Қонуне, ки барои он вакилонро ба некӣ ёд хоҳанд кард

№142 - 143 (4092 - 4093) 26.11.2019

Аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 12 сол сипарӣ шуд. Амалишавии он ба мардум чӣ дод? Суҳбат бо мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Абдуалим Норасов дар ҳамин мавзӯъ сурат гирифт.

- Ҳангоми баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баъзеҳо иддао мекарданд, ки он як роҳи маҳдуд кардани расму  оинҳои  гузаштагон аст. Амалишавии қонун то чӣ андоза ба  дигаргун шудани мафкураи мардум дар робита ба пешгирии исроф­корӣ мусоидат кард?

- Ҳадаф аз қабули қонун, пеш аз ҳама, ҳимояи  манфиатҳои иҷтимоии мардум, паст кардани сатҳи камбизоатӣ, аз байн бурдани хароҷоти зиёдатӣ, худситоӣ ва  риёкорӣ буда, ҳеҷ гоҳ маънои маҳдуд кардани расму оини гузаштагонро надорад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24-уми майи соли 2007 зимни мулоқот бо аҳли ҷамоатчигии мамлакат дар ин хусус чунин гуфта буданд: «Мо имрӯз барои тамоман аз байн бурдан ё барҳам додани расму оинҳои халқӣ ва  маросимҳои динӣ ҷамъ наомадаем, балки мақсади асосиамон ин аст, ки дар баробари муайян кардани меъёрҳои баргузории онҳо ба  раҳоии мардуми кишвар аз банди худнамоӣ ва таассубу хурофотпарастӣ оғози нек бахшем».

Дар хотир дорем, ки 15 — 20 сол пеш  маъракаҳо дар кишвар чӣ хел доир мегардиданд. Барои хатнасур «маслиҳатошӣ», «раисталбон», «тӯи калон», барои тӯи арӯсӣ «фотиҳатӯй», «идонабарӣ», «ордбезон», «сандуқбарон», «чойгаштак», «оши наҳор», «арӯсбинон», «қудоталбон», «чодарканон», «номгузорӣ», «гаҳворабандон», «мӯйсаргирон»  мавҷуд буд. Бегуфтугӯ, исрофкорӣ ба сатҳи зиндагии мардум таъсири манфӣ мерасонид. Иддае солҳо берун аз Ватан заҳмат кашида, маблағи бо азоб ҷамъкардаашонро сарфи тӯю  маъракаҳои нолозим мекарданд. Ҳол он ки ба ҷойи хароҷоти беҳуда метавонистанд фарзандонашонро соҳиби  илму ҳунар кунанд, корхона ё  дӯконе сохта, зиндагиашонро ободтар намоянд.

Баъди қабули қонун мафкураи мардум оҳиста- оҳиста дигар шуд. Маблағеро, ки пеш сарфи овардани сарояндагон мекарданд, имрӯз ба арӯсу домод ашёи рӯзгор мехаранд. Ба ҷои гузаронидани «мӯйсаргирон»-у «хатнасур» писарашонро ба  маҳфили омӯзиши забони англисӣ ё русию  хитойӣ мебаранд. Иддае бо пули сарфашуда дар заминҳои лалмӣ боғ бунёд мекунанд. Дар маҷмӯъ, чунин мисолҳо зиёданд.

- Ҳарчанд қонуни зикршуда ба беҳбудии зиндагии мардум  нигаронида шуда бошад ҳам, тавассути расонаҳои хабарӣ огоҳ мешавем, ки баъзеҳо то ҳол даст ба исрофкорӣ мезананд. Аз нигоҳи шумо сабабҳои ба исрофкорӣ даст задани бархе аз ҳамватанон дар чист?

- Яке аз сабабҳои ба исроф­корӣ роҳ додан ноогоҳӣ аз таълимоти мазҳабист. Исрофкор намедонад, ки ӯ барои роҳ додан ба хароҷоти беҳуда муртакиб (гирифтор)- и гуноҳ шудааст. Худованд дар ояти 31 — уми сураи «Аъроф» фармудааст: «Бихӯред, биёшомед ва исроф макунед! Ба дурустӣ, ки Худо исрофкоронро дӯст намедорад». Дар ояти дигар Худованд исроф­коронро бародарони шайтон номидааст.

Сабаби дигари исрофкорӣ ин риёкорӣ ва шуҳратпарастист. Баъзеҳо худро «саховатманд» нишон доданӣ шуда, дар асл риёкорию худнамоӣ мекунанд. Магар овардани 3-4 сарояндаи номдор, киро кардани «Лимузин», фармоиш додани 8 — 10 мошини гаронбаҳо зимни арӯсбиёрӣ ба зиндагии ояндаи навхонадорон ягон фоида мерасонад?

- Пешгирӣ накардани исроф­корӣ чӣ паёмад хоҳад дошт?

- Таҷрибаи 12 соли амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» нишон дод, ки он илова ба ҷанбаи моддӣ, ҷанбаи маънавӣ низ дорад. Чунончӣ, аз нигоҳи дин, исрофкорӣ касро аз муҳаббати илоҳӣ маҳрум намуда, боиси  танбалӣ дар итоати Худованд мегардад.

Дуои шахси исрофкор иҷобат намешавад. Исрофкорӣ майли касро ба сӯи сарватҷӯӣ бо роҳҳои  номашрӯъ (ришвахӯрӣ, фиребкорӣ, қаллобӣ, дуздӣ…) зиёд мекунад. Чунин рафтор инсонро шайтонсифат мегардонад. Исрофкорӣ боиси пушаймонӣ, сиёҳдилӣ, парешонхотирӣ ва афсӯсхӯрӣ гашта, кас офияти баданро аз даст медиҳад.

Аз нигоҳи иҷтимоӣ исроф­корӣ боиси  болоравии нархи маҳсулоти озуқаворӣ ва либос дар бозорҳо мешавад. Вақте ки дар хонавода молу сарватпарастӣ ва исрофкорӣ ҷой дошта бошад, заминаи афзоиши кинаву кудурат  ва адоват гашта, сабабгори афзоиши ҷудошавии оилаҳо  мегардад. Ин нуктаҳоро ба назар гирифта, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид намуданд: «Мову шумо ба хотири боз ҳам  беҳтар гардонидани шароити рӯзгори мардумамон бояд дар ҳамаи самтҳои зиндагӣ сарфаю сариштакор бошем, зиёдаравӣ накунем ва фарзандонамонро дар ҳамин  рӯҳия тарбия намоем».

- Пас аз ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну  маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» моҳи августи соли 2017 маъракаҳои азодорӣ бе додани таом мегузаранд. Баъзеҳо инро манъ кардани хайру садақа маънидод карданӣ мешаванд. Аз нигоҳи дини мубини ислом барои шод кардани рӯҳи гузаштагон кадом амал афзал аст?

- Дар «Қуръон»-и маҷид ва ҳадисҳои саҳеҳ дар хусуси  баргузории «оши сари тахта», «се», «бист», «чил», «шашмоҳагӣ» ва «сол» чизе гуфта нашудааст. Ин маъракаҳо  аслан дар замони шӯравӣ серхарҷ шуданд. Дар  мамолики арабӣ, Эрон, Афғонистону Покистон, Малайзияю Индонезия чунин маъракаҳоро доир намекарданд ва ҳоло ҳам намекунанд, зеро ин маросим дар сарчашмаҳои аслии исломӣ зикр нашудаанд.

Хайру садақа танҳо таом доданро дар бар намегирад. Агар ба хотири садақа таом додан пешбинӣ шуда бошад, онро ба фақиру мискинон, қарздорон, ятимон ва муҳтоҷон додан савоби зиёд дорад. Мутобиқи талаботи моддаҳои 9 ва 10- уми қонуни зикршуда касоне, ки мехоҳанд  садақа кунанд, метавонанд ба ятимхонаҳо, хонаҳои пиронсолон, интернатҳои маъюбон кумак намоянд. Шайх Аттори Нишопурӣ дар ин маврид барҳақ фармудааст:

Ҳар кӣ хандонад ятими хастаро,

Боз ёбад ҷаннати дарбастаро…

Хотири айтомро дарёб низ,

То туро пайваста Ҳақ дорад азиз.

Хушбахтона, вақтҳои охир сокинони мамлакат  бештар «садақаи ҷория», ки дар аҳодиси Пайғамбар (с) таъкид шудааст, мекунанд. Савоби садақаи ҷория баъд аз вафот низ ба хайркунанда мерасад. Амали хайре, ки ба манфиати аҳли ҷомеа нигаронида шудааст, садақаи ҷория аст. Ҳар рӯз аз воситаҳои ахбори омма огоҳ мешавем, ки бо ҳиммати  ҷавонмардони баору номус дар шаҳру навоҳии кишвар  мактаб, бунгоҳи тиббӣ, роҳ, кӯпрук, боғчаи кӯдакон сохта, кӯчаҳо чароғон шудаанд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки  қонун барои  торафт бештар ба моҳияти аслии хайру эҳсон расидани сокинони кишвар ва тарғиби сарфаю сариштакорӣ мусоидат менамояд.

Мусоҳибон Нарзибой АШӮРОВ, Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон,

С. СУННАТӢ, «Садои мардум»