиданд. Дар маҷмӯъ, шумораи ширкатҳои сайёҳӣ ба 180 адад расида, ҳавасмандии аҳолӣ барои фаъолият тадриҷан меафзояд.

Бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон воридоти таҷҳизоту техника ва масолеҳи сохтмонӣ барои бунёди иншооти инфрасохтори сайёҳӣ аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда шуда, боҷи гумрукӣ барои воридоти автомашинаҳои нав бо мақсади сайёҳӣ 50 фоиз коҳиш дода шуд. Бо мақсади татбиқи пурра ва самараноки имтиёзи мазкур бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйхати иншооти сайёҳие, ки барои бунёди онҳо воридоти таҷҳизоту техника ва масолеҳи сохтмонӣ аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд, тасдиқ гардид. Ба номгӯйи иншооти мазкур, аз ҷумла, меҳмонхонаҳо, меҳмонхонаҳои махсус (хурд, гестҳаус, ҳостел), осоишгоҳҳои табобатӣ, истироҳатгоҳҳо, фароғатгоҳҳо, марказҳои хизматрасонии маҷмӯии сайёҳӣ (маҷмааи сайёҳӣ), нуқтаҳои хизматрасонии маҷмӯии сарироҳӣ (мотел), боғҳои фарҳангию фароғатӣ, мавзеъҳои фарҳангию таърихӣ ва динӣ (осорхонаҳо, зиёратгоҳҳо, иншооти таърихӣ), инфрасохтори моҳигирӣ ва шикор бо мақсади сайёҳӣ, тарабхонаҳои дорои бренди байналмилалӣ, марказҳои истеҳсоли маҳсулоти ҳунармандӣ, пойгоҳҳои махсуси мутобиқгардонии минтақаҳои баландкӯҳ барои сайёҳон, маҷмааи сайёҳию лижаронӣ, марказҳои омӯзишӣ барои кӯҳнавардӣ, лижаронӣ, роҳбаладӣ ворид карда шуданд.

Фароҳам овардани имтиёзи андозию гумрукӣ ҳавасмандии соҳибкоронро боз ҳам зиёд намуда, дар заминаи онҳо алҳол 12 лоиҳаи инфрасохторӣ дар самтҳои бунёди маҷмааҳои сайёҳӣ, боғҳои фарҳангию фароғатӣ, роҳи танобӣ, меҳмонхонаву осоишгоҳ ва дигар иншооти сайёҳӣ бомаром идома доранд.

- То ҷое иттилоъ дорем, бо дастури Пешвои миллат бори нахуст «Стратегияи рушди сайёҳӣ дар ҷумҳурӣ барои давраи то соли 2030» ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегия барои солҳои 2019-2022 қабул гардид. Ҳадаф аз он дар чист?

- Стратегия дар се давра, ки ҳар яке чор солро дар бар мегирад, амалӣ ва ба самтҳои афзалиятноки рушди соҳаи сайёҳӣ таваҷҷуҳ зоҳир хоҳад шуд.

Тибқи он, бори нахуст нишондиҳандаҳои рушди бахши сайёҳӣ — шумораи сайёҳони воридшуда, саҳми соҳа дар ММД, таъсиси ҷойҳои корӣ, маҷмӯи сармоягузориҳо, миқёси хизматрасониҳо дар соҳаи сайёҳӣ, шумораи субъектҳои инфрасохтори сайёҳӣ ва мавқеи байналмилалии Тоҷикис­тон дар соҳаи сайёҳӣ муайян шуданд.

- Шумо аз дастгириву таваҷҷуҳи хосаи Пешвои миллат ба соҳа ёдовар шудед. Он чӣ натиҷа ба бор овард?

- Соли 2018 шумораи сайёҳони хориҷӣ ба як миллиону 155 ҳазор нафар расид, ки нисбат ба як соли пеш 2,6 маротиба зиёд аст. Дар шаш моҳи соли ҷорӣ зиёда аз 550 000 нафар сайёҳ аз ҷойҳои сайёҳии Ватанамон дидан намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта наздики 25 фоиз зиёд аст.

Лозим ба ёдоварист, ки соли гузашта теъдоди сайёҳони дохилӣ низ тамоюли афзоишро касб карда, 751 000 нафарро ташкил дод. Саҳми соҳа дар ММД ба 2,1 фоиз расида, шумораи кормандони субъект­ҳои хизматрасонии сайёҳӣ 4378 нафарро ташкил намуд, ки назар ба соли 2017-ум 1679 нафар афзудааст. Даромад аз хизмат­расонии сайёҳӣ соли гузашта 214 миллиону 36 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2017-ум 65,2 миллион сомонӣ зиёд аст.

Ташаббус ва дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис гаштанд, ки соли 2018 Тоҷикистон дар раддабандии созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва шабакаҳои хабарии ҷаҳон мавқеи намоёнро соҳиб шуд. Барои мисол, кишвар дар раддабандии Ташкилоти байналмилалии «British Backpacker Society» аз рӯи имкониятҳои саёҳати саргузаштӣ ва пиёдагардӣ ба даҳгонаи аввали кишварҳои беҳтарини ҷаҳон шомил шуда, мавқеи 7-умро ишғол намуда, Департаменти давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷумҳурии Тоҷикистонро яке аз мамлакатҳои барои саёҳат амну бехатар арзёбӣ кард. Боиси ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ аст, ки дар Намоишгоҳи ҷаҳонии сайёҳии «ITB Berlin — 2018» маросими супоридани ҷоизаи «100 самти беҳтарин пешоҳангони глобалӣ дар ҳифзи фарҳанги миллӣ, анъана ва ҷалби мардум ба соҳаи туризм дар соли 2018» баргузор гардида, минтақаи баландкӯҳи Бадахшони Тоҷикистон ба ин садгона ворид ва дар минтақаи Осиё ва уқёнуси Ором ҷои аввалро сазовор шуд.

Тибқи арзёбии Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ, Тоҷикистон соли 2018 аз рӯи афзоиши шумораи сайёҳон дар ҷаҳон ҷои аввалро ишғол намуд ва тибқи иттилои ин созмони бонфузи байналмилалӣ он 190 фоизро ташкил намуд.

Чунин далелҳо зиёд буда, бино ба натиҷаҳои назарпурсии Агентии таҳлилии «ТурСтат»-и Россия, шаҳри Душанбе ба қатори даҳ шаҳри дар айёми баҳор ва тирамоҳ барои сайёҳӣ муносиби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шомил гардид. Дар баробари ин, Душанбе ба узвияти Федератсияи умумиҷаҳонии шаҳрҳои сайёҳӣ пазируфта шуд.

Бо дарназардошти ин, кормандони соҳаи сайёҳии мамлакат дар ҷавоб ба ғамхориҳои Сарвари давлат тамоми неру ва имкониятро баҳри татбиқи ҳадафҳои гузоштаи Пешвои миллат равона хоҳанд намуд.

- Бо дарназардошти таҷрибаи ҷаҳонӣ метавон гуфт, ки тарғибу ташвиқ яке аз рукнҳои асосӣ ва таҳрикбахши рушди соҳа аст. Оё дар ин самт чӣ пешравиҳо ба назар мерасанд?

- Бо мақсади инъикоси захираҳои сайёҳии мамлакат дар хориҷи кишвар, пресс-тур барои намояндагони воситаҳои ахбори оммаи кишварҳои хориҷӣ, инчунин, барои роҳбарон ва намояндагони агентиҳои иттилотии давлатии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил роҳандозӣ шуд. Ташкили пресс-тур барои ВАО аз 11 кишвари Аврупою Осиё, лоиҳаи «Digital Silk Road» барои намояндагони ВАО-и Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Федератсияи Россия, таҳияи барномаҳои сайёҳӣ аз ҷониби шабакаҳои телевизионии KBS — Кореяи ҷанубӣ, «НТВ»-и Россия аз корҳои дигари дар ин самт амалӣ шудаанд.

Ба ғайр аз ин, дар сомонаҳои интернетии агентиҳои иттилоотии кишварҳои ИДМ, аз ҷумла, ТАСС, УзА, «Кабар» ва дигар кишварҳои ИДМ матолиби таваҷҷуҳбарангез оид ба имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон нашр ва пахш шуданд. Сомонаи (портали) миллии сайёҳӣ бо 7 забон — тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, олмонӣ, испанӣ, японӣ ва фаронсавӣ мавриди истифода қарор дошта, дар шабакаи интернет фаъол шуда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла, Ютуб, Фейсбук, Инстаграм саҳифаи Кумитаи рушди сайёҳӣ фаъол аст.

Дар маҷмӯъ, минбаъд низ ба ин масъала бештар таваҷҷуҳ зоҳир намуда, аз тамоми имконият самаранок истифода хоҳем кард.

Мусоҳиб Далер Мерганов, «Садои мардум»