Танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ

№130 (3767) 04.11.2017

8bf17fee451440471f1f730788845f8dЁ иқдоме, ки дар асоси конститутсия амалӣ шуд

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дар Конститутсия ва қонунҳои дигар принсипҳои башардӯстиву инсонпарварӣ, озодона кору зиндагӣ кардани инсонҳоро тарҳрезӣ намуда, ҷиҳати дар амал татбиқ гардидани онҳо пайваста кӯшиш мекунад. Махсусан, пас аз қабули ­Конститутсия давраи нави таҳия ва қабули қонунҳою дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оғоз гардид. Тибқи санади мазкур, сохти давлатдорӣ дигар шуд ва муносибатҳои нави ҷамъиятӣ, ба монанди гуногунандешӣ, бисёрҳизбӣ, иқтисодиёти бозорӣ, моликияти хусусӣ ва ғайра, ки хоси ҷомеаи демократӣ мебошанд, рӯи кор омаданд. Тоҷикистон қонунҳои худро ба талаботи Конститутсия ва муносибатҳои зикршуда мутобиқ намуд ва ин раванд идома дорад. Бо дарназардошти дигаргуниҳои сиёсию иқтисодӣ дар кишвар, солҳои 1999, 2003 ва 2016 ба Конститутсия тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд.

Инчунин, моҳи феврали соли 2011 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Консепсияи пешгӯйии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷиҳати иҷрои он соли 2012 аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шаш барномаи давлатии инкишофи соҳаҳои гуногуни қонунгузорӣ барои солҳои 2012-2015 таҳия ва тасдиқ шуданд.

Дар замони соҳибихтиёрӣ беш аз 1300 қонуни мукаммал ва такмилбахшандаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия ва қабул гардиданд, ки дар танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ ва пешрафти ҳаёти кишвар нақши ниҳоят арзанда ва муҳим гузоштанд. Айни ҳол ҷиҳати рушди қонунгузорӣ аз тарафи ниҳодҳои дахлдори давлатӣ ва субъектони ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ кор идома дорад.

Ҳаёт босуръат пеш меравад. Аз ин рӯ, соҳаҳои зиндагӣ, бавежа, заминаҳои ҳуқуқии он, бояд ба раванди зиндагии ҷаҳони муосир ҳамқадам бошад. Зиндагии орому осоиштаи мардум ва вазъи муътадили сиёсию иқтисодӣ шаҳодат медиҳанд, ки сифати қонунҳои кишвар ва ҳамзамон корбасти онҳо дар сатҳи хуб қарор доранд. Вале қавонини зиндагӣ талаб мекунанд, ки одам ҳамеша дар талаби рушду нумӯ бошад. Аз ин рӯ, таҳия, қабул ва корбасти санадҳои ҳуқуқӣ бояд баробар бо муносибатҳои ҷамъиятӣ пеш равад.

Таъмини бехатарии мардум, амнияти кишвар, таҳкими истиқлолият, иқтидори иқтисодӣ ва рушди босуботи ҷомеа бе заминаҳои устувори ҳуқуқӣ номумкин аст. Бинобар ин, қонун ва санадҳои ҳуқуқӣ нахуст бояд инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯро ҳамчун арзиши олӣ эътироф (моддаи 5 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва ҳифз намоянд. Барои зиндагии хубу шоистаи инсонҳо, кори босамари ташкилоти давлатию ғайридавлатӣ, пешаварону тоҷирон, пешрафти иқтисодиёти кишвар, сулҳу субот ва оромии сиёсӣ шароити мусоид фароҳам оранд. Самти гуногуни ҷомеаро ҳаматарафа танзим намоянд. Инсонҳоро ба роҳи нек ва кору кирдори шоиста раҳнамун созанд, ба тарбияи ахлоқиву ҷисмонии онҳо мусоидат кунанд. Дину оин, ёдгориҳои таърихӣ, забону фарҳанг ва дигар суннатҳои миллии гузаш­таву имрӯзаи мардумро танзим ва ҳифз намоянд. Ба хислат, гуфтору рафтори неки гузаштагони мардум, тарбияи насли наврас, фарогирии онҳо бо дониш, дар рӯҳияи ростӣ, хештаншиносӣ ва инсондӯстиву меҳанпарастӣ ба камол расидани онҳо созгор бошанд. Дар баробари ин, содаю ҳамафаҳм, орӣ аз ҳар гуна бархӯрд бо санадҳои дигар бошанд.

Масалан, вобаста ба амалӣ намудани кодексҳои мурофиаи ҷиноятӣ, мурофиаи гражданӣ ва мурофиаи маъмурӣ қонунҳои иҷро бо номҳои кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва қонуни истеҳсоли иҷро қабул шуданд, вале вобаста ба мурофиаи маъмурӣ қонунҳо нестанд. Иҷрои санадҳо вобаста ба қарорҳои маъмурӣ дар Кодекси мурофиаи маъмурӣ ҷой дода шудааст. Иҷрои санадҳои мурофиаи иқтисодӣ тавассути қонунгузории истеҳсолоти иҷро амалӣ карда мешавад. ­Гузашта аз ин, вобаста ба мурофиаи ҷиноятӣ кодекс ва вобаста ба мурофиаи гражданӣ қонун бо номҳои гуногун амал мекунанд. Ҳол он ки ҳар ду ба иҷрои санади судӣ ва дигар ниҳодҳои дахлдори давлатӣ равона шудаанд. Аз ин рӯ, хуб мебуд ин санадҳо бо як ном — кодекс ва ё қонун қабул карда шаванд. Оид ба иҷрои санадҳои маъмурӣ низ хуб мебуд қонуни иҷро қабул карда шавад ва ё онро мебояд ба Кодекси иҷрои ҷазо вобаста кард, зеро ин ҳам ҷазо аст. Ба мақсад мувофиқ мебуд, агар аз кодекс даст кашида, рӯ ба қонун биёрем. Дар баробари ин, меъёрҳои қонун бояд иҷрошаванда бошанд.

Воқеан ҳам оромӣ, сулҳу субот ва рушду нумӯи кишвар ба риояи қонунҳо сахт вобаста аст. Аз ин хотир, бояд риояи онҳо дар сатҳи зарурӣ таъмин карда шавад. Маҳз нерую эътибор ва сифату самари қонунҳо дар амалӣ гаштани онҳо зоҳир мегардад. Риоя нагардидани қонун боиси норозигӣ, фисқу фуҷур ва фасоду касод дар ҷомеа мегардад. Бадбахтии ҷомеа низ аз ҳамин сар мезанад ва дигар чораҳо ҳарчанд хуб бошанд ҳам, пеши бесарусомониро дар ҷомеа гирифта наметавонанд.

Бо ин мақсад дар мамлакат ниҳодҳои давлатӣ бунёд карда шудаанд, ки барои дуруст татбиқ гардидани меъёри қонунҳо масъул мебошанд ва риояи онҳоро назорат мекунанд. Сохтор ва вазифаҳои онҳо ба талаботи санадҳои нав, бавежа, Конститутсия ва санадҳои дар асоси он қабулшаванда, бояд мутобиқ бошад. Дар ниҳодҳои давлатӣ шахсони покдилу худотарс кор кунанд. Роҳбарони онҳо бо кормандон, бо дарназардошти саҳм, дараҷаи касбу дониш ва ахлоқу одобашон, муносибати якхела намоянд.

Дар самти риояи қонунҳо беш аз ҳама мардуми кишвар нақши бориз доранд. Агар сатҳи дониши ҳуқуқии шаҳрвандон боло бошад, ҳамон қадар қонуншиканӣ дар ҷомеа кам рух медиҳад. Ҳангоми бемайлон ба иҷро расидани талаботи қонун ва дигар санадҳо, бахусус, санадҳои судӣ, мардум дилпурона дар пайи риоя ва талаби иҷрои он мешаванд. Бо мақсади баланд бардоштани дониши ҳуқуқии шаҳрвандон амру фармон ва дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Тоҷикистон, барномаҳои давлатӣ ва ҳукуматӣ таҳия, қабул ва роҳандозӣ шудаанд, ки ба бештару хубтар аз бар кардани қонунҳо, бархӯрдор гардидани шаҳрвандон аз меъёрҳои онҳо ва камшавии қонуншиканӣ дар ҷомеа мусоидат мекунанд.

Барои иҷро ё риоя нагардидани меъёр ва талаботи он дар қонунҳо ҷазо, аз ҷумла ҷазоҳои интизомӣ, маъмурӣ ва ҷиноятӣ пешбинӣ гардидаанд, вале бо дарназардошти вазъи ҷомеа онҳо аз нигоҳи сабукӣ, вазнинӣ ва сохтори дарунӣ дигаргун, таносуби қонунҳои муайянкунандаи рафтор ва муайянкунандаи ҷазо бояд риоя карда шавад. Таносуби ҷазои ҷарима дар қонуни ҷазои ҷиноятӣ ва қонуни ҷазои амрӣ, бо дарназардошти мансубияти кирдор, риоя гардад. Қонуни ҷазо бояд бо ба назар гирифтани қонунҳои муайянкунандаи рафтор ё муқарраркунандаи меъёри зиндагӣ таҳия ва қабул карда шавад. Зарур аст, ки қонун натиҷаи омӯзиш ва таҳлилҳои амиқу дақиқи фанниву мантиқии ҳама самти ҳаёти ҷомеа бошад. Он зинаи баланди мантиқ аст. Татбиқу истифодаи дурусти қонунҳо ҳам барои мардум ва ҳам барои ниҳодҳои давлатӣ, шахсони мансабдор ва умуман, барои ҷомеа, хуб ва муфид буда метавонад. Аз ин рӯ, ҳангоми омода намудани лоиҳаи қонун ва дигар санадҳои ҳуқуқии танзимкунандаи ҳаёт шарт аст, ки вазифаҳои онҳо ба назар гирифта шавад. Ба таҳияи онҳо шахсони рӯзгордида ва мутахассисони ниҳоят варзида сарукор гиранд.

Мувофиқи моддаи 10 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофгардида ҷузъи қонунгузории кишвари моро ташкил медиҳанд. Санадҳои ҳуқуқии байналмилалии дуҷониба ва бисёрҷониба имрӯз дар кишвар васеъ мавриди истифода қарор доранд.

Мавриди омӯзиш қарор додани қонунгузории кишварҳои пешрафта ва роҳандозии бештари онҳо ба муносибатҳои ҷамъиятӣ дар ҷомеа ба мақсад мувофиқ аст. Пазируфтану корбасти дурусти қонунгузории кишварҳои пешрафта барои ҷалби сармоя, сайёҳон ва рушди соҳаҳои гуногуни кишвар кумак хоҳад кард.

Содиқ ШОНАЗАРОВ,

ҳуқуқшинос, мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3