Табибони тоҷик муваффақ шуданд, ки шиддати бемории силро коҳиш диҳанд

№ 27.03.2021

 кабургаДар натиҷаи талошҳои дастаҷамъона хурӯҷи бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон давра ба давра паст мегардад. Агар ба нишондиҳандаҳои оморӣ нигарем, соли 2007 теъдоди беморони сил дар мамлакат  78,5 ба 100 ҳазор нафар аҳолиро ташкил медод. Ин нишондиҳанда имсол ба 40,5 ба 100 ҳазор нафар аҳолӣ рост меояд, ки дар ин муддат зиёда аз 38  нишондиҳандаи беморшавӣ коҳиш ёфтааст. Шумораи фавтидагон низ соли 2007- ум 7,5 ба 100 ҳазор нафар аҳолӣ расида буд. Аммо соли равон ин нишондиҳанда 1,4 ба 100 ҳазор нафар аҳолиро ташкил дод, ки зиёда аз 4 маротиба кам шудааст. Яъне, метавон хулоса баровард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин муддат дар пешгирӣ ва табобати бемории сил ба натиҷаи хуб ноил гардид, ки ҳеҷ як кишвари ҳамсоя ба чунин дастовард нарасидааст. Ин дар ҳолест, ки ҳамасола 24 март Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди бемории сил   таҷлил  мегардад. Ҳадаф аз гузаронидани ин рӯз, пеш аз ҳама, баланд бардоштани савияи огоҳии  аҳолӣ дар бораи паҳншавии глобалии ин беморӣ, пешгирӣ ва мубориза бар зидди он мебошад.

Зимнан, сил бемории хавфноки сироятӣ буда, ду намуд — шушӣ ва ғайришушӣ  мешавад. Дар намуди сили шушӣ, тавре аз номаш маълум аст, шуш ба ин беморӣ мубтало шудааст. Ба намуди ғайришушии сил метавонад устухон, бачадон, пӯст, рӯдаву ғадудҳои дохили шикам, ғадудҳои канорӣ, гардан, таги бағал ё канали қадкашак гирифтор шаванд. Яъне намуди сили ғайришушӣ ба атрофиён сироят намекунад, танҳо дар сурати бепарвоӣ ба саломатии бемор таҳдид мекунад.

Нафари гирифтори бемории сили шушӣ ҳангоми атсазанӣ, сулфидан ва суҳбат кардан чӯбчамикробҳои кохро ба муҳит пош медиҳад ва онро нафарони дигар нафас кашида, сироят меёбанд. Аз ҳама зиёд паҳншавии ин беморӣ бо роҳи нафасгирии ҳавои олуда сурат мегирад.  Дар ҳолати паст будани иммунитет ин чӯбчамикробҳо сабаби ҷойгиршавӣ дар бадани шахс мегарданд. Ба ҳамин хотир бемории сили шушӣ то 80% мушоҳида мешавад ва 20 %-и дигари онро бемории сили ғайришушӣ ташкил медиҳад.  Яъне бемории сили шушӣ хавфи зиёди сироят кардани атрофиёнро дорад, вале ҳар ду намуди он табобатшаванда мебошанд. Танҳо дар сурати  муроҷиати саривақтӣ ба табибони силшинос ва пайи табобат қарор гирифтан хатари афзоиши он кам мешавад.

Аммо бояд гуфт, ки соли 2020 барои сайёра то андозае мушкил буд, зеро хурӯҷи бемории COVID-19 бори дигар ҷомеаи ҷаҳонро  ҳушдор дод, ки ҷиҳати саломатӣ чизи муҳим аст ва  ҳимояи он  шарт аст.

2Бино ба маълумоти директори Муассисаи давлатии «Маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемориҳои сил» -и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аслиддин Раҷабзода, COVID-19 ба соҳаи силшиносӣ низ бетаъсир набуд. «Дар миёни аҳолӣ андешае паҳн гардид, ки  гӯё нафарони масунияти баданашон паст эҳтимоли зиёдтари гирифторӣ ба бемории COVID-19- ро доранд. Аммо, хушбахтона, зимни таҳлил мушоҳида кардем, ки дар қиёс ба дигар бемориҳо ками дар кам беморони сил низ ба коронавирус гирифтор шуданд. Яъне, дар қаламрави ҷумҳурӣ 22 нафар беморони ба COVID-19 гирифтор шуданд, ки ҳамаи онҳо ин бемориро сабук гузаронида, пурра шифо ёфтанд. Аммо, мутаассифона, дар ин давра ҷиҳати дастрас намудани маводи ташхисӣ то андозае монеаҳо ҷой доштанд. Захираи яксола имкон дод, ки ин мушкилотро паси сар намоем»,- афзуд номбурда.

Бемории сил хатарнок аст ва ё коронавирус? Дар ин масъала ақидаи Аслиддин Раҷабзода он аст, ки дар ҳолати рафтори нодуруст ҳамаи бемориҳо хатарноканд. Аммо бемории сил бемории табобатшаванда аст ва дар ҳолати ташхиси саривақтӣ ва ба табобат фаро гирифтани бемор кафолати пурраи шифоёбии ӯ дода мешавад. Муҳлати табобати бемории коронавирус кӯтоҳ аст, аз сил 6-8 моҳро дар бар мегирад.

Дастгирӣ ва тасмимҳои  Ҳукумати мамлакат дар ин самт

Ба иттилои директори Муассисаи давлатии «Маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемориҳои сил»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аслиддин Раҷабзода, то ҳол 3 барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар амал татбиқ шудаанд.  Айни замон аз рӯи «Барномаи нави миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» фаъолияти онҳо идома дорад.

Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд — Барномаи ЮСАИД, Лоиҳаи «КНСВ», Лоиҳаи «ХОУП», Лоиҳаи «Табибони бидуни марз», ки хусусан дар байни кӯдакон фаъолият мекунанд ва инчунин Лоиҳаи «Каритас Люксенбург», ки асосан дар муассисаҳои ислоҳӣ фаъолият доранд, таҷҳизоти муосир ворид гардида, дар муассисаҳои тандурустӣ насб шудаанд. Ҳамчунин, муассисаҳои тандурустии соҳаи силшиносӣ  таъмир гардидаанд.

Ин дар ҳолест, ки ба андешаи мутахассисон, дар гузашта барои муайян кардани бемории сил ва намудҳои он зиёда аз ду моҳ муҳлат лозим буд. Ғайр аз ин маводи ташхисӣ берун аз кишвар ба Ҷумҳурии Германия ба таҳлилгоҳи «Гаутинг» равон карда  мешуданд. Мутаассифона, то муайян шудани натиҷаи ташхис бемор мефавтид ва ё ба ҳолати вазнин гирифтор мешуд, ки табобати он душвор мегардид. Хушбахтона, ҳоло ин мушкилот рафъ шудааст. Бо истифода аз таҷҳизоти муосир дар муддати ду соат ҳам ташхис ва ҳам мутобиқати чӯбчамикроби сил ба доруҳои асосии зиддисилӣ муайян карда мешавад.

Дастгирии дигар он аст, ки аз соли 2016 ҳама доруҳои зиддисилии қатори якум аз ҳисоби Ҳукумати мамлакат харидорӣ ва ба таври ройгон тақсим карда мешаванд.

Дастгирии дигар он аст, ки қаблан норасоии кадрҳо дар соҳа мушоҳида мегардид, аммо, хушбахтона, бо дастгирии Пешвои миллат соли 2019 маоши  табибони силшинос ва дигар кормандоне, ки бевосита ба бемории сил сару кор доранд, ба андозаи 100 фоиз зиёд гардид, ки аз ин дилгармии табибон ба фаъолияташон  бештар шуд. Чунин дастгирӣ ба тадриҷ норасоии кадриро аз байн хоҳад бурд. Яъне, дар даҳ соли охир маблағгузории соҳаи силшиносӣ зиёда аз 50 маротиба афзудааст.

Илова бар ин, ҳар сол 15-20 нафар табибони силшинос ба соҳа ҷалб карда мешаванд. Инчунин, бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат дар базаи баъдидипломии соҳаи тандурустӣ курсҳои кӯтоҳмуддати кормандони соҳаи силшиносӣ ба таври ройгон ба роҳ монда шудаанд ва дар муддати 4 моҳ  мутахассиси дигар соҳаи тиб метавонад ҳуҷҷати силшиносӣ гирифта, дар ин самт фаъолият намояд.

Ба гуфтаи Аслиддин Раҷабзода, аз соли 2015 инҷониб ба ҷумҳурӣ доруҳои нави зиддисилӣ- қурси кӯтоҳмуддати зиддисилӣ ворид карда шуданд. Ин намуди беморон, яъне  дорои шакли мутобиқгаштаи бемории сил  дар ҳолати сари вақт ба духтур муроҷиат кардан ба қайд гирифта мешаванд. Агар дар вақташ доруҳои зиддисилиро мувофиқи тавсияи табибон қабул  намоянд,  дар муддати  9-12 моҳ шифо меёбанд. Айни ҳол доруҳои зиддисилӣ пурра барои тамоми намуди беморони сил дар ҷумҳурӣ ворид шуда, ба таври ройгон ба беморон дастрас карда мешаванд, — таъкид намуд ҳамсуҳбати мо

3Дар робита ба ин  сартабиби Муассисаи давлатии беморхонаи шаҳрии кӯдаконаи бемории сил Ҳилолиддин Ҳусейнзода мегӯяд, ки маҳз бо ғамхорӣ ва дастгириҳои Ҳукумати мамлакат дар соҳа сол аз сол навгониҳои зиёд рӯи кор меоянд. Нисбат ба бемории сили кӯдакона мавсуф афзуд, ки  ин беморӣ миёни кӯдакон низ ҳамасола коҳиш меёбад.

Ба андешаи мутахассисон, муҳлати табобати бемории сил аз 6 то 8 моҳро дар бар мегирад, ки бо истифода аз 4 доруи асосии зиддисилӣ бемор ба табобат фаро гирифта мешавад. Дар ин муҳлат риояи дурусти доруҳо имкон медиҳад, ки бемор  шифо ёбад. Агар бемор беаҳамиятӣ кунад, дар вақташ доруҳои тавсияшударо истеъмол накунад ва ё аз истифодаи дору даст кашад, бемории ӯ дубора хурӯҷ мекунад. Ин бор доруҳое, ки тавсия шуда буданд, дигар ба организми ӯ таъсир расонида наметавонанд. Дар ин ҳолат шахси бемор ба намуди дигари ин маризӣ-шакли мутобиқгаштаи сил мубтало мешавад, ки муҳлати табобат зиёда аз ду солро дар бар мегирад.

Ба бемории сил  кадом қишри ҷомеа бештар гирифтор мешаванд?

Мутахассисони соҳа бар он назаранд, ки ба бемории сил  асосан ҷавонон  гирифтор мешаванд, чунки дар байни ҷомеа онҳо фаъоланд. Дар ҳолати заифии ҷисм беморӣ авҷ мегирад. Муҳоҷирони меҳнатӣ низ метавонанд ангезандаи ин беморӣ шаванд, зеро сабабҳои асосии ба беморӣ гирифтор шудани онҳо шояд дар мамлакати бегона аз шароити пасти зиндагӣ бошад. Яъне, ҷойи хобашон ба талабот мувофиқ нест, вақту соати хӯрдани ғизо риоя намешавад ё имкони истеъмоли ғизои дурустро надоранд.

Бояд гуфт, ки феълан дар ҷумҳурӣ 66 Маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил фаъолият дорад. Инчунин, 4 маркази вилоятӣ – Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил, беморхонаи минтақавӣ дар вилояти Хатлон ва инчунин Маркази миллии бемориҳои сил, шуш ва ҷарроҳии қафаси сина фаъолият  мекунанд.

Табобати маҳбусони дорои бемории сил

4

Мувофиқи маълумоти табиби силшиноси Муассисаи давлатии  «Маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемориҳои сил»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин, куратори муассисаҳои ислоҳӣ Абдулло Маҳмадов, дар муассисаҳои ислоҳӣ низ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табобати беморони сил дуруст ба роҳ монда шудааст. Ба ин ҷо ҳама намуди доруҳои зиддисилӣ ба таври ройгон дастрас карда мешаванд. Айни ҳол се адад таҷҳизоти муосири генетикӣ, ки бемории силро дар муддати ду соат муайян менамоянд ва чор адад дастгоҳи рақамии рентгенӣ дар муассисаҳои ислоҳӣ васл карда шудаанд. Инчунин, мошини сайёри флюографӣ низ харидорӣ шудааст, ки  фаъолият дорад. Дар ҳолати муайян шудани бемории сил бемор дарҳол дар муассисаҳои ислоҳӣ ба қайд гирифта шуда, табобат оғоз меёбад. Ғайр аз ин, дар муассисаҳои ислоҳӣ беморхонаи зиддисилии дорои зиёда аз 100 кат мавриди истифода қарор дорад ва лавозимоти ташхисӣ ба таври кофӣ басанда аст.

Мачитон- маконе, ки ба қалби беморони сил умеди зиндагӣ мебахшад

5Бо мақсади равшанӣ андохтан ба фаъолияти яке аз беморхонаҳои калонтарини табобати бемории сил ба Муассисаи давлатии Маркази миллии бемориҳои сил, шуш ва ҷарроҳии қафаси сина ба мавзеи Мачитони шаҳри Ваҳдат сафар кардем. Сарвари муассиса Азиз Абдураҳимов иттилоъ дод, ки  Марказ соли 1935 ба фаъолият шуруъ карда, мақсади он расонидани кумаки баландихтисоси тиббӣ оид ба пешгирӣ, ташхис ва муолиҷаи бемориҳои сил, шуш ва ҷарроҳии қафаси сина, таҳия ва ҷорӣ намудани усули илман ва амалан асосноки муосир мебошад. Феълан дар муассиса 523 корманд, аз ҷумла 59 табиб фаъолият дошта, 208 нафар бемор таҳти табобат фаро гирифта шудаанд, ки аз онҳо 12 нафарашон беморони  ниҳоят вазнин мебошанд. Беморхона дорои 14 шуъба буда, дар онҳо 420 кат мавҷуд аст.  Ҳамчунин, дар Марказ  ду амалиётхона — шушӣ ва ғайришушӣ фаъол аст. Аз тарафи ҷарроҳони Марказ тамоми намуди чарроҳии қафаси сина, шикам ва пайванду устухонҳо гузаронида мешавад. Танҳо соли 2020 дар ин ҷо 403 ҷарроҳӣ сурат гирифтааст. Дар Муассиса ташхисгоҳи референсӣ низ мавҷуд аст, ки он дар Осиёи Марказӣ калонтарин ба шумор меравад. Ба ин ташхисгоҳ аз тамоми манотиқи ҷумҳурӣ мавод оварда, таҳлил мекунанд. Яъне, дар умум, дар ин ҷо барои  беморон табобат ва хизматрасонии хуб ба роҳ монда шудааст. Дар ҳар  як  шуъбаи  Марказ  мактаби бемор  ташкил шудааст, ки дар  байни  беморон  дарсҳои фаҳмондадиҳӣ  оид ба бемории сил, сабабҳои пайдоиш, роҳҳои ташхису табобат ва пешгирӣ аз  он гузаронида  мешавад. Инчунин,  дар  ҳар як шуъба  гӯшаи китоб  ташкил шудааст, ки беморон дар вақти холӣ ба мутолиаи китобу маҷаллаҳо машғул мешаванд. Дар баробари ин Марказ ҷиҳати такмили ихтисос ва  баланд бардоштани савияи дониши кормандонаш бо чанде аз муассисаҳои олии ҷумҳурӣ ва хориҷ аз мамлакат ҳамкории зич дорад.

Сарвари муассиса гуфт, ки солҳои пеш баъзе аз дастгоҳҳо дар ҳолати корношоямӣ қарор доштанд. Бахусус, барои аз дастгоҳи томографии компютерӣ  гузаштан бемор маҷбур буд ба шаҳри Душанбе  равад. Албатта, дар ин ҳолат ба нафарони атроф хавфи сироятёбӣ вуҷуд дошт. Ҳоло дар беморхона ин ва дигар намуди ташхисҳо сари вақт гузаронида мешаванд.

Бо дастгирии бевоситаи Сарвари давлат, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ва Бонки рушди Германия муассиса бо ҳама намуди таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Ба муносибати 30-солагии  Истиқлолияти давлатӣ  муассиса пурра таъмир гардида, саҳни он сафолакпӯш ва муҳити атроф сабзазор, ниҳолҳои арча ва гулҳои мавсимӣ шинонида шудааст.

Шуълаи умед ва ё мубориза барои ҳаёт?

Аз гӯшаи хаёли Аминаи 25-сола (ном иваз шудааст) намегузашт, ки рӯзе ӯ мубталои бемории сил мешаваду зиндагии оилавиаш ба анҷом мерасад. Вай ҳамроҳи Файзалӣ (ном иваз шудааст)  дар ибтидо зиндагии пур аз меҳру муҳаббат доштанд. Ҳосили ин муҳаббат ҷигарбанди дӯстрӯякашон мебошад, ки чароғи хонадони онҳоро боз ҳам мунаввар менамуд.

Амина дар аввал худро солим ҳис мекард ва пайи ободии рӯзгори оилавӣ талош меварзид. Волидайни шавҳараш низ бо ӯ муносибати хуб доштанд, зеро Амина эҳтироми онҳоро пайваста ба ҷо меоварду корҳои хонаро бо муҳаббат ба сомон мерасонд. Ба зиндагии хушбахтонаи ӯ гӯё чашм расид, зеро рӯз то рӯз вазъи саломатиаш вазнин мешуд. Дар ибтидо хаёл кард, ки пас аз таваллуди тифл ҷисмаш заиф шудаасту оҳиста-оҳиста он ба ҳолати аввалааш бармегардад. Аммо, мутаассифона, аҳволи ӯ бадтар мешуд. Дигар қуввати иҷрои корҳои хонаро надошт. Волидайни шавҳараш ин ҳолатро дида, меандешиданд, ки арӯсҳо як-якуним соли аввали хонадоршавӣ худро қобил нишон медиҳанду баъдан «худашонро шоҳу таъбашонро вазир» медонад. Яъне дигар аз доираи ҳурмату иззат берун мебароянд. Файзалӣ низ аз ранг гирифтани чунин ҳолат ба тааҷҷуб омада буд ва серкориро баҳона карда, Аминаро сари вақт ба муоинаи тиббӣ набурд. Ниҳоят Амина шавҳарашро маҷбур кард, ки ӯро ба духтур барад. Дар беморхона ба арзи ӯ гӯш андохта, тавсия доданд, ки Амина аз ташхиси рентгенӣ ва муоинаи табиби силшинос гузарад. Ташхис нишон дод, ки мубталои бемории сил асту бояд дар беморхона хоб рафта, табобати зиддисилӣ қабул намояд.

Ҳамин  тавр, Амина дар Муассисаи давлатии Маркази миллии бемориҳои сил, шуш ва ҷарроҳии қафаси сина, воқеъ дар мавзеи Мачитони шаҳри Ваҳдат бистарӣ шуд. Аввал шавҳараш аз ҳолаш бохабар мешуд, вале оҳиста – оҳиста канораҷӯӣ мекард. Шояд Файзалӣ меандешид, ки сил бемории табобатнашаванда аст. Муносибати падару модари шавҳар низ бо Амина сард шуд. Ҳамин сабаб гардид, ки рӯзе Файзалӣ ба аёдати Амина омада, ошкоро гуфт, ки минбаъд бо ӯ зиндагӣ кардан намехоҳад.

- Пас аз он ки аз забони шавҳарам ин суханонро шунидам, хаёл кардам, ки осмон ба сарам фурӯ нишаст ва бо ҳамин зиндагиам ба охир расид,- он лаҳзаҳои вазнини ҳаёташро ба хотир оварда, мегӯяд  Амина ва меафзояд: — Чун падару модарам аз ин қазия воқиф шуданд, маро дилпур мекарданд, ки рӯҳафтода нашавам, баръакс, иродаамро мустаҳкам нигоҳ дорам. Онҳо мегуфтанд, ки ҳарчанд Файзалӣ туро дар нимароҳи зиндагӣ партофтааст, вале  ту танҳо нестӣ ва таъкиди пайвастаи духтурон дар бораи он ки сил табобатшаванда аст, шуълаи умедро дар дилам дар роҳи мубориза барои ҳаёт фурӯзон мекард.

Амина гуфт, ки чанде қабл аз беморхона ҷавоб шудааст, вале бо тавсияи пизишкон муддати як соли дигар зери назорати онҳо мемонад  ва табобатро идома медиҳад. Акнун ӯ худашро хуб ҳис мекунад, зебоӣ мисли офтоби паси абр ба чеҳрааш нур мепошад. Ният дорад, ки  бо меҳри гарми модарона ба  тарбияи духтарчаи ягонааш машғул шавад.

- Ҳарчанд тӯли беморӣ 10 кило лоғар шудам, боке нест. Ба тадриҷ саломатиам барқарор мешавад, вазнамро қариб барқарор кардам, аммо аламовар носипосии шавҳарам аст, ки дар ҳолати вазнин маро тарк кард. Акнун Файзалӣ пушаймон шудааст. Борҳо волидайнаш ба хонаи падарам омаданд, ки мо аз  нав издивоҷ кунем, аммо ин дигар ба дилам намеғунҷад,- мегӯяд Амина.

Бале, аз рафтори Файзалӣ бар меояд, ки ӯ дар бораи бемории сил андешаҳои нодуруст дорад. Гоҳо миёни мардум, бахусус дар деҳот мешунавем, ки сил бемории табобатнашаванда аст ва ё вақте ки шахс ба ин беморӣ мубтало гардад, аз ӯ бояд дурӣ ҷуст ва беморро ба ҳолаш гузошт. Бехабар аз он, ки ин амали онҳо ҳам ба ҷисм ва ҳам ба рӯҳияи бемор таъсири менфӣ мерасонад.

Равоншиносон дар ин самт чӣ мегӯянд?

9Равоншинос Маҳмуд Кабир мегӯяд, ҳар беморӣ ба инсон таъсир расонида, дигаргуниҳои равонӣ меорад. Ҳар як нафар дар ҳолати бемор шудан аксуламали равонӣ дорад. Яъне, бемор нисбат ба беморӣ рафтор, пиндор, гуфтор ва андешаҳои ботиниро дорад.

Ба андешаи ӯ, барои сиҳатшавии бемор дар баробари мутахассисони соҳа инчунин нақши равоншиносон низ калон аст.

«Мо медонем, ки бемории сил ирсӣ нест ва он табобатшаванда аст. Дар ҳолати риоя кардани беҳдошти он, аз ҷумла ниқоб пӯшидан, бо маҳлули махсус шустани ашёе, ки бемор истифода мебарад, инчунин  дар вақташ истеъмол кардани доруҳои зиддисилӣ ин беморӣ ба атрофиён сироят намекунад. Ҳама гуна беморӣ ба равони шахс албатта, таъсир мегузорад, вале бемории сил аз ҳама бештар, чунки ин беморӣ каме табобати тӯлонӣ дорад»,- афзуд ӯ.

Маҳмуд Кабир бар он назар аст, ки гирифторони бемории сил бо равоншинос бояд ҳатман ҳафтае як маротиба суҳбат кунанд. Баъди сиҳат ёфтан ҳам асаби гирифторони бемории сил бояд ба воситаи доруҳои равонӣ ором карда шавад.

Сил ирсӣ нест

 «Ман сиҳат шудам, акнун аҳволам хуб аст. Муроҷиати саривақтӣ ба табибон имкон дод, ки саломатиамро ҳар чӣ зудтар барқарор кунам. Ду моҳ дар беморхона ва чаҳор моҳи дигар дар хона табобат гирифтам. Ҳоло таҳти назорати табибони соҳа қарор дорам. Истифодаи доруҳои тавсияшуда дар вақташ имкон дод, ки аҳволам беҳтар шавад»,- мегӯяд сокини шаҳри Душанбе Шаҳбоз Ҳасанов (ном иваз шудааст).

Шаҳбоз аз ҷумлаи он муҳоҷирони меҳнатии тоҷик аст, ки дар Россия бо мақсади пешбурди зиндагӣ заҳмат мекашид. Шароити пасти ҷойи зист, ки дар таҳхона воқеъ буд, оҳиста-оҳиста ба саломатии ӯ таъсир гузошт. Ба гуфтаи ӯ, ҳуҷрае, ки дар он зиндагӣ мекард, на он қадар шароити муносиб дошт. Рафиқи ҳамҳуҷрааш сулфаи зиёд мекард ва тез-тез балғам мепартофт. Ба гумонашон ба ӯ хунукӣ таъсир кардааст. Баъди як ҳафта аҳволи Шаҳбоз низ чунин шуд, мадораш хушкида, ҳолаташ рӯз то рӯз бадтар мешуд.

Шаҳбоз мегӯяд, ки  то ин вақт дар бораи бемории сил маълумоти кофӣ надошт. Бемадорӣ, сулфаи давомдору шадид, дарди қафаси сина, нафастангӣ, камшавии вазни бадан ва иштиҳо, баландшавии тӯлонии ҳарорати бадан, арақкунии шабона ва хунпартоӣ сахт азобаш медоданд. Ӯ дигар тоқат накарда, дар назди худ мақсад гузошт, ки ҳарчӣ зудтар ба Ватан баргардад. Баъди муоинаи тиббӣ дар ватан маълум шуд, ки Шаҳбоз мубталои бемории сил шудааст.

Шаҳбоз дар идомаи суҳбаташ афзуд, ки бемориашро аз касе пинҳон карданӣ нест, яъне вай аз доғгузорӣ наметарсад. Дардро Худо медиҳаду шифояшро низ бо мадади табибон лоиқ мебинад.

Бино ба нақли модараш, замоне, ки ӯ яксола буд, модараш гирифтори бемории сил мешавад ва бо ин сабаб падараш аз ӯ ҷудо шуда, бо зани дигаре издивоҷ мекунад.

Акнун Шаҳбоз  хулосаашро дар бораи авлодӣ будани сил дигар кардааст.

Сарнавишти ин ду ҷавон, ки дар бораашон сухан рафт, шаҳодат бар онанд, ки сил бемории табобатшаванда буда, ирсӣ нест ва дар ҳолати сари вақт ба табиб муроҷиат кардан кафолати пурра шифо ёфтани бемор дода мешавад. Аз ин рӯ, табибон тавсия медиҳанд, ки дар ҳолати пайдо шудани нишонаҳои ин беморӣ, яъне сулфаи зиёда аз ду ҳафта, беиштиҳоӣ, вазнпартоӣ, баландшавии ҳарорати бадан, хусусан бегоҳирӯзӣ, арақкунии шабона ҳатман аз муоинаи духтур гузаштан зарур аст. Ҳар қадаре, ки бемор тезтар ба табиб муроҷиат кунад, ҳамон қадар зудтар шифо меёбад.

Нарзулло АЛИЗОДА,

рӯзноманигор