Шумораи ихтиёриён зиёд мешаванд

№131(3432) 02.10.2015

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 сентябри соли 2015 таҳти №567 «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1988 – 1997 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» ба тасвиб расид.

Мутобиқи Фармони мазкур, моҳҳои октябр – ноябри соли равон шаҳрвандони синну соли даъватӣ ба ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои низомӣ барои адои хизмати ҳарбӣ даъват мешаванд. Барои муташаккилона ба анҷом расонидани ин маъракаи муҳим мақомоти дахлдор тадбирҳо меандешанд.

Тавре сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковник Фаридун Маҳмадалиев ба мо иттилоъ дод, дар толори маҷлисгоҳи Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи ҷумҳуриявии даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ Марҳабо Ҷабборӣ ҷаласаи муштараки вазоратҳои мудофиа, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гашт. Дар ҷаласа зикр гардид, ки дар ҷараёни даъватҳои қаблӣ ба хизмати ҳарбӣ камбудиҳои зиёд ба мушоҳида расиданд. Аз ҷумла ҳолатҳои дақиқ наомӯхтани шахсияти баъзе даъватшавандаҳо, муоинаи нопурраи онҳо ва дигар норасоиҳо ҷой доштанд. Таъкид шуд, ки бояд дар даъвати навбатӣ камбудӣ ва норасоиҳо рафъ гашта, он дар доираи талаботи қонунгузорӣ амалӣ шавад.

Ҳамзамон дар Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал – лейтенант Шералӣ Мирзо бо комиссарони ҳарбии вилоят, шаҳру ноҳияҳо ҷаласаи корӣ доир намуд. Мавсуф таъкид кард, ки ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ ҷавонони босавод, аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва рӯҳӣ солим бояд даъват карда шаванд. Ба комиссарони ҳарбӣ супориш дода шуд, ки қабули шаҳрвандонро ба роҳ монда, масъалаҳои вобаста ба даъват ба хизмати ҳатмии ҳарбиро сари вақтҳал намоянд. Зикр шуд, ки солҳои охир шумораи ҷавононе, ки дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ихтиёран хизмат кардан мехоҳанд, зиёд шудааст.

Вобаста ба иҷрои Фармони мазкур ва мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» аз 1 октябри соли равон маъракаи даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ оғоз ёфта, муташаккилона идома дорад.

Аъзам МӯСОЕВ,

«Садои мардум»