Саноатикунонии босуръат — табаддулоти иқтисодӣ

№26 (4132) 27.02.2020

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолони Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон саҳми онро дар рушди мамлакат таъкид намуданд. Дар баробари дигар корҳо, иттифоқҳои касаба барои расидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар, корҳои шоёнро анҷом доданд. Дар ин бора бо раиси Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Қодири ­Қосим ҳамсуҳбат шудем.

sfdf- Татбиқи ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон доир ба саноатикунонии босуръати кишвар аз нигоҳи шумо чӣ тавр ҷараён дорад?

- Таҷрибаи кишварҳои рӯ ба инкишоф ва дорои иқтисоди устувор шаҳодат медиҳад, ки шахсият сабаби асосии пешравӣ ва пирӯзӣ мебошад. Ҳанӯз дар қарни бист маҳз бо саъю талоши Отатурк Камол давлати Туркия, Франс Аденауэр — Олмон, Ли Куан Ю — Сингапур, Ден Сяопин — Хитой, Маҳатҳир Муҳаммад — Малайзия, Урхо Калева Кеконен давлати Финландия аз кишварҳои қафомонда ба давлатҳои дорои иқтисоди қавӣ табдил ёфтанд. Далели бебаҳс аст, ки дар инкишофи иқтисод ва пешравиҳои Ҷумҳурии Тоҷикис­тон саҳми Пешвои миллат арзандаи ситоиш аст. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷузъи Иттиҳоди Шӯравӣ буд, пас аз парокандашавӣ танҳо монд. Иншооти саноатии кишвар, ки асосан ба тавлиди ашёи хом ва коркарди ибтидоӣ машғул буданд, фалаҷ гардиданд. Ҳатто коммуникатсияи дохилӣ ва берунӣ муҳосира гардид. Мутаассифона, шабакаи гидроэнергетикаи кишвар низ аз маҷмааи воҳид берун афтод. Дар чунин шароит эҳёи иқтисод ва ташаккули саноат, қариб ки имконнопазир буд.

Саноатро бе неруи барқ, коммуникатсия, мутахассис ва ашёи хом ташкил кардан афсона аст. Дар шароити басо мушкили даргириҳо, муҳосираҳои иқтисодӣ, буҳрони молиявии ҷаҳонӣ, авҷи талошҳои абарқудратҳо барои афзалияти геополитикӣ Пешвои миллат дар ин самт иқдом карданд. Ба қавли мардуми Шуғнон, Президент бо нохун кӯҳро шикоф карда, дуюмин дар ҷаҳон нақби кӯҳии бидуни бетон — НБО- и «Помир — 1»-ро бунёд намуданд. Банда дар он давра шоҳиди заҳмату талошҳои Президент будам. Ин иқдом ба сохтмони «Сангтӯда — 1» ва «Сангтӯда — 2» такон бахшид. Дар ин замина, таҷрибаи бо неруи худӣ сохтани иншооти саноатӣ ба вуҷуд омад. Сипас, барои бунёди НБО-и «Роғун» Пешвои миллат кӯшиш ба харҷ доданд. Ин иқдом барои иддае аз сиёсатмадорон афсона менамуд. Чунон ки нависандаи англис Роберт Уэлс барномаи ГОЭЛРО- и Ленинро хаёли хоми болшевикӣ номида буд. Бузургӣ ва хиради волои Сарвари давлат дар он аст, ки ба бунёди саросемавори сохтмони азим даст назаданд. Зеро иншоотро бе раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ташкили фазои мусоиди сармоягузорӣ, омӯзиши амиқи ҷуғрофӣ, иқлим ва геофизикӣ сохтан имконнопазир буд. Бунёди шоҳроҳҳои азими Душанбе — Хоруғ- Кулма, Душанбе — Хуҷанд — Чаноқ, роҳҳои оҳани Душанбе — Кӯлоб, Душанбе — Ёвон, сохтмони шабакаи мухтори энергетикӣ, тайёркунии кадрҳо тарҳи неругоҳро мукаммал намуданд. Муҳим он аст, ки ба ин барномаҳо Пешвои миллат ҷомеаи шаҳрвандиро ҷалб карданд. Нахустин мулоқоти Роҳбари мамлакат бо зиёиён ва олимон, таъсиси ҳамоиши иқтисодии минтақавӣ, рушди шабакаи ғайридавлатию ғайритиҷоратии кишвар, таъсиси Шӯрои ҷамъиятӣ, Шӯрои ҳамоҳангсозии фазои сармоягузорӣ, робита бо калонтарин ташкилотҳои ҷамъиятии байналмилалӣ, хайриявӣ, аз ҷумла, ЮСАИД (ИМА), «Агроаксияи Олмон», Бунёди Оғохон, АКДН, барномаҳои рушди СММ, САҲА, Бунёди дастгирии Швейтсария, Фонди рушди Аврупо, Оҷонсии дастгирии Ҷопон (Ҷайка), Салиби Сурх, ЮНИСЕФ, АКТЕД, Айрекс имкониятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро муаррифӣ кардаанд ва аз тариқи онҳо лоиҳаҳои иҷтимоӣ татбиқ, сармоягузорӣ афзун шуд.

Лозим ба ёдоварист, ки бо иқдоми ташкилотҳои иттифоқҳои касаба, ташкилотҳои ғайридавлатии мамлакат (189 ташкилоти самти омӯзиши иқтисодиёт) имкониятҳои кишварро муаррифӣ намуданд.

Аз ҷониби Федератсияи Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон дар даҳ соли охир 230 ҳамоиш ва барномаҳои таблиғотӣ оид ба имкониятҳои иқтисодӣ ва захираҳои зеризаминии кишвар доир гардид.

Бояд ошкоро зикр намуд, ки бонкҳои маъруфи ҷаҳон якбора ба иқтисодиёти кишвар таваҷҷуҳ зоҳир накарданд. Онҳо натиҷаҳои иқтисодии нахустин лоиҳаҳои сармоягузорӣ, аз ҷумла, «Сангтӯда-1», «Помир-1», ширкати мухобиротии «Тселл», меҳмонхонаҳои «Ҳайят Реҷенси», «Сирена — Душанбе»- ро санҷиданд.

Дар ин замина, Бонки рушди Осиё, Хазинаи байналмилалии асъор, Бонки ҷаҳонӣ, Бонки рушди исломӣ, «Эксимбонк», Бонки таҷдиди Аврупо ба 140 иншооти саноатӣ сармоягузорӣ карданд.

Гузариш аз иқтисоди аграрӣ — саноатӣ ба саноатӣ- аграрӣ танҳо ивази истилоҳ нест. Баҳри тақвияти он Сарвари давлат барномаи рушди саноати маъдани кӯҳиро пешкаш карданд. Пӯшида нест, ки ягон кишвар саноати кӯҳиро дар алоҳидагӣ бунёд карда наметавонад. Имрӯз ИМА, Ҷопон, Русия, Чин танҳо 60 фоизи саҳми корхонаҳои саноати кӯҳиро доро мебошанд. Бунёди корхонаҳои муштараки истеҳсолии тилло, сурб, нуқра, ангишт, криолит, кислотаи сулфат бо шарикии 12 давлати дунё ба роҳ монда шуд. Ҳоло Тоҷикистон аз нигоҳи истеҳсоли металлҳои қиматбаҳо дар Осиёи Марказӣ дар ҷойи аввал меистад. Аз 120 ҳазор тоннаи соли 1999 соли гузашта истеҳсоли ангишт ба зиёда аз ду миллион тонна расид. Иншооти барқу гармидиҳии Душанбе, КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик», «Сементи тоҷик» бо ангишт кор мекунанд. Воқеан, дар саноати металлургия ва корхонаҳои маъдани кӯҳӣ ҳоло 17 ҳазор, саноат 22 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ­фаъолият доранд. Тибқи маълумоти мавҷуда, давраи аввали саноатикунонӣ, аз соли 2000 то 2005 натиҷаҳои хуб дод. Дар ин давра номгӯйи маҳсулоти саноатӣ аз 2 ба 8 намуд расид. То ин вақт Тоҷикистон танҳо алюминийи аввалия, нахи пахта содир мекард. Ҳоло алюминийи тайёр, хӯла, сабикаи тайёр, варақаи алюминӣ, сим, криолит, асбест, ангишт, семент, варақа-картон, кислотаи сулфат, алюминийи фтордор, 9 намуди ноқили барқӣ ва оҳак ба Қазоқистон, Туркия, Олмон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Афғонистон содир мешавад.

- Бамаврид мебуд, агар самаранокии истифодаи захираҳои зеризаминии кишварро шарҳ медодед.

- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон давраи дуюми саноатикуниро аз соли 2010 шурӯъ намуданд. Дар ин давра корхонаҳои «Талко — кабел», «Криолит, кислотаи сулфат ва алюминийи фтордор» дар шаҳри Ёвон, корхонаҳои металлургии Ҳисор, Гулистон, Кончоч ва Пакрут ифтитоҳ шуданд. Дар давраи дуюми саноатикунонӣ, асосан Роҳбари мамлакат ба истеҳсоли моли рақобатпазир дар бозори ҷаҳонӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Барои мисол, ҳангоми ифтитоҳи корхонаи «Талко кабел» зикр намуданд, ки маҳсулоти корхона барои бозори ҷаҳонӣ пешбинӣ шудааст.

Соли 2018 давраи нав «Аз иқтисоди аграрӣ ба иқтисоди саноатӣ аграрӣ» гузаштан шурӯъ шуд, ки онро ба кор андохтани чархаи якуми НБО-и «Роғун» оғоз бахшид. Акнун дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ҳиссаи саноат бояд аз соҳаи аграрӣ бештар гардад. Хирадмандии Сарвари давлат боз дар он зоҳир гардид, ки барои содироти маҳсулоти кишоварзӣ шароити мусоид фароҳам оварданд. Соли 2018 ба хориҷи кишвар ба маблағи 165 миллион доллари ИМА мева, сабзавот ва шарбат содир шуд.

- Заминаҳои асосии саноатикунонии кишвар кадомҳоянд?

- Барои амалӣ гардидани ҳадафи чоруми стратегӣ — саноатикунонии босуръат аз ҷониби  Президенти мамлакат чунин заминаҳо гузошта шудаанд:

- фазои мусоид ва озоди сармоягузорӣ;

- захираҳои  ашёи хоми саноатӣ (бо иқдоми Пешвои миллат харитаи захираҳои  зеризаминии кишвар дар феҳраст гирд оварда шуд);

-ташкил ва тақвияти сохторҳои муштарак (алҳол дар кишвар 46 корхонаи муштарак амал мекунад);

- кашфи бозори нав (дар 5 соли охир барои ҳамкориҳои иқтисодӣ ва содироти мол 134 созишномаи байнидавлатӣ баста шуд;

- таблиғ (дар ду сол дар 8 намоишгоҳи байалмилалӣ ва 12 намоишгоҳи дохилӣ маҳсулоти истеҳсоли кишвари мо муаррифӣ шуд).

Бояд қайд намуд, ки Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон шарики боэътимоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди муносибатҳои меҳнатӣ, ҳифзи меҳнат ва манфиатҳои иҷтимоии кормандони кишвар ба ҳисоб меравад. Дар масъалаи муаррифии сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Пешвои миллат Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон якчанд самти афзалиятнокро муайян намудааст. Масалан, бо иқдоми Кумитаи Иттифоқи касабаи «Тоҷикметалл» корхонаҳои саноатии «Талко-кимиё», «Талко — ресурс» озмуни беҳтарин мутахассис ҳар сол доир мегардад. Чанде пеш якумин корхонаи саноатӣ, баъди эълони ҳадафи чоруми стратегӣ дар шаҳри Турсунзода бо номи «Талко-Крантас» ба фаъолият шурӯъ кард.

Ҳоло 11020 ташкилоти ибтидоӣ ва 855655  аъзои  иттифоқи касаба ба барномаҳои стратегӣ ҷалб гардиданд. Дар замони дигаргуншавиҳои азим ва ҷаҳони тағйирёбанда,  Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон фаъолиятро баҳри ташаккули  инсон, ҳуқуқ ва манфиатҳои ӯ, нақш ва ҷойгоҳи аҳли заҳмат дар ҷомеа равона мекунад. Ин мактаби бузургест, ки дар замири инсонҳо эҳсоси худогоҳӣ, хештаншиносӣ, ҳувияти миллӣ ва эҳтиром ба Ватани азизро бедор менамояд.

 - Барои амалӣ гардидани ҳадафи чоруми стратегӣ чӣ  пешниҳод доред?

-Таърих гувоҳ аст, ки бо имконияти заифи иқтисодӣ ҳам комёбӣ ба даст овардан мумкин аст. Ба қавли  сиёсатмадори итолиёвӣ Эрнест Берлингуэр, «Ғалабаи Шӯравиро ватандӯстӣ ва ғурури миллӣ таъмин намуд». Дар солҳои сиюми қарни бист мардуми тоҷик дар 105 рӯз шоҳроҳи Душанбе-Хоруғро бо шиками нимгурусна кушоданд. Биноан, бояд ғурур ва эҳсосоти баланди мардумро бедор намоем. Ин ҳадафро бо баргузории ҳамоиш амалӣ кардан имконнопазир аст. Ҳар соат ва ҳар рӯз мо бояд ба он таваҷҷуҳ зоҳир кунем. Пешниҳодоти мо чунинанд:

- Саноати вазнини мошинсозӣ ва таҷҳизоти саноатӣ дар ягон давлати дунё инфиродӣ ва сирф миллӣ нест. Аз ин рӯ, дар соҳаи саноат, металлургия, мошинсозӣ технологияҳои нав бояд корхонаҳои  муштарак бунёд гарданд.

- Дар баробари ин, бояд давра ба давра мухторият дар истеҳсолот таъмин гардад. Масалан, дар Сингапур 120 корхонаи муштарак бо Ҷопон, Олмон, Ҳиндустон аллакай мухторияти истеҳсолӣ ба даст оварда, бо тамғаи худӣ мол содир мекунанд.

- Дар соҳаи саноат соҳибкории хурду миёна бештар ҳавасманд гардад. Имрӯз дар Аврупо аз бунёди корхонаҳои азим даст кашидаанд. Бунёди корхонаҳои хурди саноатӣ амнияти экологиро низ ҳифз менамояд. Имтиёзҳои иловагӣ ба ин бахш хеле зарур аст.

- Мониторинг-аудити мукаммали корхонаҳои саноатии солҳои 1995-2008 хусусигардонидашуда, ки ҳоло ба мақсади истеҳсолӣ истифода намешаванд, гузаронида шавад. Солҳои 80-ум корхонаҳои «Тоҷикгидроагрегат», Корхонаи чармбарорӣ, фабрикаи пойафзол, «Тоҷикторгмаш», «Восткредмет», Комбинати шоҳибофӣ, «Тоҷик­азот», Корхонаи яхдонбарории «Помир» ба 27 кишвари хориҷ маҳсулот содир мекарданд.

- Гузариш аз содироти ашёи хом ва нимхом ба маҳсулоти пурра тезонида шавад. Масалан, аз 1 тонна алюминий, ки бо нархи 1700 доллари ИМА фурӯхта мешавад, ба маблағи 6700 доллар маҳсулот истеҳсол кардан мумкин аст. Коркарди саноатии зироатҳои техникии пахта, офтобпараст вусъат дода шавад.

- Ҳифзи меҳнат, таҳияи шароитҳои иҷтимоӣ вазифаи аввалиндараҷаи иттифоқҳои касаба мебошад. Мутаассифона, ҳоло як қатор ширкату корхонаҳои муштарак, аҳли меҳнати инфиродӣ, сектори берун аз шуғли асосӣ ба иттифоқҳои касаба ҷалб нашудаанд. Мисли кишвари Беларус ҷалби бозоршин ва аробакаш ба иттифоқи касаба ҳатмӣ дониста шуда, ҳангоми ҷудо кардани имтиёзҳои иҷтимоӣ-суғуртавӣ пешниҳодоти иттифоқҳои касаба ба назар гирифта шавад.

-Тайёр кардани мутахассисони сохторҳои миёнаи истеҳсолӣ барои саноатикунонӣ алҳол ғайриқаноатбахш мебошад. Зарур аст, ки фаъолияти омӯзишгоҳҳои касбии соҳаи металлургия, мошинсозӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, технологӣ ва пажӯҳишгарон  дар пойгоҳи ширкат, корхонаҳои саноатӣ вусъат ёбад.

- Аз эълони ҳадафи чоруми стратегӣ бештар аз як сол сипарӣ шуд. Мутаассифона, вобаста ба он дар радио ва телевизон танҳо иттилоъ  ва чанд барнома намоиш дода мешаваду халос. Журналистикаи иқтисодӣ аз замон ва ҳадаф қафо мондааст. Ҳамзамон бояд таҳлилгарони матбуотии соҳаи саноатро тарбия кунем. Мутаассифона, то ҳол дар Тоҷикистон ягон нашрияи сирф иқтисодӣ — саноатӣ вуҷуд надорад.

-Усули амрикоӣ — британии дар донишгоҳҳо ташкил кардани корхонаҳои таҷрибавии истеҳсолӣ истифода гардад. Масалан, дар Донишгоҳи Йели ИМА факултети геология 46 корхона ва донишгоҳи Кембриҷ 123 лабораторияи истеҳсолӣ доранд. Мутаассифона, ягон донишгоҳ (ғайр аз Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон) пойгоҳи истеҳсолӣ — саноатии худӣ надорад. Олимони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар соҳаи масолеҳи бинокорӣ соли 2017  65 кашфиёти илмӣ чоп карданд. Вале ягон лабораторияи истеҳсолии худӣ надорад.

- Институтҳои тадқиқотии соҳаи саноат ва сохтмон пурра ба тобеияти вазорату ширкатҳо дода шуда, қимати пажӯҳиши  онҳо мисли Ҷопон ва Сингапур дар фоидаи истеҳсолӣ арзёбӣ гардад.

- Саноати коркарди партовҳои саноатии металлургӣ ва хӯрокворӣ, ба мисли таҷрибаи Шветсия, Олмон, Канада созмон дода шавад. Кишти зироатҳои техникӣ, аз ҷумла, пахта, соя, зағир, геран, тамоку зиёд карда шавад.

Мусоҳибон Сайфиддин СУННАТӢ«Садои мардум»,

Наҷмиддин ШОҲИНБОД, Рӯзноманигор