Шарҳи расмии Вазорати корҳои дохилӣ дар бораи ҳодисаи ҳамла ба сайёҳон

№93 (3887) 02.08.2018

29 июли соли равон, тахминан соати 15:30 дақиқа, як гурӯҳи мусаллаҳи ҷинояткор бо автомашинаи тамғаи «Леганзе», рақами қайди давлатиаш 74-98 ВН 03 дар шоҳроҳи Кӯлоб – Душанбе, дар ҳудуди деҳаи Сафобахши деҳоти «Оқсу»-и ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон (дар км 81) бо суръати баланд ба 7 нафар сайёҳи хориҷӣ – шаҳрвандони Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Швейтсария, Нидерландия ва Франсия, ки савори велосипед аз самти Кӯлоб ба самти шаҳри Душанбе ҳаракат менамуданд, ҳуҷум кард.

Гурӯҳи ҷинояткор пас аз пахш кардан ва аз по афтонидан бо корду табар ба узвҳои ҳаётан муҳими сайёҳон зада, ба онҳо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ расонида, ҷойи ҳодисаро тарк кардааст.

Дар натиҷа, 4 сайёҳи хориҷӣ — Аустин Ҷей, Лаурен Анне Мунотз (шаҳрвандони Иёлоти Муттаҳидаи Америка), Воке Рен Виллем (шаҳрванди Нидерландия), Хамел Маркус (шаҳрванди Швейтсария) ба ҳалокат расида, 2 нафари дигар — Ким Айрис ва Дименд Мари Клер (шаҳрвандони Швейтсария) дар ҳолати вазнин ба беморхонаи ноҳияи Данғара бистарӣ карда шуданд. Шаҳрванди Франсия Казабат Гуиллаюм Ҷеан осеб надидааст.

Бо расидани ин хабари муд­ҳиш ба таври фаврӣ Ситоди байниидоравии махсус таҳти роҳбарии муовини якуми вазири корҳои дохилӣ Абдураҳмон Аламшозода таъсис дода шуд, ки ба он кормандони Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ шомил гардиданд. Ситод, ҳамзамон амалиёти махсус ва дигар чорабиниҳои оперативӣ -ҷустуҷӯйиро барои кушодани ҷиноят оғоз намуд.

Оид ба ҳодисаи рухдода бо аломатҳои одамкушӣ аз тарафи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, амалиёти таъхирнопазири тафтишотӣ-оперативӣ ҷиҳати ошкоркунии ҷиноят ва дастгир кардани ҷинояткорон ба роҳ монда шуд.

Ҳангоми ҷустуҷӯ бо ёрии сокинони ноҳия автомашинаи ҷинояткорон дар деҳаи Торбулоқи ноҳияи Данғара дарёфт гардид. Дертар ҷинояткор Абдусамадов Ҳусейн Абдусамадович дастгир шуд.

Ҷинояткори дигар – Юсупов Аслиддин Садриддинович бинобар сабаби нишон додани муқобилияти мусаллаҳона, бо истифода аз табар ба баногӯши корманди мақомоти корҳои дохилӣ – муовини якуми сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД, подполковники милитсия Назарзода Ҷумахон Маҳмадрасул зарба задан, безарар гардонида шуд. Дар натиҷа, Ҷ. Назарзода ҷароҳати вазнин бардошт.

Дар вақти азназаргузаронии ҷойи ҳодиса ва автомашина далелҳои шайъӣ, ба монанди корд ва табари хунолуд, як телефони дастӣ, 2 борхалта, пойафзоли варзишӣ, 2 адад шиноснома ба номи Маҷидов Асомиддин ва Сафаров Зафар (зода ва сокинони ноҳияи Панҷ) дарёфт ва гирифта шуданд.

Ҳангоми пурсиш дастгиршуда Абдусамадов Ҳ. А. тасдиқ кард, ки ӯ роҳбари гурӯҳи муташаккили ҷиноятии мазкур мебошад. Аз нишондоди ӯ бармеояд, ки номбурда дар солҳои 2014-2015 чор маротиба ба шаҳрҳои Қум ва Мозандарони Ҷумҳурии Исломии Эрон сафар карда, таълими идеологӣ, ҳарбӣ -диверсионӣ гирифтааст. Ӯ дар он ҷо бо аъзои фаъоли ташкилоти террористӣ ва экстремистии Ҳизби наҳзати ислом — ҷинояткори дар ҷустуҷӯ қарордошта Убайдов Носирхӯҷа Аҳтамович бо тахаллуси «Қорӣ-Носир» вохӯрда, бо роҳи додани байъат ба Ҳизби экстремистии наҳзати ислом шомил гардидааст.

Фармоишгари ҷиноят Убайдов Н. А., ки аз соли 1992 узви фаъоли ташкилоти экстремистӣ — террористии Ҳизби наҳзати ислом мебошад, аз соли 2015 дар ҷустуҷӯйи расмӣ (бо моддаи 187 КҶ) қарор дорад.

Сипас, Абдусамадов Ҳ. А. бо мақсади халалдор сохтани амнияти ҷамъиятию давлатии Тоҷикис­тон таҳти роҳбарии бевоситаи Убайдов Н. А. ҷинояти мазкурро бо бераҳмии махсус бо дигар шарикон содир намуданд. Пас аз содир намудани ҷиноят онҳо мақсад дош­танд, ки тавассути ноҳияи Панҷ ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон фирор карда, ба гурӯҳҳои террористӣ пайваст шаванд.

Муайян гардид, ки бародари Абдусамадов Ҳ. А. — Абдусамадов Бахтиёр Абдусамадович бо тахаллуси «Мулло Умар» узви ташкилоти террористии «Ҳаракати исломии Туркистон» мебошад ва айни ҳол барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти террористӣ -экстремистидошта адои ҷазои ҷиноятӣ карда истодааст.

Инчунин, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯйӣ 4 нафар ҷинояткор – Маҷидов Асомиддин, Сафаров Зафар, Юсупов Ҷаъфариддин, Юсупов Аслиддин дар деҳаи Осмондараи ноҳияи Данғара аз тарафи гурӯҳи оперативӣ ошкор карда шуд, вале, бинобар сабаби ҳуҷуми мусаллаҳона бо корду табару дост ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ онҳо дар ҷойи ҳодиса безарар гардонида шуданд.

Ба гумони алоқа ба ин гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ сокинони шаҳри Кӯлоб Шарипов Диловар, Назаров Ҷамшед, сокини ноҳияи Ҷайҳун Сайфиддинов Вайсиддин ва барои маблағгузорӣ намудани онҳо сокини шаҳри Норак Ғаниев Кароматулло Исматуллоевич дастгир карда шуданд.

Бояд қайд намуд, ки ҷинояти мазкур пурра ошкор ва гумонбаршудагон — Абдусамадов Ҳусейн Абдусамадович (соли таваллуд 11.06.1985, зодаи ноҳияи Панҷ, сокини шаҳри Душанбе) дастгир карда, Маҷидов Асомиддин Ёрмаҳмадович (соли таваллуд 14.01.1999, сокини ноҳияи Панҷ, ҷамоати деҳоти ба номи С. Кабуд, деҳаи Селга), Сафаров Зафарҷон Ҷумаевич (соли таваллуд 14.11.1999, сокини ноҳияи Панҷ, ҷамоати деҳоти ба номи С. Кабуд, деҳаи Селга), Юсупов Ҷаъфариддин Садриддинович (соли таваллуд 11.01.1997, сокини шаҳри Норак, кӯчаи Тургенев, бинои 14, ҳуҷраи 23), Юсупов Аслиддин Давлатбекович (соли таваллуд 26.03.1992, сокини шаҳри Норак, кӯчаи Тургенев, бинои 14, ҳуҷраи 23) зимни гузаронидани чорабиниҳо безарар гардонда шуданд.

Ёдовар бояд шуд, ки Абдусамадов Ҳусейн қаблан барои содир намудани ҷинояти қаллобӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҷиноятҳои вазнин дар Федератсияи Россия ҳабс гардидааст.

Инчунин, маълум шуд, ки Абдусамадов Ҳусейн ба Маҷидов Асомиддин Ёрмаҳмадович ва Сафаров Зафарҷон Ҷумъаевич хешу табори наздик ва Юсупов Ҷаъфариддин бо Юсупов Аслиддин бародар мебошанд.

Бояд гуфт, ки оид ба ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ барои одамкушӣ оғоз шуда бошад ҳам, тафтишот дигар фарзияҳои эҳтимолиро истисно намекунад.

Рафти тафтиши парвандаи ҷиноятӣ бевосита таҳти назорати Роҳбари давлат қарор дорад.

АМИТ «Ховар»