Тири ҷинояткорон хок хӯрд

№128 (3922) 23.10.2018

Пушаймон1Аз байни онҳое, ки даст ба ҷиноят мезананд, якеро ҳасад раҳбар асту дуюмиро ҳирс, сеюмӣ пойбанду ғуломи нафс аст. Бархе тарбияи хуб надидаанд ва қисме аз зудбовариву беандешагӣ паси панҷара ҷой мегиранд.

Аламовар он аст, ки бисёре аз ҷавонон фирефтаи шиносҳои тасодуфӣ гардида, рӯзгори орому осударо ноором месозанд, ҷонро зери хатар ва пайвандонро зери таънаи мардум мегузоранд. Масалан, истиқоматкунандаи деҳаи Кишоварз, деҳоти «Зайнабобод»-и ноҳияи Рӯдакӣ Шарипов Муҳаммадулло Раҳматиллоевичи 24-сола фарзанди 6-уми хонадони бузург буд. Падараш Раҳматилло Шарипов фарзандонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, меҳнатдӯстӣ, некӣ кардан ба мардум, эҳтироми калонсолонро донистан тарбият намуд. Пас аз он ки Муҳаммадулло соли 2009 мактаби №12-ро хатм намуда, соли дигар азми барои кор ба Россия рафтан кард, падар хурсанд гардид, ки акнун рӯзгори оилааш каме беҳ хоҳад шуд, зеро ба меҳнатдӯстӣ ва ақлу фаросати фарзанд эътимод дошт.

Дар ҳақиқат, чанд сол Муҳаммадулло қарзи фарзандиро назди волидону аҳли оила иҷро намуда, ҳамеша аз аҳволи онҳо бохабар мешуд, маблағ мефиристод. Ҳама аз кору кирдори ӯ розӣ буданд. Пас аз вафоти модар Муҳаммадулло бори охир 16 сентябри соли 2017 бо падар бо сӯзу гудоз суҳбат намуда, пасон ғайб зад. Аз ғайбзании вай пас аз 2-3 ҳафта ҳамкорони муҳоҷираш ба акаи Раҳматилло хабар доданд…

Моҳи июни соли 2017 Муҳаммадулло дар муҳоҷират бо сокинони 26 ва 30-солаи шаҳри Кӯлоб — Салим ва Мирзо шиносоӣ пайдо намуда, бо тарғиби онҳо ба гӯш кардани «амри маъруф»-и ашхоси гуногун одат пайдо намуд. «Амри маъруф»-кунандагон ҷавонмардонро ба ҷиҳод ва барпо намудани давлати исломӣ даъват менамуданд. Мирзо ба Муҳаммадулло маслиҳат дод, ки ин «амрҳои маъруф» -ро дар телефони мобилиаш сабт намояд. Сипас, ҷӯраҳо ӯро бо барномаҳои интернетии «Зелло» ва «Телеграмм» ошно намуданд. Зинаи дигари тарғиботи Мирзо ва Салим шинос намудани Муҳаммадулло бо барномаи «Роҳ ба сӯи хилофати исломӣ» ва даъват намудан ба узвияти иттиҳоди террористии «Давлати исломӣ» гардид.

Дар барнома иштирокчиён бо ҳамроҳии модераторон мукотиба ва саволу ҷавоб мекарданд. Моҳи августи соли 2017 модератор бо лақаби «Ahi-Said» аз иштирокчиён даъват кардааст, ки барои анҷом додани ҷиҳоди молӣ онҳо бояд маблағи пулӣ ирсол намоянд. Баъдан, «Ahi-Said» Муҳаммадуллоро ба саҳифаи алоҳида, ки «Личка» ном доштааст, ҳамроҳ намуда, бо ӯ алоҳида гуфтугӯ кардааст ва бо дастури «Ahi-Said» Муҳаммадулло аз деҳаи Високиничии шаҳри Калуга ба рақами фиристодаи «Ahi-Said» ҳамчун ҷиҳоди молӣ аввал 1700 рубл ва бори дуюм 1000 рубли русӣ маблағ гузаронд. Расиди маблағҳоро акс бардошта, ба воситаи барномаи «Зелло» ба «Ahi-Said» равон намуд.

Муҳаммадулло тавассути барномаҳои интернетии зикршуда бо сарварон ва ­аъзои фаъоли иттиҳоди ҷиноятӣ бо лақабҳои «Abu-Muhammad», «Abu-Dovud», «Julaybi», «Shahomat-84», «Istiqomat» ва «Ahi-Said» шинос шуда, таълимоти экстремистӣ гирифта, барои иштирок дар задухӯрдҳои мусаллаҳонаи мазҳабиву динӣ ва амалиётҳои ҷангӣ дар Ҷумҳурии Арабии Сурия ва Ҷумҳурии Афғонистон омода гардид.

Моҳҳои август — сентябри соли 2017, ҳангоми дар барномаи «Зелло» таълимоти экстремистӣ гирифтан, ӯ бо тавсияи роҳбарони иттиҳоди ҷиноятӣ бо шаҳрванди дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон Зокиров Қурбонхон Нодирович, ки низ таълимоти экстремистӣ гирифта, барои иштирок дар задухӯрдҳои мусаллаҳона дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон омода буда, шинос мешавад.

Зокиров Қурбонхон Нодирович, истиқоматкунандаи деҳаи Бӯстони деҳоти «Гулшан»-и ноҳияи Фархор буда, 42 сол дорад, оиладор, соҳиби 3 фарзанд аст. Модари ӯ Фариштамо Мадисоева, ки дар ҳама кор ба Қурбонхон такя менамуд, низ ҳаргиз умед надошт, ки писараш- марди баркамоли пастиву баландии зиндагиро дида, ба роҳи хато по мегузораду ӯро дар назди мардум шармсору сарпаст мегардонад. Зеро Қурбонхон писари калонӣ буду солҳои зиёд дар Федератсияи Россия кор кард…

Қурбонхон Зокиров моҳи августи соли 2017, ҳангоми дар шаҳри Наро-Фомински Федератсияи Россия қарор доштан тасодуфан бо Фаридун ном шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос мешавад ва дар хусуси сомона ва барномаи интернетии аъзои тоҷикзабони иттиҳоди экстремистӣ ва террористии «Давлати исломӣ» маълумот гирифта, бо мусоидати номбурда барои такмил додани таълимоти экстремистӣ дар телефони мобилиаш барномаҳои «Зелло» ва «Телеграмм» -ро сабт менамояд. Ӯ низ мисли Муҳаммадулло то охирҳои моҳи сентябри соли 2017 мунтазам аз аъзои фаъоли иттиҳоди ҷиноятӣ бо лақабҳои «Shahomat», «Istiqomat» ва «Ahi-Said» таълимоти экстремистӣ гирифта, ҷиҳати ғайриқонунӣ иштирок намудан дар задухӯрдҳои мусаллаҳона тайёр мешавад. Пасон бо тавсияи роҳбарони иттиҳоди ҷиноятӣ Қурбонхон Зокирови раҳгумзада ва Муҳаммадулло Шарипови фиребхӯрда бо ҳам шиносоӣ пайдо менамоянд ва тарзу усули ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон рафтанро пешакӣ маслиҳат карда, бо ҳам вомехӯранд.

Шоми 15 сентябри соли 2017 барои амалӣ намудани нақшаи ҷиноятӣ Шарипов Муҳаммадулло аз шаҳри Калуга ба хонаи муваққатии Қурбонхон Зокиров ба шаҳри Наро — Фоминск омада, шабона нақшаи амалҳои минбаъдаро мекашанд. Субҳи 16 сентябр аз шаҳри Наро — Фоминск чиптаи ҳавопаймои самти Москва — Истанбул харидорӣ карда, бегоҳи ҳамон рӯз парвоз мекунанд. Тибқи маслиҳати пешакӣ бо роҳбарияти иттиҳоди ҷиноятӣ онҳоро узви фаъоли иттиҳод бо лақаби «Аюб» пешвоз мегирад, то 20 сентябри соли 2017 дар хонае нигоҳ дошта, дар хусуси ҳозир шудани яке аз роҳбарони иттиҳод бо лақаби «Шаҳомат» ахборот медиҳад. Пасон бо супориши «Шаҳомат» тавассути автобус меҳмононро ба воситаи шаҳри Вани Ҷумҳурии Туркия ба Ҷумҳурии Исломии Эрон гусел намуданӣ мешавад. Вале дар наздикии шаҳри Ван кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Туркия автобусро боздошта, меҳмононро дастгир мекунанд. Тири онҳо хок хӯрда, ҷинояти вазнини ба нақшагирифта ба анҷом намерасад.

3 ноябри соли 2017 кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Туркия ба Муҳаммадулло Шарипов ва Зокиров Қурбонхон иҷозат доданд, ки сарҳади давлатии Туркияро тарк намоянд ва онҳо ба ҷои даст кашидан аз нақшаи ҷиноятӣ дубора нақшаи ба воситаи ҷумҳуриҳои Озарбойҷон ва Эрон ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон рафтанро таҳия менамоянд. Шаби 3-юм ба 4-уми ноябри соли 2017 онҳо ба шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон фуруд меоянд. Аммо ба Шарипов Муҳаммадулло аз тарафи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи он кишвар иҷозат дода намешавад, ки сарҳадро убур намояд ва ӯ ба Тоҷикис­тон фиристода мешавад. Дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе Муҳаммадулло аз тарафи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгир мегардад.

Қурбонхон Зокиров дар ин бора ба «Шаҳомат» хабар медиҳад. Худ 7 ноябри соли 2017 барои гирифтани раводид ба Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Озарбойҷон муроҷиат менамояд. Аммо ба ӯ раводид намедиҳанд ва зуд ба Федератсияи Россия бармегардад. Дар Москва бародараш ӯро хабардор менамояд, ки кормандони полис аз нақшаҳои ӯ огаҳӣ ва ӯро ҷустуҷӯ доранд. Ноилоҷ 14 ноябри соли 2017 ӯ ба Ватан баргашта, дар манзили истиқоматиаш, воқеъ дар ноҳияи Фархор 20 ноябр аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқ дастгир мешавад.

Дар мурофиаҳои судӣ ҳам Муҳаммадулло Шарипов ва ҳам Қурбонхон Зокиров ба гуноҳи худ-суиқасд барои иштироки ғайриқонунӣ дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ва амалиёти ҷангӣ дар дигар давлатҳо пурра иқрор гардиданд, ки он ба моддаи 32 қисми 3- 4011-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ омада, ҷинояти оқибати вазниндошта маҳсуб меёбад.

Суди ноҳияи Синои пойтахт бо мақсади барқарор намудани адолати иҷтимоӣ ва пешгирии ҷиноятҳои нав ҳолатҳои сабуккунандаи ҷазои М. Шарипов ва Қ. Зокиров, аз қабили бори аввал ҷиноят содир намудан, қаблан суд нашудан, хислатномаи мусбат доштан, ҳамчунин баҳри ноил шудан ба мақсади ҷазо хусусият ва дараҷаи хавфнокии онро ба инобат гирифта, ҳукм кард: Шарипов Муҳаммадулло Раҳматиллоевич ва Зокиров Қурбонхон Нодирович бо моддаи 32 қисми 3-4011 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 13 (сенздаҳ) сол бо адо намудани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низомаш сахт таъин карда шавад.

«Бори каҷ ба манзил намерасад», — мегӯяд мардум, ки бесабаб нест. М. Шарипов ва Қ. Зокиров фирефтаи чанд тан шиноси тасодуфӣ гардида, ба роҳе қадам гузоштанӣ буданд, ки оқибати он метавонист фоҷиабор бошад. Вале онҳо ба мақсад нарасиданд ва ба ҷойи он ки ба волидону пайвандон кумак расонанд, онҳоро гирифтори мушкилии бештар намуданд. Сарнавишти онҳо бояд дигаронро сабақ гардад.

Б. ИСКАНДАРЗОДА, судяи Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе,

Н. НИЗОМӢ, «Садои мардум»