Тоҷикистон боз ба даҳгонаи кишварҳои ислоҳотгар шомил шуд

№131 (4081) 31.10.2019

Бисту ҳаштуми октябри соли равон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон суҳбати гирди миз оид ба муаррифии мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ» барои соли 2020 баргузор гардид. Чорабиниро муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид ифтитоҳ намуда, аз таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба беҳтар намудани мавқеи ҷумҳурӣ дар арзёбиҳои байналмилалӣ, аз ҷумла, ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ» — и Бонки ҷаҳонӣ, тадбирҳои то имрӯз амалинамуда ва иқдомҳои минбаъдаи Ҳукумати кишвар ёдовар шуд.

Зикр гардид, ки дар натиҷаи татбиқи ислоҳоти назаррас оид ба содагардонии расмиёти пешбурди соҳибкорӣ дар ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ»-и Бонки ҷаҳонӣ, ки танзими давлатии фаъолияти соҳибкориро дар кишварҳои олам арзёбӣ менамояд, мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020-ум 20 зина баланд рафта, ҷойи 106-умро ишғол намуд ва бори дигар ба даҳгонаи кишварҳои пешқадами ислоҳотгари ҷаҳон шомил шуд. Номбурда таъкид кард, ки бояд ҳар чӣ бештар кӯшиш кард, то мавқеи кишварро ақаллан 50 зинаи дигар баланд бардорем.

Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Ҳамрализода дар мавзӯи «Тоҷикистон: Роҳ сӯи беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ» суханронӣ намуд.

Дар чорабинӣ, ҳамчунин, масъулини намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Осиёи Марказиву Тоҷикистон ва коршиносони он вобаста ба ҳисоботи зикршуда андешаҳояшонро иброз доштанд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»