Бонги изтироб!

Таъсиси маркази муборизаи биологӣ бар зидди зараррасонҳои зироатҳои кишоварзӣ зарур аст

№149 (3943) 15.12.2018

Саломатии  инсон ба манбаи  озуқа алоқаи зич дорад. Аз ин рӯ, ҳимояи наботот бояд дар мадди назари инсонҳо бошад.

Солимии инсонҳо ба ҳолати  фитосанитарии майдонҳои кишти  зироатҳои  истеъмолӣ вобаста аст. Зараррасонҳои зироати  кишоварзӣ ҳам организми зиндаи биологӣ буда, барои зинда мондан мубориза мебаранд.

Мутаассифона, иддае аз олимони мамлакат қонунҳои табиатро сарфи назар карда, ба деҳқонон истифодаи заҳрхимикатҳои қотилро тавсия медиҳанд. Дар асл барои истифодаи заҳрхимикат фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ лозим аст.

Тайи даҳ соли охир дар Тоҷикистон бе таҳлили дақиқу асоси илмию истеҳсолӣ оид ба мубориза бар зидди зараррасонҳои зироати кишоварзӣ, истифода аз пестисид­ҳои сахттаъсир, якчанд тавсиянома нашр шуд. Моҳиятан муаллифон бо ин роҳ ба деҳқон монеаи наве дар пешравии истеҳсолот эҷод карданд. Тавсияномаҳо, аз қабили «Мубориза бар зидди зараррасонҳои анор», «Мубориза бар зидди сафедболак» ва ғайра асоси илмӣ ва истеҳсолӣ надоранд. Ҳамчунин тавсияномаҳое нашр шуданд, ки тибқи онҳо барои гирифтани ҳосили дилхоҳи харбуза дар Тоҷикистон аз давраи гулкунӣ то пухтани он бояд панҷ маротиба ва ё зиёдтар бо заҳрхимикатҳои қотил коркард гузаронида шавад.

Дар ягон ҳисоботи  илмии роҳбарони лоиҳаҳо таҳлили дақиқи  дар кадом сатҳ қарор доштани биологияи  афзоиши сафедболак дар минтақаҳои ҷанубӣ ва ё марказии Тоҷикистон ба нашр нарасидааст. Имрӯз аз байн бурдани зараррасони ҳамахӯри помидорро мавриди баррасӣ қарор дода истодаанду сабаби асосии паҳншавии онро ошкор карданӣ нестанд.

Маълум аст, ки ҳар як зараррасон душмани табиии худро дорад. Далелҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки ба муқобили ҳашароти ба инсон фоидаовар дар Тоҷикистон солҳои 2016 — 2018 «мубориза»- ро тавсеа бахшиданд. Аниқтараш, олимоне, ки барои ба фурӯш рафтани заҳрхимикатҳо манфиатдор буданд, бо роҳҳои ғайрилегалӣ энтомофагҳоро нобуд карданд. Чунин хизмати хирсонаро як гурӯҳ олимон бо роҳбарии Ҳафиз Муминҷонов анҷом доданд.

Қобили зикр аст, ки энтомофагҳои фаъоли  дар Тоҷикистон мавҷудбуда, ба монанди кеканаи ҳафтхолдор, тиллочашмак, тухм­хӯрак, энкарзе, габробракон, метаселус ва ғайра барои афзоишёбии зараррасонҳо имконият намедоданд.

Мутаассифона, маблағҳои барои ҳимояи наботот ҷудошуда низ ба ҳамин гурӯҳ «насиб» мегарданд. Аз ин рӯ, дар киштзори мамлакат бо дасти чунин олимон ҳашароти фоидаовар нобуд шуда истодаанд. Азбаски таҳдиди зараррасонии ҳашарот дар оянда бештар мешавад, бояд чораҳои зарурӣ андешем. Пеш аз ҳама, лозим аст, ки истеҳсоли энтомофагҳоро ба роҳ монем.

Пешниҳод дорам, ки энтомофагҳои Тоҷикистон, ба монанди тиллочашмак, трихограмма, габрабракон, метосилус, кеканаи 7- хола ва энкарзе ба «Китоби сурх» дохил карда шаванд. Сабабаш дар он аст, ки ин ҳашароти назарногири фоидарасон аз сабаби истифодаи барзиёди заҳрхимикат қариб ба нобудӣ расидаанд.

Туркманистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон дар соҳаи кишоварзӣ  барои  аз зараррасонҳо ҳимоя кардани зироатҳои кишоварзӣ аз воситаҳои биологии  истеҳсоли худӣ васеъ истифода карда истодаанд. Дар ҳар кадом аз ин ҷумҳуриҳо институтҳои махсуси илмӣ — тадқиқотии ҳимояи биологӣ фаъолияти пурмаҳсул доранд. Вале олимони мамлакат дар ин бора «муҳри хомӯшӣ ба лаб задаанд».

Ба ғайр аз ин, зарур ва ногузир аст, ки дар ҷумҳурӣ Маркази муборизаи биологӣ  бар зидди зараррасонҳои зироатҳои кишоварзӣ ташкил карда шавад. Зеро ҷумҳуриҳои ҳамсоя омӯзиши энтомофагҳоро густурда ба роҳ мондаанду дар мо ин ибтикор то ҳол  ба нақша гирифта нашудааст.

Икром ТЕШАЕВ, номзади илмҳои кишоварзӣдотсенти кафедраи «Ҳифз ва карантини растаниҳо»-и ДАТ ба номи Ш. Шоҳтемур