Дар партави Паёми Президент

Паём — барномаи стратегӣ ва дурнамои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон

№36 (3337) 11.03.2015

«Ҳадди ақал ва ҳадди ниҳоии нафақа аз рӯи синну сол ва нафақаи заминавӣ, инчунин нафақаҳои  меҳнатии шаҳрвандон ба ҳисоби миёна то 20 фоиз зиёд карда мешавад.»

(Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 23 январи соли 2015) 

Паёми Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар баробари таҳлили ҳаматарафаи  вазъи сиёсиву иқтисодии ҷумҳурӣ ва муайян намудани роҳҳои пешрафти  соҳаҳои гуногуни ҳаёт, барномаи стратегӣ ва дурнамои рушди  Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки имрӯзҳо тамоми аҳли ҷумҳурӣ, аз ҷумла  кормандони Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  онро сармашқи кору фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор додаанд.

Дар Паём тамоми самтҳои сиёсати дохилию хориҷии кишвар, роҳҳои рушди иқтисодиёти мамлакат, беҳбудӣ бахшидан ба зиндагии мардуми Ватанамон таври мушаххас нишон дода шудаанд. Махсусан дар Паём дар назди кормандони соҳаҳои иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои муҳим ва мушаххас оид ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, таъмини саривақтии нафақа ва дигар кумакпулиҳои иҷтимоӣ, пешбурди минбаъдаи сиёсати суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ва дар ин замина зиёд намудани музди меҳнат, нафақа ва стипендия, таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми кишвар гузошта шудаанд.

Аз ин ҷост, ки дар сиёсати Президенти кишвар ғамхорӣ ва таваҷҷуҳ ба соҳаҳои  иҷтимоиёт, баланд  бардоштани  зиндагӣ ва маоши кормандони  соҳаҳои иҷтимоиёт яке аз рукнҳои асосӣ ба шумор меравад. Вобаста ба ин, ба маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ диққати махсус дода шуда, имсол ба ин мақсад қариб 8 миллиард сомонӣ равона карда мешавад, ки ин рақам зиёда аз 50 фоизи хароҷоти Буҷети давлатиро ташкил медиҳад. Инчунин бо мақсади таъмини уҳдадориҳои  иҷтимоии давлат, аз ҷумла пардохти музди меҳнат, нафақа,ҷубронпулӣ ва кумакпулиҳо дар соли 2015 аз ҳисоби Буҷети давлат зиёда аз 6 миллиард сомонӣ равона мегардад.

Ба Ҳукумати мамлакат муяссар гардид, ки  танҳо дар панҷ соли охир музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ, аз ҷумла илму маориф, тандурустиву фарҳанг, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқро аз дуюним то се баробар зиёд намояд. Бо дарназардошти рушди иқтисодиёти мамлакат ва имкониятҳои имрӯзаи молиявӣ аз якуми сентябри соли равон марҳалаи навбатии зиёдшавии музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ амалӣ мешавад. Аз ҷумла музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматиёни ҳарбӣ 15 фоиз, кормандони муассисаҳои маориф, аз ҷумла муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, миёнаи умумӣ ва олӣ, дигар муассисаҳои соҳаи маориф, илм, фарҳанг, варзиш ва тандурустӣ 20 фоиз, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, аз ҷумла хона-интернатҳо барои пиронсолону  маъюбон, шуъбаҳои кумаки иҷтимоӣ дар хона ва истироҳатгоҳу осоишгоҳҳо барои  собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, меҳнат ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда 25 фоиз зиёд карда мешавад.

Ҳадди ақал ва ниҳоии нафақа аз рӯи синну сол ва нафақаи заминавӣ, инчунин нафақаҳои  меҳнатии шаҳрвандон ба ҳисоби миёна  то 20 фоиз зиёд карда мешавад. Дар баробари ин, стипендияи донишҷӯён ва дигар намудҳои  стипедияҳо 30 фоиз, инчунин музди меҳнати ҳадди ақал  60 фоиз зиёд гардида, андозаи он аз 250 сомонӣ то ба 400 сомонӣ баробар мегардад.

Қисми суғуртавии нафақаҳои суғуртавӣ низ индексатсия карда мешавад. Танҳо барои маблағгузории ин чорабиниҳо аз Буҷети давлатӣ дар як сол 1 миллиарду 320 миллион сомонӣ равона мегардад.

Ба ғайр аз ин, кумакпулиҳои гуногун аз ҳисоби Буҷети давлатӣ барои ҳифзи иҷтимоии ятимон, бепарасторон, маъюбон, эҳтиёҷмандон ва дигар қишри аҳолии ниёзманд, аз ҷумла ҷубронпулӣ ба мактаббачагон аз оилаҳои камбизоат, ҷубронпулӣ барои истифодаи қувваи барқу газ ба оилаҳои камбизоат, ҷубронпулӣ ба иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ҳамчунин оилаҳои бесаробонмондаи онҳо, иштирокчиёну маъюбони бартарафкунии оқибатҳои садамаи Неругоҳи атомии «Чернобил» ва дигар  намуди кумакпулиҳои иҷтимоӣ равона карда мешавад, ки ин бори дигар таҷассумгари ғамхорӣ ва дастгирии Президенти кишварамон ба аҳолии ниёзманд мебошад.

Дар Паём ҳамчунин дар хусуси барномаи ислоҳоти иқтисодӣ, ҷалби маблағгузорӣ барои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ, ҷалб намудани захираҳои иловагии молиявӣ барои рушди соҳаи  иқтисодиёт, дастгирии буҷет ва системаи бонкӣ ва таҳким бахшидан  ба ислоҳоти соҳаи андозу буҷет, пулию қарзӣ, фаъолияти иқтисодии беруна, идоракунии қарзҳои хориҷӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, инкишофи соҳибкории хурду миёна, соҳибкории инфиродӣ, равнақ додани корхонаҳои хурду миёна, таҷдиди фаъолияти бонкӣ ва ғайра зикр гардидаанд, ки метавонанд ба боз ҳам баланд бардоштани сатҳи сифати зиндагии аҳолӣ мусоидат намояд.

Болоравии сатҳи иқтисодии кишвар, равнақи корхонаҳои хурду миёна, соҳибкории инфиродӣ моро ба ояндаи нек умедвор месозад. Ин ҷунбиши мусбати иқтисодӣ ба беҳбудии зиндагии мардуми диёр, баланд бардоштани  сатҳи некуаҳволии мардуми кишвар ва ноил шудан ба истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани  кишвар, таъмини амнияти озуқаворӣ, бунёди иншооти бузурги стратегӣ ва ғайра мусоидат менамояд.

Тавре ки аз Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, фақат бо роҳи оқилона амалӣ намудани Барномаҳои ислоҳоти иқтисодӣ ва дигаргунсозиҳои сохторӣ, истифода аз таҷрибаҳои пешқадами мамлакатҳои мутараққии ҷаҳон, муносибати оқилона бо сармоягузориҳои  хориҷӣ, истифодаи дурусти техника ва технологияҳои ҳозиразамон метавонад кишвари моро ба роҳи умеду орзуҳо, ба қуллаҳои боз ҳам баланди тараққиёт раҳнамун созад.

Боиси ифтихор аст, ки Сардори давлатамон дар арсаи ҷаҳонӣ бо ғурури баланди миллӣ, ҳисси бузурги ифтихори ватандорӣ ва мардумдӯстии худ машҳур гаштааст. Ҳамин тавр ғуруру ифтихор, меҳнати садоқатмандона метавонад моро ба ояндаи дурахшон бирасонад.

Бинобар ин, Президенти кишвар Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон бори дигар таъкид намуданд, ки мо бояд манфиатҳои милливу давлатиамонро аз тамоми манфиатҳои дигар болотару афзал дониста, таҳкими пояҳои давлати соҳибистиқлоли миллиамонро чун неъмати бебаҳо ҳифз намоем. Соҳибихтиёрии Ватани азизамон, сулҳу суботи иҷтимоӣ, амнияти давлат ва ҷомеа, ваҳдати миллӣ ва тақвияти иқтидори иқтисодии давлатамонро ҳамчун вазифаи асосӣ ва ҷонии худ донем.

Кормандони Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун роҳнамо дар фаъолияти худ қарор дода, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани муҳтавои  он чораҳои мушаххас меандешанд.

Сафаралӣ НАҶМУДДИНОВ, директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон