«Талко Кемикал». Нишондиҳандаҳо қобили мулоҳизаанд

№ 31.10.2019

изображение_viber_2019-11-01_10-46-29Дар ҳашт моҳи соли равон ҶДММ «ТАЛКО Кемикал», воқеъ дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон, ба маблағи 34 млн. сомонӣ фториди алюминий, криолит, кислотаи сулфат ва коагулянт ба фурӯш баровард, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд аст.  Дар ин бора чанде пеш зимни боз­диди рӯзноманигорони дохиливу хориҷӣ аз корхона иттилоъ дода шуд.

Зикр гардид, ки фториди алюминий ба Федератсияи Россия, криолит ва фториди алюминий ба КВД «Ширкати алюминийи тоҷик», коагулянт ба КВД «Обу корез»-и шаҳри Душанбе ва кислотаи сулфат ба корхонаҳои саноатии ҷумҳурӣ интиқол дода мешаванд.

Директори генералии ҶДММ «ТАЛКО Кемикал» Эраҷ Раҳмонов қайд намуд, ки маҳсулоти корхона, аз ҷумла, фториди алюминий, криолит, кислотаи сулфат барои эҳтиёҷоти «Ширкати алюминийи тоҷик» истифода шуд. Корхона соли гузашта ба «Русал»-и Россия, ба корхонаҳои «Детал алюминий»-и Озарбойҷон ва Ҷумҳурии Қазоқистон маҳсулот содир намуд.

Ба гуфти ӯ, айни ҳол дар корхона 546 мутахассиси маҳаллӣ, аз ҷумла, 40 зан, кор карда истодаанд, ки музди меҳнаташон на камтар аз 2 ҳазор сомонӣ мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки Пажӯҳишгоҳи илмию таҳқиқотии металлургияи КВД «Ширкати алюминийи тоҷик» тавассути таъсиси парки технологӣ ва қитъаҳои таҷрибавию истеҳсолӣ озмоишоти инноватсиониро муваффақона амалӣ менамояд.

Тибқи технологияи мукаммали пажӯҳишгоҳ, дар «ТАЛКО Кемикал» қитъаи истеҳсоли коагулянти ватанӣ оид ба тозакунии об бомуваффақият амал менамояд. Маҳсулоти истеҳсолшуда аз рӯи хосият хусусиятҳои коагулянтӣ аз коагулянти воридотӣ фарқ надорад. То ҳол тақрибан 1450 тонна коагулянт истеҳсол шуда, беш аз 1200 тоннаи он ба КВД «Обу корез»-и шаҳри Душанбе  интиқол ёфт.

Тавре директори пажӯҳишгоҳи зикршуда, академик Ҳайдар Сафиев иброз намуд, соли гузашта 1741 тонна коагулянт барои безарар гардонидани оби ошомиданӣ истеҳсол гардид.

- Ин маҳсулот дар Тоҷикистон бори аввал истеҳсол карда шуд. 25-30 сол боз, бинобар сабаби набудани истеҳсоли кислотаи сулфат истеҳсоли онро ба роҳ монда натавонистем. Баробари ба роҳ мондани истеҳсоли кислотаи сулфат дар 36 рӯз истеҳсолоти он ба роҳ монда шуд ва шаҳри Душанбе бо ин маҳсулот пурра таъмин гардид, — афзуд академик.

Ба маълумоти номбурда, коагулянт обсофкунак аст, ки ба воситаи он лойи обро тагшин мекунанд. Баъди ба роҳ мондани истеҳсоли ин намуди маҳсулот кишвар на танҳо эҳтиёҷашро пурра қонеъ месозад, балки имконияти содир намудани онро дорад. Аллакай барои харидории ин намуди маҳсулот аз кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дархост ворид шудааст.  Бояд зикр намуд, ки коагулянт дар Осиёи Марказӣ танҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсол карда мешавад.

Пажӯҳишгоҳ таҳия ва татбиқи амалии технологияи ҳосил намудани консентрати флюорити баландсифатро амалӣ намуд, ки ба истеҳсоли саноатии силсилавии технологии истеҳсоли криолит ва алюминийи фтордор дар корхонаҳои «ТАЛКО Кемикал» мусоидат намуд. Консентрати флюорити истеҳсолшуда ба талаботи меъёрӣ, ки ба ашёи хом барои истеҳсоли гидрогени фтордор пешбинӣ шудааст, пурра мутобиқ мебошад. Лозим ба ёдоварист, ки то ин вақт зиёда аз 14 ҳазор тонна консентрати флюорити сара истеҳсол гардид.

Моҳи июли соли равон истеҳсоли хиштҳои махсуси ба оташ тобовар  роҳандозӣ шуд. Ин имкон медиҳад, ки дар тӯли як сол қатордеворҳои 3 блоки истеҳсолии коргоҳи анодпазӣ пурра иваз карда шавад. Таъкид шуд, ки зарурати навсозии корхона, ки аз фаъолияти он моҳи марти соли оянда 45 сол пур мешавад, ба миён омадааст. Зеро таҷҳизоти он кайҳо фарсуда шуда, барои тармими он маблағи калон лозим аст.

Иттилоъ гирифтем, ки соли 2019 КФД «Алюминсохтмон» ҳамроҳ бо ширкати мошинбарории Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Узавтотрейлер» оид ба бунёди корхонаи муштараки «Талко Узавтотрак» созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд. Ба иттилои роҳбарияти ширкат, ҳоло корхонаи муштарак васлу насби 30 самосвал, 2 экскаватор ва 2 мошини боркунандаро ба маблағи умумии 17 млн. сомонӣ ба анҷом расонидааст. Аз ин шумора 23 самосвал, 2 мошини борбардор ва 2 экскаватор ба фурӯш рафтааст.

Дар маҷмӯъ, ҶДММ «Талко Кемикал» фаъолияти қобили мулоҳиза дошта, нишондиҳандаҳои он моро ба ояндаи нек дилпур месозад.

Ҷ. САБОҲИДДИН, «Садои мардум»