Зикри хайр

Роҳати манзил надорад он, ки бораш дар дил аст

№83 (4033) 11.07.2019

«Дарозии умр муҳим нест, муҳим бошарафона зистан аст», — таъкид карда буд мутафаккири асри I то мелод Сенекаи Хурдӣ.

Точиксугурта+++Ба маънои ин ҳикмат баъди фавти ногаҳонии директори КВД «Тоҷиксуғурта», марди покдилу покрӯзгор Аловуддин Сатторӣ бештар сарфаҳм рафтам. Суҳбату дидорбинӣ бо ӯ чун навор аз пеши назарам  мегузаранд. Банда бо ӯ солҳои зиёд қаробат доштам. Аз фаъолияту заҳматҳои пурсамараш хеле хуб огоҳам. Айни замон, беихтиёр ибораи «бошарафона зистан»-ро дар мизони тафаккур бармекашаму оромона мегӯям: — дӯсту бародари мо Аловуддин Сатторӣ ба таври шоиста зист.

Вақт монанди садо мегузарад. Ӯ 57 сол пеш чашм ба оламӣ ҳастӣ кушода буд…

Дар ҷаҳон болу пари хеш кушодан омӯз,

Ки паридан натавон, бо пару боли дигарон.

Ӯ ин мисраъҳои Бедилро дӯст медошт, фарзандонро ба зиндагии мустақилона омода месохт. Онҳо мактаби миёнаро бо баҳои аъло ва бо ахлоқи намуна хатм карданд. Худи ӯ факултаи иқтисодии УДТ ба номи В. И. Ленин (ҳоло ДМТ)-ро бо дипломи аъло хатм карда, корро аз вазифаҳои иқтисоддони трести «Вахшстрой», иқтисоддони калони шуъбаи баплангирӣ, мудири шуъбаи ташкилӣ-­дастурдиҳии Комиҷроияи ноҳияи Вахш оғоз карда, сипас, ба ҳайси директори генералии Ширкати давлатии илмӣ-истеҳсолии «Сарват», муовини сардори идораи таъминоти истеҳсолии техникии Вазорати мелиоратсияи ҶТ, муовини сардори Раёсати кадр­ҳои Вазорати молияи ҶТ, сардори Департаменти қарзҳои берунаи Вазорати молияи ҶТ, директори Департаменти қарздиҳӣ ва сармоягузорӣ, муовини раиси ҶСК «Ориёнбонк» фаъолият дошт. Солҳои 2006 — 2009 дар вазифаҳои муовини якуми раиси «Амонатбонк», раиси ноҳияи Вахши вилояти Хатлон фаъолият дошт. Аз соли 2009 то охирин лаҳзаи ҳаёт дар вазифаи директори генералии КВД «Тоҷиксуғурта» хидмат намуд.

Ҳар кӣ бар дӯш аст бораш, дар талоши манзил аст,

Роҳати манзил надорад он, ки бораш дар дил аст.

Ӯ мансабҳои ишғолкардаашро ба болову поин ҷудо намекард. Медонист, ки шахс на бо мансаб, балки бо хидмати софдилона соҳиби эҳтиром мегардад. Аз ин рӯ, роҳбари рамузфаҳм буд. Пеш аз он ки кореро ба нафаре фармояд, меандешид, ки  уҳдабаро аст ё не, ҳини муҷозот кардан низ мизони адолатро риоя мекард. Манфиати давлату халқро ҳамеша боло медонист.

-Ӯ 11 солу 1 моҳ роҳбари «Тоҷиксуғурта» буд. Дар ин миён дар соҳа дигаргунӣ, пешравиҳои назаррас ворид гаштанд. Бо Аловуддин Сатторӣ на чун роҳбар, балки чун падар ё бародари бузургу дилсӯз, ҳамдаму ҳамдил муносибат мекардем. Дар фарозу фурудҳо, камукости ҳаёт мутакко буд. Ҷойи ӯ дар дилу дидаҳоямон холист, — мегӯяд, мудири шуъбаи кадрҳои КВД «Тоҷиксуғурта» Аломиддин Алиев.

Аловуддин Сатторӣ дар зиндагии оилавӣ низ муваффақ буд. Дар тарбияи фарзандон масъулияти баландро эҳсос менамуд. Ба серкорӣ нигоҳ накарда, фурсат меёфт ва ба рафтору донишомӯзии фарзандон назорат мекард. Подоши таваҷҷуҳу сахтгирӣ буд, ки айни замон Суҳробу Исмоил, Саодату Нигина ва Сурайё дар соҳаҳои гуногун  муваффақона кор мекунанд. Ҳама хонаи ободу рӯзгори намунавӣ доранд.

Аловуддин Сатторӣ донишу таҷриба, маҳорату фазилати худододиро неъмати бебаҳо меҳисобид. Вақте ки сокинони шаҳри Кӯлоб аз офати табиӣ хисороти зиёд дидаанд, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохторҳои давлатию хусусиро ба мадади осебдидагон даъват намуд. Аввалин шуда, раиси КВД «Тоҷиксуғурта» Аловуддин Сатторӣ ба ин даъват ҳамовоз шуд. Ва азбаски маб­лағҳои идораи давлатӣ ночиз буд, ӯ имкон ҷуст, роҳ ёфт, дар натиҷа, 12 хонаи барҳаво, бо тамоми ашёву анҷоми рӯзгор ба бошандагони дилшикастаи диёр ҳадя гардид. Инчунин, барои беҳбудӣ бахшидан ба шароити кори кормандони зерсохторҳои музофотии КВД аҳамияти вижа медод. Бинои зиёди куҳнаву фарсудаи сохторҳои маҳаллии КВД «Тоҷиксуғурта» дар шаҳру навоҳии кишвар, ки азнавсозӣ шудаанд, далели ин гуфтаҳоянд.

Дар маросими дафни ӯ одамон бисёр омаданд. Бархе аз онҳо аз шаҳру навоҳии дурдаст, афроди одиву меҳнатӣ, бе мансабу бе рутба буданд. Аз аҳли хонадони шодравон низ касе онҳоро намешинохт. Онҳоро меҳру муҳаббат ва дилсӯзиҳои Аловуддин оварда буд.

Дар дунёи фонӣ ҳеҷ кас умри абад намебинад, аммо дилогоҳи мардум будану бошарафона зистан нишонаи ҷовидон мондан аст. Аловиддин Сатторӣ ҳамин гуна инсон буд.

Туфайли заҳматҳои бебаркаш бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақамҳои 1498 аз 16 августи соли 2013 ва 723 аз 11 июли соли 2015 бо медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардонида шудааст.

Садриддин ҲАСАНЗОДА, нависанда