Шахсиятҳои бузург лоиқи ҳама гуна ҷоизаанд

№104 (4054) 29.08.2019

Дар таърихи ду халқи ба ҳам бародар ва ҳамсояи қарин — тоҷику ӯзбек 9 марти соли 2018 бо ҳарфҳои заррин сабт меёбад. Дар ин рӯз Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекис­тон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба шаҳри Душанбе – пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафари расмӣ ташриф овард. Меҳмони олиқадрро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тамоми тоҷикистониён самимона пешвоз гирифтанд. Мардуми дунё ба меҳмоннавозии тоҷикон баҳои баланд доданд. Воқеан, аз нав барқароршавии муносибатҳои сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии ҳар ду миллати ҳамфарҳанг дастоварди бузургест. Мо, сокинони ҷумҳуриҳои соҳибистиқлоли Тоҷикистону Ӯзбекистон, чандин сол ин беҳамоиро интизорӣ кашидем.

Зимни вохӯрӣ Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев Президенти Тоҷикистонро ба оғӯш гирифта: ­«Эмомалӣ Раҳмон бародари ман ва дӯсти мо», — гӯён суханронӣ карданд. Ҳангоми мулоқот ва вохӯриҳо 27 созишнома ба манфиати халқҳои тоҷику ӯзбек ба имзо расида, 16 гузаргоҳи сарҳадӣ кушода шуд. Дар тантанаҳои ба ин муносибат доиршуда, тоҷикону ӯзбекон ашки шодӣ мерехтанд ҳамдигарро ба оғӯш мекашиданд, суруду тарона мехонданд, мерақсиданд.

Моҳи августи соли 2018 сафари ҷавобӣ — давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ӯзбекистон сурат гирифт, ки ба шодии мардуми ҳар ду кишвар хурсандии нав зам намуд.

Мо низ дар қатори сокинони ноҳияи Поп, шаҳри Чуст ва ноҳияи Косонсойи вилояти Намангони Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо меҳру муҳаббати беандоза бо гулдастаҳо ба пешвози муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Тошканд рафтем. Дар хиёбону кӯчаҳои шаҳри Тошканд зиёда аз 1 миллион одам бо гулдастаю шиорҳо интизори муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд. Мардум бо як овоз «Хуш омадед, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!» ва кӯдакон бо гулдастаҳо «Хуш омадед, бобоҷон!» мегуфтанд.

Он рӯз ба иди дӯстии тоҷику ӯзбек мубаддал гашт. Ин воқеаро журналистони хориҷӣ мушоҳида карда, дар ҳайрат монданд ва моро акс гирифта, саволборон карданд. Ҳамин тариқ, дар деҳаи Чодаки ноҳияи Поп, шаҳри Чуст ва ноҳияи Косонсойи вилояти Намангони Ҷумҳурии Ӯзбекистон маъракаи «Оши дӯстӣ» ташкил карда шуд.

Мо аз сиёсати инсондӯстона ва хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев бениҳоят хурсандем. Ба шарофати онҳо миллатҳои тамаддунофари тоҷику ӯзбек аз нав ба ҳам омаданд. Айни замон дар Ӯзбекистон мактаб­ҳои тоҷикӣ фаъол шуданд ва забони тоҷикӣ мавқеи пешинаашро касб намудааст. Аз ҷумла, дар деҳаи Чодаки ноҳияи Попи вилояти Намангон дар мактабҳои № 20, 26 ва 50 синфҳои тоҷикӣ кушода шуданд.

Воқеан, ба хотири дӯстии пояндаи тоҷикону ӯзбекон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳоло боғҳои истироҳатии ба номи А. Ҷомӣ ва А. Навоӣ кушода, ҳайкалҳои ин ду фарзанди бузурги миллатҳои тоҷику ӯзбек гузошта шудааст.

Меҳмонони ӯзбекистонӣ, ҳар гоҳе ки ба Тоҷикистон меоянд, ободию гулгулшукуфӣ ва биноҳои боҳашамат, боғу гулгаштҳо, хиёбонҳои васеу зебои кишварро дида, ангушти ҳайрат мегазанд. Ҳар як сокини Ӯзбекистон, ки меҳмони пойтахти Тоҷикис­тон мешавад, ҳатман ба Боғи фарҳангии ба номи Алишер Навоӣ рафта, дар назди ҳайкалҳои ду дӯст — устоду шогирд Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишер Навоӣ таваққуф намуда, таърихи гузаштаву имрӯзаро ба ёд меорад ва ба хидматҳои сарварони халқпарвари ду кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев арҷ мегузорад, ки муҳити озод фароҳам сохтаанд.

Ҳамчунин, тавассути радио, телевизион ва интернет огоҳ шудем, ки Ҷамъияти ӯзбекони Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Ҷамъияти «Сипарони Ватан» солҳои 2018-2019 дар шаҳрҳои Бохтар, Ваҳдат, ноҳияҳои Лахш, Рӯдакӣ, Вахш, Панҷ, Ҷайҳун, Дӯстӣ, Ҷалолиддин Балхӣ, Шаҳритуз, Қубодиён ҷамъомад доир намуда, самараи талошҳои ин ду абармардро тарғибу ташвиқ мекунанд. Дар ҷамъомадҳо мардуми одӣ баромад карда, ба хизматҳои шоистаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев баҳои баланд медиҳанд.

Мо ин ду шахси абарқудратро қаҳрамонони асри XXI мешуморем ва онҳоро арзандаи мукофотҳои олии байналмилалӣ, аз ҷумла, Ҷоизаи Нобел медонем.

Исомиддин Аслонов, сардори ситоди Ҷомеаи ӯзбекони Тоҷикистон, узви Ҷамъияти «Сипарони Ватан»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон,

Равшанбӣ Ғоибназарова, сокини деҳаи Чодаки ноҳияи Поп, вилояти Намангон,

 Гулшаной, Рӯшаной ва Наргиза Исомиддинзодаҳо, муаллимони мактабҳои № 50, 26 ва 20 — и ноҳияи Поп, 

Муҳаммад Зафариддин ва Муҳаммад Зайналобиддин, хизматчиёни Роҳи оҳани Ҷумҳурии Ӯзбекистон, 

Баҳодур Ҳакимов, Махфират Ҳакимова ва Турғунбой Қурбонов, нафақахӯрон аз шаҳри Чуст