Ҳамовозӣ

Таассуб ғояи ваҳдати миллиро коста мегардонад

№83 (4033) 11.07.2019

Чанде пеш дар робита ба даҳсолагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» суҳбати сархатиби вилояти Суғд Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода дар АМИТ «Ховар» ба нашр расид, ки таърих ва моҳияти санади номбурдаро шарҳ додааст.

Бино ба қавли ӯ, дар замони муосир омилҳои ҷудоихоҳӣ ва коста гардидани ғояи ваҳдати миллӣ дар аксарияти кишварҳои мусулмонии олам маҳз аз бенизомии муносибати инсонҳо ба дин ва давлат сар мезанад.

Номбурда барҳақ мегӯяд, ки «…нодуруст тавзеҳ додани рисолати аслии ислом моро ба гумроҳӣ мебарад». Илова бар ин, дуруст шинохта натавонистани рисолати аслии ислом ба таассубу зиёдаравӣ, тундгӯиву тундхӯӣ низ сабаб мешавад. Таассуб бошад, алҳол аз ҷумлаи масъалаҳои нигаронкунандаи ҷомеа ба ҳисоб меравад.

Баромади ин калима аз забони арабӣ буда, маънояш пайравии кӯр-кӯрона аз чизе, касе ё назарияву ақидае мебошад. Таассуб он аст, ки ин ё он масъаларо, бе он ки дуруст ташхис намоем, дар доираи фаҳмиш ва табъу хости дили худ амалӣ кунем. Инчунин, таассуб як шакли рафторест, ки тамоман бар асоси ҳиссу асабоният бино мешавад. Он эҳсосест, ки аз ҷисмоният ва ҳайвоният ғизо гирифта, аз ботин ба берун нуфуз кардааст.

Моҳиятан таассуб рафтори аз мантиқ ва муҳокима дур мебошад. Аз ин ҷост, ки шахси мутаассибро аз рӯи ақлу мантиқ амал карданаш имкон надорад ва мутаассиб ба як ҳиссиёте, ки ба виҷдони кас хитоб мекунанд, низ бегона аст. Мутаассиб ё таассубгарро дар гуфтор бо калимаҳои тундгаро, ифротӣ, ифротгаро, радикал, фанат ва ғайра ҳам ифода мекунанд.

Илова бар ин, таассуб дар ҳар самту соҳа буда метавонад. Масалан, яке сирф дар хусуси масоили сиёсӣ таассуб дорад, яке дигар дар бораи масъалаҳое, ки ба фарҳанг алоқаманданд, каси дигар сирф ба масоили динӣ ва шариат. Аз ин ҷост, ки таассубро ба таассуби сиёсӣ, фарҳангӣ, динӣ ва ғайра ҷудо мекунанд.

Дар нафарони диндор ҳам таассубро мушоҳида мекунем. Масалан, одамоне, ки ба миёнашон бомба баста, худро дар миёни издиҳом метарконанд, натиҷаи таассуби кӯр-кӯрона аст. Онҳо ақидаи радикалиро ҳақ гумон мекунанд ва ба хотири он тайёранд, худро қурбон кунанд. Ҳол он ки «ҳақиқати» шинохтаи онҳо ба шинохти миллионҳо сокини сайёра мухолиф аст.

Дар замони ҳозира бештар ҷавонон ақидаҳои худро дар ин ё он хусус бо оҳанги нисбатан тунд баён мекунанд. Баъзе ҷавонон, ҳарчанд дониш ва таҷрибаашон дар хусуси масоили гуногун ва ҳассос каму ночиз аст, бо вуҷуди ин, талош мекунанд, ақидаи носаҳеҳи худ­ро ба дигарон таҳмил кунанд. Мехоҳанд дигарон низ мисли онҳо фикр кунанд ва ҷаҳонро аз зовияи онҳо бинанд. Бинобар ин, дар хусуси масъа­лаҳои алоҳида ба дараҷаи ифрот якравию пофишорӣ мекунанд.

Дар маҷмӯъ, бегуфтугӯ, таассуб таҳаммулпазириро аз байн мебарад ва чунон ки сархатиби вилояти Суғд Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода гуфтааст, ба «коста гардидани ғояи ваҳдати миллӣ» боис мегардад.

Маҳмудҷон УСМОН, «Садои мардум»