Қонун ва иҷрои он

Санаде, ки зиндагиро ба танзим даровард

№74(3375) 29.05.2015

Бо ташаббуси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар аст, ки рӯзҳои  6-7-уми  июни соли равон дар шаҳри Кӯлоб ба муносибати ҳаштумин солгарди қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» семинар — машварати умумиҷумҳуриявии масъулони соҳа баргузор гардад. Хабарнигори мо суҳбате дошт оид ба ҷараёни омодагиҳо ба машварати мазкур бо сармутахассиси шуъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб Шариф Абдулҳамидов.

-Мушоҳида намудем, ки бо наздик шудани машварати дарпешистода хеле  серкору сертараддуд гаштаед. Мегуфтед, ки мақсади ин ҷамъомад аз чӣ иборат аст?

- Ҳамасола бо ибтикори Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин гуна машварат аз рӯи тартиб дар вилояту минтақаҳои кишварамон баргузор мегардад. Дар машварати соли гузаштаи минтақаи Рашт таклиф намудам, ки семинар — машварати навбатӣ дар минтақаи Кӯлоб баргузор карда шавад. Хушбахтона, ин таклиф аз ҷониби тамоми  иштирокчиёни семинар — машварат ва масъулони Кумита якдилона пазируфта шуд. Акнун тавре мушоҳида кардед, мо, пеш аз ҳама, дар ҳамбастагӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва масъулони як қатор ноҳияҳои минтақа, ки иштирокчиёни семинар зимни ташрифашон аз ноҳияҳои онҳо  низ боздид ба амал меоранд, ҳамаҷониба омодагӣ гирифта истодаем.

Дар навбати аввал омӯзиши малакаю таҷрибаи кофии дар тӯли ҳашт сол андӯхтаи кормандони бахши танзими шаҳру навоҳии минтақа мавриди  назари банда аст. Мо дар давоми солҳо дар самти танзими расму оинҳоямон як қатор амалҳои шоистаро ба сомон расонидем. Мутаассифона, то қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва  ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҳудуди минтақаи мо расму оинҳои зиёди характери хурофотидошта, бахусус омилҳои зиёдаравӣ, нисбатан бештар мушоҳида мегардид, ки дар рушди зиндагии мардум мушкилоту монеаҳо ба миён меоварданд. Масалан, то қабули қонуни мазкур дар навоҳии кӯҳистони минтақа даҳҳо деҳаҳоеро медонем, ки солҳо барқу роҳи дурусти мошингард надоштанд, аммо аз рӯи ҳавову ҳавас бо мақсади маросими хатнаи фарзандашонро «бо шукӯҳу хотирмон» гузаронидан, бо даъвати зиёди мардум аз гӯшаву канори кишвар ва бо масрафи гӯшношуниди пулу мол маъракаҳои ҳангомаомези бузкашию гӯштигирӣ баргузор менамуданд. Хушбахтона, ин гуна одатҳои номуносиб ба танзим дароварда шуданд.

Имсол баргузории силсилаи ҷашнҳо, аз қабили 700 — солагии орифу сиёсатмадори асри худ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар шаҳри бостонии Кӯлоб дар назар аст. Ин марди бузург дар асарҳои худ, бахусус «Захират – ул — мулук», баҳри сарфаю сариштакорӣ ва дигар паҳлуҳои низоми ҷомеаву давлатдорӣ, ишораву  таъкидҳои зиёде кардааст. Ниҳоят ба ҳамин монанд боз дигар омилҳое ҳастанд, ки баргузор гаштани семинар-машварати имсолаи масъулони танзими расму оинҳои кишварро дар минтақаи мо тақозо доштанд.

-Иштирокчиёни семинар ҳангоми иҷрои корҳои амалӣ боз ба кадом самти иҷрои ин қонун таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд?

-Намояндагони минтақаҳои кишвар ба шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Восеъ, Ховалинг, Муъминобод ва Шӯрообод рафта, ба корҳои дар тӯли ҳашт сол баанҷомрасонидаи бахшҳо оид ба корҳои дини шаҳру ноҳияҳои мазкур  ва комиссияҳои доимии онҳо аз наздик шинос мешаванд. Меҳмонон дар баробари шинос шудану табодули таҷрибаи касбӣ кардан, инчунин бо сокинони маҳалҳо вохӯрию суҳбатҳо ороста, аз мавзеъҳои зебову дилкаши табиӣ, ҷойҳои таърихию фарҳангӣ ва муқаддаси минтақа, аз қабили мақбараи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Маҷмааи 2700 — солагии Кӯлоб, Қасри Шоҳони Ҳулбук, мазори Ҳазрати Султон Увайси Қаранӣ ва мавзеи афсонавии  Чилдухтарон дидан мекунанд.

- Мардум бо дархосту пешниҳодоти хеш лоиҳаи ин қонунро то як дараҷа пурраю мукаммал намуданд. Аз ин лиҳоз, метавон гуфт, ки он қонуни мардумист, зеро бо қабули он зиндагии мардум ба низом даромад… 

- Бале, ҳамин тавр аст. То қабули қонун, то ҷое ки огаҳӣ дорем, дар ҳудуди шаҳру навоҳии мамлакат беш аз 70 номгӯйи ҷашну маросимҳо, ба амсоли тӯйҳои хатнасур, домодию арӯсӣ, дафну азодорӣ, ҳаҷу зодрӯз ва ғайра арзи вуҷуд дошт, ки мутаассифона, аксари онҳо серхароҷоту аз нигоҳи иқтисодӣ зараровар буданд. Акнун аз ин номгӯйи ишорашуда ҳамагӣ 15 номгӯйи он боқӣ мондааст, ки мардум бо риояи талаботи қонун ин маросимҳоро дар сатҳи зарурӣ баргузор менамоянд. Воқеан ҳам бо рӯи кор омадани қонуни мазкур зиндагӣ маҷрои дигар гирифт. Бинед, ки  бо афзудани издивоҷ ва мустаҳкам шудани оилаҳои нав, эҳтиёҷ ба бунёди манзил чӣ қадар афзудааст? Дар натиҷаи ин таҳаввулоти арзишманд даҳҳо маҳаллаҳои  зебои аҳолинишин бо бунёди хонаю биноҳои муҳташаму барҳавои замонавӣ ба вуҷуд омаданд.

- Хуб мешуд, ки дастовардҳои қонуни мазкурро дар ҳудуди шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоб бо овардани факту рақамҳои оморӣ шарҳ медодед.

- Ноил шудан ба пешравию дастовардҳо, пеш аз ҳама, ба сатҳи масъулият ва сифати кори мудирони бахшҳои танзими шаҳру ноҳияҳо ва намояндагони онҳо дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот сахт  вобастагӣ дорад. Дар ин самт фаъолияти самаровари  мудирони бахшҳои танзими расму оинҳои  ноҳияҳои Муъминбоду Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва  Шӯроободу Восеъ воқеан ҳам шоистаи таҳсину офарин ва лоиқи ибрату намунаи дигаронанд. Мудирони бахши мазкури ин ноҳияҳо дар ошкору сари вақт рафъ намудани  ҳодисаҳои қонуншикании ашхоси гуногунмақом кордону принсипноканд. Таҷриба нишон дод, ки дар он шаҳру ноҳияҳое, ки мудиронашон муросокору ба қавле «дилсӯз» ҳастанд, натиҷаи фаъолияташон табъи дил нест. Бо ҳамин иллат мудирони бахши мазкури баъзе шаҳру ноҳияҳо, ба амсоли шаҳри Кӯлобу ноҳияи Балҷувон зуд-зуд иваз мешаванд.

Дар давоми чор моҳи соли ҷорӣ 1001 тӯйи хатнасур ва 2819 тӯйи домодию арӯсӣ баргузор гаштааст, ки ҳамагӣ дар нуҳ ҳолат қонуншиканӣ ба қайд гирифта шудааст.

Албатта, ин рақам хеле ночиз аст ва чандон боварибахш ҳам нест. Шояд дар бештари маврид бо маслиҳати баъзе роҳбарони гуногунсатҳ ин гуна қонуншиканиҳо пӯшида мемонанд!? Мақсад аз даъвати чунин семинарҳои таҷрибавии мо ҳам маҳз рафъи ҳамин нофаҳмиҳост.

Мусоҳиб Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум»