Бахшида ба 5500 - солагии Саразми бостонӣ

Саразм — ватани аввалин муҳандисони Осиёи Миёна

№81 (4031) 06.07.2019

«Сарчашмаҳои таърихӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки бозёфтҳои маданияти қадимаи халқи тоҷик ба ҳазорсолаи чоруми то милод мансуб буда, аввалин шаҳрҳову нахустин давлатҳои таърихии мо дар ҳамин сарзамин ба вуҷуд омадаанд, ки намунаи беҳтаринашон шаҳраки қадимаи Саразм мебошад».

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Саразм2Ёдгории қадимаи халқи тоҷик Саразм аз намунаҳои бузурги тамаддуни ҷаҳонӣ буда, аввалин бор бобати он бостоншинос, номзади илмҳои таърих, Абдуллоҷон Исҳоқов дар асоси бозёфти сокини деҳаи Авазалии деҳоти «Чимқӯрғон» (ҳоло «Саразм») Ашӯралӣ Тайлонов маълумот медиҳад.

Ашӯралӣ Тайлонов соли 1972 дар вақти сохтмони хонаи истиқоматӣ табареро пайдо карда, ба кормандони Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихӣ-кишваршиносии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии шаҳри Панҷакент нишон медиҳад. Бо маслиҳати онҳо бозёфтро ба бостоншинос Абдуллоҷон Исҳоқов, ки он замон дар шаҳри Панҷакенти қадим ҳафриёт мегузаронид, месупоранд. Ин ҳодиса боис мешавад, ки оид ба таърихи Саразми қадим бостоншинос Абдуллоҷон Исҳоқов аввал мақола, сипас, соли 1991 китоби илмии калонҳаҷми «Саразм. К вопросу становления раннеземледельческой культуры Зеравшанской долины (раскопки 1977 — 1983 гг.)» — ро нашр намуд.

Саразм1Соли 1978 таҳти роҳбарии Абдуллоҷон Исҳоқов гурӯҳи археологии Институти таърих, археология ва этнографияи ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Тоҷикистон дар он ҷо ба тадқиқот шурӯъ намуд. То соли 1985 чор бино ва 10 хандақи Саразм ошкор шуда, масоҳати бинои аввал 180 метри мураббаъ буда, аз ҳафт хона иборат аст. Девори бино аз хишти хом сохта шудааст. Бинои дуюм 500 метри мураббаъ масоҳат дошта, 48 хонаро дар бар мегирад. Девораш пох­сагист. Масоҳати бинои сеюм 350 метри мураббаъ буда, 13 хона дорад.

Бинои сеюм барои омӯзиши таърихи санъати меъмории тоҷикон, аз рӯи нақшаи махсус сохта шудааст.

Далелҳо шаҳодат медиҳанд, ки дар он ҷо наҷҷорию кандакорӣ, кулолгарию оҳангарӣ, дӯзандагию пазандагӣ тараққӣ карда буд. Аҳолии Саразм асосан бо деҳқонӣ, чорводорӣ, моҳигирӣ, шикор, косибӣ ва маъдангудозӣ (мис, тилло, қалъагӣ) машғул буданд.

Пӯшоку палоси саразмиён аз пашму пӯст буд. Кулолони Саразм ба воситаи чархи кулолӣ коса, табақ, ҷом, пиёла, кӯза, хурма сохта, бо ранги сиёҳ, қирмизӣ, сурх, гулобӣ, зардча оро медоданд. Сокинони Саразм бо кишварҳои соҳили халиҷи Форс, бандарҳои Араб, давлати Ҳинд робитаи тиҷоратӣ доштаанд, ки ашёи биринҷӣ (корд, ханҷар, табари дудама), сангҳои даставори тарозу, зарфҳо, асбоби зебу зинати (аз фирӯза, лоҷувард, ақиқ) ёфтшуда аз ин шаҳодат медиҳанд. Муҳим он аст, ки кулолгарони Саразм аввалин шуда, дар минтақаи Шимолу Шарқи Осиёи Миёна ба сохтани зарфҳо ва нақшбандии онҳо шурӯъ намуданд. Зарф­ҳои гилӣ аз рӯи намуди берунаашон ба зарфҳои нақшдор ва бенақш ҷудо мешаванд. Ин ду гурӯҳ боз ба ду гурӯҳи дигар тақсим мешаванд. Зарфҳои нақшини дуранга (монохромӣ) ва серанга (полихромӣ).

Дар Саразм олимони машҳур — профессорони Донишгоҳи Гарвард, бостоншиносон Ланберг Карловский ва Филим Кол, санъатшиноси маркази миллии тадқиқоти илмии Франсия, омӯзгори Университети Сорбонна Вероник Шилс, доктори илмҳои таърих аз Ленинград (ҳоло Санкт — Петербург) Ю. А. Заднепровский, Ю. Ф. Буряков — доктори илмҳои таърих, муовини директори Институти археологии Академияи улуми Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Пол Бернар — доктори илм­ҳои таърих, мудири гурӯҳи археологияи Маркази миллии тадқиқоти илмии Франсия, А. Асқаров — аъзо — корреспонденти Академияи улуми Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Б. А. Литвинский — академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор, ходими хизматнишондодаи илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Р. М. Мунчаев – муовини директори Институти археологияи Академияи улуми ИҶШС, Б. И. Маршак — мудири сектори Эрмитажи давлатии Санкт — Петербург, доктори илмҳои таърих, Р. М. Масов — доктори илмҳои таърих, академик, Ҷон Клод Горден — бостоншиноси машҳури Франсия пажӯҳиш гузаронидаанд.

Дар асоси хулосаи археологҳо маданияти шашуму панҷуми ҳазорсолаи ниёкон давраи тараққиёти ҷамъияти замони энеолит, асри сангу мис меҳисобанд. Ин давраи ибтидоии ташаккули тамаддун мебошад. Мардуми Саразми қадим бофарҳанг буда, он ватани муҳандисони аввалини Осиёи Миёна ба шумор меравад. Дар байни бозёфтҳо ашёҳое ҳастанд, ки мартабаи моддӣ ва маънавии сокинонро муайян мекунанд. Оид ба маданияти маънавӣ ва эътиқодии ниёкон бояд қайд намуд, ки маънавияти онҳо бо маданияти моддиашон шабеҳ буд. Дарёфти бозубанд, шаббаҳои тиллоӣ, ҷому марҷонҳои нуқрагӣ, оташгоҳҳои мудаввару чоркунҷаи муқаддас, ҳайкалчаҳои одаму ҳайвоноти аз гилу санг сохташуда ва нақшҳои сеҳрноки дар танаи девору зарфҳо кашидашуда аз дараҷаи баланди тараққиёти маънавии онҳо шаҳодат медиҳанд. Тадқиқотҳои гузаронидашуда нишон медиҳанд, ки сокинони Саразм зиёда аз 40 намуди ҳунармандиро бо тамоми нозукӣ аз худ кардаанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ду маротиба (солҳои 2003 — 2005) ба Саразм ташриф оварданд. Дар робита ба ин ­масъала, зимни вохӯрӣ бо зиёиёни кишвар соли гузашта гуфта буданд: «Таърих оинаи ҳар як халқу миллат мебошад. Мо бояд ин оинаро ҳамеша беғубор нигоҳ дорем, то ки мардум ва махсусан, наврасону ҷавонон роҳи пуршарафи тайкардаи халқамонро дар он равшану возеҳ дида тавонанд».

Иқдоми Пешвои миллат — ҷашнгирии 5500 — солагии Саразми бостонӣ, идомаи мантиқии ибтикороти қаблии Сарвари хирадманду дурандеши кишвар маҳсуб шуда, водор месозад, ки мероси қадимаро ҳифз карда, онро ҳамчун сабақи таърих ба наслҳои ояндаамон мерос гузорем.

Равшан Усанов, Сафар Эркаев, дотсентони ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров