Қонун ва иҷрои он

Шукри неъмат неъматат афзун кунад…

№72 - 73 (3866 - 3867) 12.06.2018

Тағйироте, ки баъди қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» ба вуҷуд омад, шаҳодат медиҳад, ки он ба маънои том мушкилкушои оилаҳои камбизоату серфарзанд гардид. Дар суҳбат бо мо имом-хатиби масҷиди ҷомеи шаҳраки Ғончии ­ноҳияи Деваштич Наҷмиддин Бобоҷонов андешаҳояшро дар ин маврид чунин баён дошт:

- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» марҳам ба дарди сокинони ноҳияи Деваштич  гардид, зеро аксари онҳо бо чорводорию зироаткорӣ умр ба сар бурда, тӯю маросимҳои сермасраф барояшон вазнинӣ меовард.

Қонуни мазкур аз дигар қонунҳо на танҳо аз лиҳози моҳият, балки аз ҷиҳати мазмун низ фарқ мекунад. Он бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон тавассути маслиҳату машварат бо халқ ва риояи урфу одат, талаботи дину мазҳаб қабул шудааст.

Худованд дар оятҳои 26 ва 27-уми сураи «Исро» ба ононе, ки неъматҳои Худовандро дар ғайри маврид сарфу хароҷот мекунанд, ҳушдор дода мегӯяд: «Беҳуда сарф накунед, албатта сарфкунандагон бародарони шайтонанд».

Дар «Қуръон»-и карим омадааст:  «Агар шумо бар неъматҳои ман шукр кунед, ман неъматҳои додагиамро боз ҳам афзунтар карда медиҳам ва агар куфрони неъматҳои ман кунед, азоби ман сахт аст». Бузургон зери тафсири ояти муборак чунин фармудаанд:

Шукри неъмат неъматат афзун кунад,

Куфри неъмат аз кафат берун кунад.

Бо қабули қонун Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳам аз назари ислом ва ҳам аз назари манфиати раият кори савоб карданд. Омили мазкур аз он шаҳодат медиҳад, ки Президенти кишвар ба зиндагии мардум эътибори ҷиддӣ медиҳанд.

Пешвои миллат дар баромадҳояшон пайваста аз боби сарфаю сариштакорӣ, накукорӣ сухан мегӯянд. Ин андешаҳояшонро Сарвари давлат зимни мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон тақвият доданд.

Ҷиҳати иҷрои дастуру ҳидоятҳои Роҳбари давлат, ки моро баҳри беҳдошти рӯзгор, фароҳам намудани ояндаи дурахшони фарзандон раҳнамоӣ мекунанд, бояд кӯшиш намоем, ки хароҷоти беҳуда дар зиндагӣ роҳ наёбад.

Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар рисолаи «Қуддусияи Амирия» мефармояд: «Пас, агар чӣ неъмат бисёр бувад, исроф макун ва ба қадри ҳоҷат кифоят кун ва дар вақти неъмат аз ҳоли меҳнатзадагон биандеш ва дар фаррохӣ муҳтоҷонро дастгирӣ кун, ки албатта, муҷозот ва мукофот хоҳад бувад».

Ба ин суханони ҳикматомез чизе илова намуданро ҷоиз намедонам.

Таҳияи Ҳусейни Назрулло,

«Садои мардум»