Оё «ғор»-и Ғаюровҳо хатарнок нест?

№58 (4164) 14.05.2020

коллажҲакиму Садриддин Ғаюровҳо бародарони соҳибкоранд. Аввалӣ дар яке аз ширкатҳои сохт­монии шаҳри Душанбе кор мекунаду дуюмӣ вазифаи намояндаи Раёсати тандурустии вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлобро ба уҳда дорад.

Соли 2013 онҳо дар қафои бинои Раёсати молияи ноҳияи Муъминобод, барои бунёди бинои нуҳошёнаи истиқоматӣ, санги асос гузоштанд. Пас аз каме техника оварда, чангу хокро ба ҳаво бод доданд. Хулоса, чуқурии калоне барои таҳкурсии бино канданду як моҳ пас нопадид шуданд. Ҳоло баҳори ҳаштум аст, ки «ғор»-и кандаи онҳо ба макони сурудхонии қурбоққаҳо табдил ёфтааст. Боз хавфнокии «ғор»-и Ғаюровҳо дар он аст, ки се — чор метр дуртар аз он таълимгоҳи №2 (1400 нафар хонанда дорад) воқеъ аст. Худо накунаду ягон ноболиғ ба ҳавз афтад…

Якчанд маротиба роҳбарони ноҳия аз соҳибкорони гурезпо хоҳиш карданд, ки сохтмонро идома диҳанд ва ё «ғор»-ро пур намоянд. Чунки бо гузашти панҷ сол аз овезаи суратдори тарҳи бинои дуошёнаи маркази савдо ва номи бунёдгузорони он осоре намондааст. Ҳатто масъулин хостанд бо иқдоми хеш чуқуриро пур кунанд. Вале соҳибкорон ҳушдор доданд, ки касе онро пур мекунад, аввал 26 ҳазор доллари хароҷоткардаи онҳоро диҳад.

Борҳо ин масъала дар матбуоти маҳаллию марказӣ мавриди танқиду танз қарор гирифт. Ҳатто дар ин хусус ба Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ низ шикоят ирсол шуд. Вале бенатиҷа… Дар «ғор» ҳамоно қурбоққаҳо сурудхонӣ мекунанду аз наздаш бародарон Ғаюровҳо равуо доранд.

Нурулло ҲАСАНОВ, рӯзноманигор