Ваҳдати миллӣ Истиқлолияти давлатиро таҳким бахшид

№77 (4027) 27.06.2019

Ваҳдати миллӣ барои миллат арзиши баланд дорад, зеро маҳз он Истиқлолияти давлатиро таҳким бахшида, миллатро аз парокандагӣ наҷот, ба рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва раванди ободкориву созандагӣ такон бахшид. Аз ин рӯ, ҳифз ва таҳким бахшидани он вазифаи ҷониву имонии ҳар як шаҳрванди кишвар аст.

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳусайн Нидозода доир ба нақш ва мақоми Ваҳдати миллӣ дар низоми давлатдориву давлатсозӣ изҳор дошт, ки пас аз гирифтор шудани ҷумҳурӣ ба ҷанги шаҳрвандӣ кишварро хатари нобудӣ таҳдид мекард. Маҳз дар ҳамон давра муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари давлат интихоб гардида, ба мустаҳкам кардани пояҳои давлатдорӣ машғул шуда, барои таъмини ваҳдати миллӣ талош кард. Дар натиҷаи кӯшишу заҳмати шабонарӯзӣ, пас аз якчанд даври музокирот Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон имзо шуд. Он рӯзро хурду калон бесаброна интизор буданд. Зеро панҷ соли ҷанги шаҳрвандӣ он қадар мардумро ваҳшатзадаву пароканда кард, ки ҳатто ба ояндаи дурахшон бовар карда наметавонистанд.

Ҳамсуҳбатам гуфт, ки шоҳиди ранҷу азоби мардум ва бедодгарии ба ном муллову мухолиф дар ноҳияи Панҷ буд. Чун гурӯҳҳои харобкору ҷангҷӯ мардумро азият медоданд, сокинон гурӯҳ-гурӯҳ дарёи Панҷро убур карда, ба кишвари ҳамсояи Афғонистон паноҳ мебурданд. Азобу уқубати зиёд, набудани шароит барои зис­ту зиндагӣ дар он сӯйи Ому дили миллати парешонгаштаи моро аз зиндагӣ хунук кард. Дар он шароити номусоиду нангин дар Афғонистон гӯристони муҳоҷирони кишвар пайдо шуд.

- Маҳз Пешвои миллат бо муроҷиатҳои пай дар пай ва азму талоши шабонарӯзӣ муҳоҷиронро ба Ватан баргардонд.

- Дар он шароит мухолифин дар фикри ободиву тинҷиву осудагии кишвар набуданд, тавассути хоҷагони хориҷӣ бо ҳама чиз таъмин шуда, азму талошашонро барои азият додани халқ равона карда буданд, — зикр кард ӯ.

Вай, ҳамчунин афзуд, ки ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат тавонистем, ки на танҳо давлатро аз парокандагӣ наҷот бахшем, балки дар таъмини рушди побарҷои иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву маънавии кишвар қадамҳои устувор гузорем.

- Солҳои сипаришуда, ки барои миллат марҳилаи бобарори созандагию пешрафт ба ҳисоб меравад, воқеан ҳам ба дастовардҳои беназир ноил гаштем ва сатҳу сифати зиндагии мардум ба маротиб баланд гардид.

Алҳол тамоми гӯшаву канори мамлакат ба арсаи созандагиву ободкорӣ табдил ёфтааст. Тайи 20 соли охир даҳҳо мактабу беморхона, иншооти энергетикӣ, варзишӣ, роҳу пул, нақб ва корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ сохта, ба истифода дода шуд, — афзуд Ҳ. Нидозода.

Ваҳдати миллӣ барои миллати сарбаланду фарзона ва мутамаддини тоҷик ба як мактаби эътимодбахшу тақдирсоз табдил ёфта, пояҳои давлатдорию давлатсозиро боз ҳам таҳким бахшид. Алҳол кишварро зиёда аз 190 давлати ҷаҳон эътироф кардаанд ва узви созмонҳои минтақавию байналмилалӣ буда, доир ба мушкилоти ҷаҳонӣ, ки ба сайёра хатар дорад, бетараф нест. Ба шарофати сулҳу оромӣ Тоҷикистон макони баргузории чорабиниҳои сатҳи баланди байналмилаливу минтақавӣ гардид.

Ҳусайн Нидозода мегӯяд, маҳз бо талошҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон миллати пора- порагашта ба ҳам омад ва ин дастовард боис гардид, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ моро ҳамчун давлати демокративу ҳуқуқбунёд эътироф намояд.

Аз ин рӯ, мардуми ҷумҳурӣ бояд рӯзҳои сахти солҳои навадуми асри гузаштаро фаромӯш накунад, ки чӣ гуна харобӣ оварда буд.

- Минбаъд зарур аст, ки баҳри баланд бардоштани сатҳи маърифату шуури миллии мардум, фарҳанги сиёсии ҷомеа, тақвияти ваҳдату якдилии халқ, беҳдошти шароити иқтисодию иҷтимоии аҳли ҷомеа ва рушди босуботу тараққиёти мамлакат аз тамоми нерую имконияти мавҷуда самарабахш истифода намоем, — изҳор дошт вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»