Қонуне, ки садди роҳи харҷи беҳуда гардид

№125 (3762) 21.10.2017

Беш аз 10 сол муқаддам бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои ҳуқуқӣ ва низоми қонунгузории мамлакат аввалин қонуни миллӣ – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардум, мусоидат барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ, ки ба манфиатҳои иқтисодӣ ва маънавии шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид менамуданд, қабул гардид. Он таваҷҷуҳи мутахассисону коршиносони давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро низ ба худ ҷалб кард ва имрӯз аз ҷониби онҳо мавриди таҳлилу омӯзиш қарор дорад, ки боиси ифтихор аст.

Дар робита ба қабули қонуни мазкур, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 25-уми апрели соли 2008 қайд намуданд: «Мо бо мақсади танзими расму анъана ва ҷашну маросим қонун қабул кардем. Зарур аст, ки татбиқи қонуни зикршуда минбаъд низ таҳти назорати ҷиддӣ қарор дода шавад. Корро дар ин самт тавре ба роҳ бояд монд, ки сарфаю сариштакорӣ ва парҳез аз сарфу хароҷоти беҳудаву намоишкорона дар ҳамаи самтҳои ҳаёт, аз ҷумла дар истифодаи барқу гармӣ ва обу газ, ба одати ҳаррӯза ва ҷузъи маданияти оиладории мардуми фарҳангии мо табдил ёбад».

Бешубҳа, ин қонун дар беҳтар гардонидани шароити зисту зиндагонии аҳолии мамлакат, пешгирии хароҷоти беҳудаву намоишкорона, таъмини риояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, тартиботи ҷамъиятӣ ва низоми қонунгузорӣ саҳми беназир дорад.

Бояд зикр намуд, ки қонун боиси зиёд шудани шумораи оилаҳои ҷавон гардид. Аз баракати он садҳо ҷавонписару ҷавондухтар, ки бо сабабҳои гуногун, аз ҷумла, надоштани имконияти молиявӣ, сари вақт оила бунёд карда наметавонистанд, баҳравару соҳиби бахту иқбол гардиданд.

То қабули қонун, ҳангоми баргузории ҷашнҳо, аз ҷумла дар тӯйҳои домодию арӯсӣ, баъзан бетартибиҳо рух медоданд, ҳатто тартиботи ҷамъиятӣ вайрон ва оромии шаҳрвандон халалдор мешуд, ки чунин ҳолат боиси норозигии қишрҳои ҷомеа мегардид. Бар замми ин, ҳангоми ҳаракати нақлиёти автомобилӣ бо домоду арӯс қоидаҳои ҳаракат дар роҳ дағалона вайрон ва сабаби рух додани садамаҳои вазнин бо нақлиёт, ҷароҳатбардорӣ, маъюбшавӣ ва ҳатто ба ҳалокатрасии шаҳрвандон, бахусус наврасону ҷавонон, мешуд. Хушбахтона, бо қабули ин санади меъёрии ҳуқуқӣ дар самти пешгирии бенизомиву ҳуқуқвайронкунӣ ҳангоми ташкил ва гузаронидани ҷашну маросим чораҳои мушаххас андешида шуданд.

Қобили қайд аст, ки чанде пеш бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо ­дарназардошти таклифу пешниҳодҳои аҳли ҷомеа, бо мақсади боз ҳам беҳбуд бахшидани шароити иҷтимоӣ ва иқтисодии мардум Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод ва қабул гардид.

Дар асоси иловаҳо ба қисми 2 моддаи 10-уми қонун, ташкил ва гузаронидани шаҳтозон (роҳбандон) дар тӯйи домодию арӯсӣ манъ шудааст. Иловаи мазкур заруриву саривақтӣ мебошад ва бинобар ин, шаҳрвандон бо хушнудӣ онро пазируфтанд. Тавре маълум аст, ташкил ва гузаронидани шаҳтозон (роҳбандон) дар тӯйи домодию арӯсӣ дар аксарияти шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба ҳукми анъана даромада буд. Ҳангоми ҳаракат кардани мошинҳои домоду арӯс аз ҷониби баъзе наврасону ҷавонон бо мақсади ба даст овардани маблағи муфт роҳи ҳаракати онҳо баста мешуд ва то маблағи талабкардаашонро намегирифтанд, роҳро намекушоданд. Ин амал боиси вайрон гардидани тартиботи ҷамъиятӣ ва қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, дар баъзе ҳолатҳо ҳатто ҷангу ҷанҷоли байни тарафҳо ва даст задани наврасону ҷавонон ба ҷиноят ва дигар қонунвайронкуниҳо мегардид. Иловаи мазкур хусусияти тарбиявӣ дошта, наврасону ҷавононро водор месозад, ки аз кирдорҳои ношояму номатлуб, вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ ва даст задан ба ҷиноят худдорӣ намуда, ба корҳои манфиатнок машғул шаванд.

Ба моддаи мазкур боз қисми 4 илова шудааст, ки хусусияти тавсиявӣ дорад. Мувофиқи он падару модари домоду арӯс ва шахсони онҳоро ивазкунанда бо маслиҳати тарафайн метавонанд ба ҷойи додани оши тӯй маблағи онро ҷиҳати беҳтар гардонидани шароити зиндагии навхонадорон сарф намоянд. Ин илова дар шароити имрӯза ба манфиати сокинони мамлакат, пеш аз ҳама, оилаҳои навбунёд ва ҷавонон буда, имкон медиҳад, ки маблағи барои оши тӯй пешбинишуда барои беҳтаргардонии вазъи иқтисодиву молиявӣ ва шароити зисту зиндагонии навхонадорон истифода гардад.

Инчунин, ба ҳамин моддаи қонун қисми 7 илова гардидааст, ки тибқи он шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки имконияти молиявӣ доранд, метавонанд бо иштироки комиссияҳои доимии маҳаллӣ тӯйи домодию арӯсии хайриявии ҷавононро аз оилаҳои камбизоат баргузор намоянд. Яъне, ба ин васила оилаҳои камбизоат аз изтиробу ташвиш ва хароҷоти баргузории тӯйи домодию арӯсии фарзандонашон озод мегарданд. Ҳамчунин, ба шахсони хайрхоҳу саховатманд имконияти ҳуқуқӣ дода мешавад, ки бо гузаронидани тӯйи домодиву арӯсии ҷавонони камбизоат аз аҷру савоби зиёд бархӯрдор гарданд.

Пешвои миллат ба неруи созандаву бунёдгари ҷавонон эътимоду боварӣ доранд ва пайваста дастгиру ғамхори онҳо мебошанд, маслиҳатҳои муфиду арзишманд медиҳанд. Аз ҷумла, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 11-уми июли соли 2017 зимни суханронӣ ба муносибати 10-солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қайд намуданд: «Мо имрӯз бо ифтихор гуфта метавонем, ки ҷавонони кишварамон насли бонангу номус буда, саводу маърифат ва ҷаҳонбинии васеъ доранд. Онҳо бояд дар интихоби ҳамсар ва ҳифзу пойдории оила низ кӯшиш намоянд ва дар риояи муқаррароти танзими ҷашну маъракаҳо ҳиссаи худро гузоранд. Дар баробари ин, дар зиндагӣ саросема нашуда, аввал илм омӯзанд, касбу ҳунарҳои замонавиро аз худ кунанд, аз мактаби рӯзгордорӣ огоҳ шаванд, барои ҳаёти босаодати худ замина муҳайё сохта, баъд оила барпо намоянд. Агар ҷавонон зиндагии мустақилонаи худро аз рӯи ҳамин меъёр ба роҳ монанд, албатта, хушбахт мешаванд».

Ҳамин тавр, қабули тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро метавон дастгириву ғамхории навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба насли ҷавони кишвари азизамон унвон намуд.

Фирӯз САЙНОЗИМЗОДА,

мушовири калони Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон