Рӯзи меҳру моҳи меҳру ҷашни фаррух Меҳргон

№124 (4074) 17.10.2019

getImageБо шарофати ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, таҳкими давлатдории миллӣ, сулҳу ваҳдат ва шаклгирии муҳити солиму созанда миллати шарафманд ва сарбаланди тоҷик барои шинохти арзишҳои милливу умумибашарӣ ва расму оини аҷдодӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст ва дар ҷомеаи башарӣ бо он фарқ мекунад, ки ҷашну анъана, ҳунарҳои мардумӣ ва арзишҳои миллиро нигоҳ доштааст. Одобу ахлоқ ва ҷашну маросимҳое, ки то ҳол миёни мардум маъруф ва маъмуланд, инъикосгари таърихи пурғановати гузашта мебошанд. Тибқи иттилои сарчашмаҳои таърихӣ ва адабиёти илмӣ, миллати тоҷик дорои ҷашну анъанаҳои нек буда, маъруфтарини онҳо Наврӯз, Меҳргон, Сада ва Тиргон маҳсуб меёбанд.

Меҳргон низ ба мисли Нав­рӯз яке аз ҷашн­ҳои бошукӯҳ буда, аз қадим ҳамчун мероси фарҳангию маънавӣ боқӣ мондааст. Солҳои мавҷудияти Ҳокимияти Шӯравӣ дар мамлакат Меҳргон ҳамчун ҷашни миллию мардумӣ баргузор намегашт. Танҳо бо шарофати ташаб­бусҳои наҷибонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашну суннатҳои миллӣ аз нав эҳё гардида, барои дар сатҳи баланд бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гардидани онҳо иқдомҳои наву ҷолиб гузошта шуданд. Эҳёи арзишҳои таърихию фарҳангӣ ба ҷанбаи худогоҳӣ ва хештаншиносии ҷомеа таъсири амиқ гузошта, миллатро дар назди ҷомеаи башарӣ тамаддунсоз ва соҳиби ҷашну маросимҳои миллӣ муаррифӣ месозад. Аз нигоҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ҷашни Меҳргон дорои таърихи бой буда, инъикосгари ҳувияти миллӣ ва арзишҳои неки ниёкон мебошад.

Бино ба маълумоти «Авесто», тақвими эрониён пеш аз Ҳахоманишиён аз ду фасл — тобистони ҳафтмоҳа ва зимистони панҷмоҳа иборат буд. Наврӯз ва Меҳргон барои мардуми форс аҳамияти хоса дошта, Наврӯзро оғози тобистони ҳафтмоҳа ва Меҳргонро оғози зимис­тони панҷмоҳа медонистанд.

Бинобар иттилои манбаъҳои таърихӣ, ҷашни Меҳргон рӯзи шонздаҳум, яъне рӯзи меҳр ва моҳи ҳафтуми солшумории шамсӣ, яъне дар меҳрмоҳ бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардид. Андешаҳои ҷойдоштаро Масъуди Саъди Салмон чунин тасвир намудааст:

Рӯзи меҳру моҳи меҳру ҷашни фаррух Меҳргон,

Меҳр бифзой, эй нигори моҳчеҳри меҳрубон.

Таърих ва таҷлили ҷашни Меҳргон дар «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ муфассал баён гардида, шоир оғози ҷашни онро ба замони Фаридун ва ба тахти шоҳӣ нишастани ӯ мансуб дониста, менигорад:

Бифармуд то оташ афрӯхтанд,

Ҳама анбару заъфарон сӯхтанд.

Парастидани Меҳргон дини ӯст,

Таносоиву хӯрдан оини ӯст.

Кунун ёдгор аст аз ӯ моҳи Меҳр,

Бикӯшу ба ранҷ эй манмой чеҳр.

Олими ҳамадон ва донишманди маъруфи асримиёнагии тоҷик Абӯрайҳони Берунӣ дар асари маъруфи «Китобу-т-тафҳим» оғози ҷашни Меҳргонро ба Фаридун нисбат дода, таъкид мекунад, ки: «Шонздаҳум рӯз аст аз Меҳрмоҳ ва номаш меҳр. Ва андар имрӯз Афридун зафар ёфт бар Беварасби ҷоду, он ки маъруф аст ба Заҳҳок. Ва ба Кӯҳи Дамованд боз дошт. Ва рӯзҳо, ки сипаси Меҳргон аст, ҳама ҷашнанд, бар кирдори он чӣ аз паси Наврӯз бувад. Ва шашуми он Меҳргони бузург бувад».

Тайи солҳои охир нисбат ба таърихи таҷлил ва маросимҳои ҷашни Меҳргон тадқиқотҳои ҷолиби диққат ба вуҷуд омаданд. Хусусан фолклоршиносони тоҷик шеъру таронаҳои мавсимию маросимии кишоварзӣ, аз ҷумла хирману хирманкӯбиро дар манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ ҷамъоварӣ намуда истодаанд. Яке аз он намунаҳои хаттӣ-тасвирӣ девори Панҷакенти бостонӣ маҳсуб меёбад. Агар ба мазмуну муҳтавои тасвири девор назар намоем, бе шакку шубҳа асолату моҳияти ҷашни Меҳргонро дар таърихи гузаштаи ниёкон тасаввур кардан мумкин аст. Зеро чеҳраи марди қоматбаланде тасвир гардида, ки ҳамон пири корҳои кишоварзӣ Бобои деҳқонро мемонад.

Чуноне ки мушоҳида мешавад, нишонаҳои ҷашни аҷдодии Меҳргон дар ҳаёти иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар дар шаҳру навоҳии Дарвозу Ишкошим, Рашту Ҳисор, Кӯлоб ва Панҷакент хеле зиёд ба назар мерасад.

Таърихнигорон оид ба таҷлили ҷашни Меҳргон маълумоти зиёдро гирдоварӣ намудаанд. Онҳо пайдо шудани Хуршед ё Меҳрро ба ин рӯз нисбат дода, ривоят мекарданд, ки «Омадани фариштагон барои нусрати Фаридун дар набард бо Заҳҳоки мордуш ва пирӯзии Коваву партавафшонии дирафши ковиёниро низ ба айёми Меҳргон вобаста медонанд». Дар замони Сосониён рӯзи Меҳргон шоҳон худро бо равған оғӯшта мекарданду ҷомаи гаронбаҳо мепӯшиданд, бо мақсади он ки Хуршед дар рӯзи Меҳргон ба ҷаҳон ошкор шудааст. Дар рӯзи Меҳргон шоҳон тоҷи ба монанди Хуршед ба сар мениҳоданд. Ромишгарон ба шодиву сурудхонӣ мепардохтанд ва мардум ҳад­яҳо пешкаши шоҳ менамуданд.

Баъди истилои араб аксар расму оини мардуми маҳаллӣ аз байн рафт, вале осори онҳоро комилан маҳв карда натавонистанд. Арабҳо анъанаи ҳадя доданро бо баргузории Меҳргон, ки миёни мардум ҷойгоҳи хос дошт, аз байн бурда натавонистанд. Ҷашни Меҳргон дар радифи дигар ҷашнҳои миллӣ аз давраи Аббосиён, ки парвардаи мардуми Хуросон буданд, равнақи дигар касб намуд. Дар ҷашни Меҳргон мардум аз гӯшаву канори хилофат ба марказ ворид гардида, барои халифа ҳадяҳо пешниҳод мекарданд. Донишмандон дар ин ҷашни аҷдодӣ ва фасли саховатпеша осори хешро пешкаш мекарданд, шоирон дар васфи фасл ва Меҳргон шеър мехонданд, мутрибону овозхонон базми дарборро равнақ мебахшиданд.

Бинобар маълумоти муаррихи бузурги асримиёнагӣ Муҳаммад Ҷарири Табарӣ (839-923), дар ҷашни Меҳргон, ки ба даҳаи охири моҳи сентябр рост меомад, халифаҳо бо ҳамроҳии сардорони бонуфузи низомию дарборӣ хилъату нишон мебахшиданд ва мардум василаҳои зиндагиро нав мекарданд. Тибқи шаҳодати сарчашмаҳои таърихӣ, хонадони тоҷиктабори Бармакиён, ки дар замони хилофати Бағдод мансабҳои баланди вазорату дарборро бар уҳда доштанд, ба муқобилиятҳои дарборӣ ва назарҳои ғаразноки мутаассибони динӣ нигоҳ накарда, барои дар сатҳи баланд таҷлил гардидани ҷашнҳои миллӣ, аз қабили Нав­рӯз ва Меҳргон талош меварзиданд. Хонадонҳои минбаъдаи тоҷикӣ Тоҳириёну Саффориён ва Сомониён низ анъанаи неки хилофатро идома дода, дар замони салтанат Меҳргонро пос ва гиромӣ медоштанд.

Ҳангоми ба сари қудрат омадани сулолаҳои турктабор, аз қабили Ғазнавиёну Салчуқиён таҷлилу гиромидошти ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргон идома ёфта, фарҳангу тамаддуни тоҷикон мавриди истифода қарор мегирифт.

Байҳақӣ менависад, ки: «Рӯзи душанбе ду рӯз монда аз моҳи Рамазон ба ҷашни Меҳргон биншаст ва чандон нисорҳову ҳадяҳо ва турафу сутур оварда буданд, ки аз ҳадду андоза бигзашт». Инчунин, Байҳақӣ ҳадяву нисори сардорони вилоятҳои дигарро қайд намуда, ҳатто ҳадяи волиҳои Чағониёну Гургонро низ инъикос намудааст.

Байҳақӣ аз Меҳргони соли 1037, ки дар дарбори Ғазнавиён бо шукӯҳу шаҳомати бепоён баргузор гардид, ёдовар шуда, қайд мекунад, ки 18 сентябр ҳадяву нисори мардум, шодию сурур ва шеърхониву базмороии онҳо то ба ҳадде расид, ки касби муаррихии ман ба инъикоси баъзеи онҳо иҷоза намедод.

Муаррих Ибни Балхӣ дар «Форснома» менависад: «Чун Заҳҳокро Фаридун бигрифт ва банд барниҳод ва дар кӯҳи Дамованд маҳбус кард ва бар тахти подшоҳӣ нишаст. Фармуд то он рӯзро ҷашн созанд. Ва Меҳргон доштанд ва он одат бимондааст ва мустамар шуда».

Аз ин рӯ, ба чунин натиҷа расидан мумкин аст, ки Наврӯз ва Меҳргон ҳамчун рамзи покӣ ва озодагии нажоди ориёӣ қабл аз зуҳури Зардушт ба вуҷуд омада, дар масири таърих бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардид. Қайд намудан бамаврид аст, ки ҷашни Меҳргон чор истилои муд­ҳиши аҷнабиёнро паси сар карда, аз имтиҳонҳои рӯзгор берун омада, дар замони соҳибистиқлолӣ ҷомаи тоза ба бар кард. Бо итминони комил метавон гуфт, ки мардуми шарафманд дар ҳама гӯшаву канори кишвар Меҳргонро мисли Наврӯз ҷашн гирифта, ба анъанаҳои неки ниёкон арҷ мегузоранд.

Амонулло САЛИМЗОДА, ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, профессор,

Беҳрӯзҷон НЕЪМОНОВ, мудири кафедраи таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, дотсент