Собиқадорони ҷангу меҳнат ба 75-солагии ғалаба дар ҶБВ омодагӣ мегиранд

№115 (4065) 26.09.2019

Чанде пеш дар шаҳри Душанбе Пленуми 4-уми Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои ташкилӣ ва омодагӣ ба таҷлили ҷашни 75-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва самтҳои фаъолият баррасӣ гардиданд.

Дар ибтидо иштирокдорон бо лоиҳаи Қарори пленум «Дар бораи омодагӣ ба таҷлили 75-солагии Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳон» шинос карда шуданд.

Зикр шуд, ки халқи созанда, бунёдкор ва фарҳангдӯсти тоҷик дар арафаи таҷлили сазовори санаҳои таърихӣ, аз ҷумла, 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 75- солагии Ғалаба дар Ҷанги бузурги Ватанӣ, ки ба 9 майи соли 2020 рост меояд, қарор дорад. Аз ин рӯ, Шӯрои собиқадорон дар ин робита як силсила корҳои ташкилӣ, тарбиявӣ, фарҳангӣ, маишӣ-маданӣ ва таблиғотиро анҷом додааст.

Бояд зикр кард, ки ин рӯйдоди таърихӣ дар давлатҳои ИДМ таҷлил мегардад. 24 июли соли равон дар пойтахти Россия-шаҳри Москва ҷаласаи Комиссияи иқтисодии назди Шӯрои иқтисодии ИДМ баргузор гардид, ки дар он як зумра масъалаҳо, аз ҷумла «Дар бораи соли 2020 маблағгузорӣ кардани Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи самтҳои асосии рушди минбаъдаи кумаки тиббӣ ва иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сифати ҳаёти собиқадорони ҷанг-иштирокчиёни муноқишаҳои маҳаллӣ ва аъзои оилаи онҳо дар давлатҳои ИДМ барои давраи то соли 2020», мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Ҳамчунин, 18 сентябр дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои ҳамкории фарҳангии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, ки яке аз масъалаҳои он омодагӣ ба таҷлили 75-солагии Ҷанги дуюми ҷаҳон буд.

Зикр гардид, ки соли гузашта ба 232 нафар иштирокчии Ҷанги дуюми ҷаҳон, 3486 собиқадори амалиёти ҷангӣ дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва 870 собиқадори хизмати ҳарбӣ кумаки яквақтаина расонида шудааст.

Дар хотима, Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати вилоятҳо, минтақаҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор гардиданд, ки аз ҷараёни иҷрои қарори зикршуда то оғози моҳи январи соли 2020 маълумот пешниҳод намоянд.

Ҷамшеди САБОҲИДДИН, «Садои мардум»