САНГВОР. БОРИШОТ 13285400 СОМОНӢ ЗАРАР ОВАРД

№67 (3547) 24.05.2016

селБоришоти баҳори имсола дар кишвар харобиҳои зиёд дар пай гузошт. Дар натиҷаи баланд гардидани сатҳи оби дарё ва рӯдҳо дар баъзе маҳалҳои ноҳияи Сангвор низ сел омад, ки харобиҳои зиёдро ба думбол дошт.

Роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия Маҳмадҷон Пирназаров изҳор дошт, ки аз офати табиӣ 30 хонаи истиқоматӣ зарар дида, 9 хона дар ҳолати садамавӣ қарор доранд. Боми баъзе биноҳо ба намнокии зиёд тоб наоварда, фурӯ рафтанд. 24 километр роҳ, 29 пул, аз ҷумла як пул дар шоҳроҳи Душанбе -Сангвор, 13 километр канал, 3750 метр хатти оби нӯшокӣ, 9,2 кило­­метр хатти интиқоли неруи барқ ва 91, 2 гектар киштзор вайрону валангор шуд. Офати табиӣ сабаби марги 840 сар чорвои хонагӣ ва 531 оила занбӯри асал гардид.

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия барои кӯчондани беш аз 30 хонаводаи аз офати табиӣ зарардида ба мавзеи нави зист тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Зарари ба буҷет расонидашуда тибқи ҳисобҳои пешакӣ 13285400 сомониро ташкил медиҳад.

Диловари МИРЗО, «Садои мардум»