Нуқтаи назар

Воқеияти давраи вабо

№54 (4160) 02.05.2020

корона111йМоҳи чоруми соли 2020 сипарӣ шуд, вале мардуми сайёра ҳанӯз дар тарсу ҳарос қарор дорад. Бемории сироятие, ки моҳи декабри соли 2019 дар шаҳри Вуҳани Ҷумҳурии Халқии Хитой пайдо шуда, тадриҷан ба бисёре аз кишварҳои олам паҳн гардид, дунёро ба таҳлука овард. Кишварҳои сераҳолии дунё барои боз ҳам бештар доман паҳн накардани вабо, ки бо номи коронавирус маъмул аст, тадбир андешиданд. Онҳо нахуст чораҳои маҳдудсозӣ ҷорӣ карда, гаштугузори шаҳрвандонро дар кӯчаву бозор ва соири ҷойҳои ҷамъиятӣ манъ карданд. Чанде аз мамолики Ғарб, ба монанди Амрико, Италия ва Испания, азбаски чунин чораҳоро дертар ба роҳ андохтанд, талафоти зиёд дода, шумораи шаҳрвандони бар асари вабо фавтидаашон даҳҳо ҳазор нафарро ташкил намуд.

Дар робита ба беморӣ Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гуттериш иброз дошт, ки COVID-19 на танҳо ҳолати фавқулода дар самти саломатии ҷомеа, балки фаротар аз он аст. «Он буҳрони иқтисодӣ, буҳрони иҷтимоӣ ва буҳрони инсонист, ки ба зудӣ ба буҳрони ҳуқуқи инсон табдил меёбад», — таъкид намуд вай дар изҳороташ, ки сомонаи созмони зикршуда ба нашр расондааст.

Антониу Гуттериш 23-юми март аз ҷонибҳои ба ҳам даргири олам даъват намуд, ки муноқишаро бас кунанд ва ба мардум имкон диҳанд, то ин ки бо вабо мубориза баранд. Хушбахтона, тайи он муддате ки дар ҷаҳон мубориза алайҳи вирус идома дорад, низоъ ва кашмакаш дар манотиқи олам чандон ба назар намерасад.

Зимнан, дар баробари он ки коронавирус ҷаҳонро ба таҳлука овардааст, як қатор воқеияти дигарро нишон дод, ки ҳадди ақал ба андозаи вирус ҳайратовару аҷибанд.

 ФАҲМОНДАДИҲИИ «ТОЛИБОН»

Дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон намояндагони ҳаракати террористии «Толибон» дар як қатор вилоятҳо, аз он ҷумла дар Лугар, Вардак, Сари пул ва Бодғис  барои мубориза ба коронавирус ба аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд. Бино ба маълумоти хабаргузории «Афғонистон», «Толибон» якҷо бо кормандони ташкилотҳои тиббӣ дастуру адабиёти иттилоотӣ дар бораи бемории коронавирус, ниқобҳо ва собун тақсим мекунанд.

Вобаста ба ин вазири тандурустии Афғонистон Фирӯзуддин Фирӯз ба ҳаракати террористии «Толибон» барои имкон фароҳам оварданашон ба кормандони тандурустӣ ҷиҳати тақсими маҳсулоти зарурӣ миннатдорӣ кардааст. Иҷрокунандаи вазифаи вазири мудофиаи кишвар Асадулло Холид «Толибон»-ро даъват кардааст, ки ба хотири мубориза алайҳи паҳншавии бемории сироятӣ низоъро дар кишвар бас кунанд.

 ТАБИАТ «БЕ ИНСОН» БА ХУД МЕОЯД?

Бо он ки марказҳои бузурги тиҷорат дар Аврупо аз одамон холӣ монданд, мушоҳида мегардад, ки ҳавои шаҳрҳо нисбат ба ҳарвақта тозаву озода шудааст. Дар фазо дуди ғализ ба назар намерасад. Аксу наворҳое, ки аз моҳвора бардошта шудаанд, нишон медиҳад, ки аз лаҳзаи сар задани коронавирус ифлосшавии ҳаво дар давлатҳои Чин, Италия ва Иёлоти Муттаҳидаи Америка назаррас коҳиш ёфтааст.

Ба туфайли ҷорӣ шудани карантин ва даст кашидани мардум аз нақлиёти шахсӣ, акнун шаҳри Шанхай аз кайҳон намоён шуда, ба Берлин парандаҳо баргаштаанд. Ҳавои шаҳри Москва бошад, панҷ маротиба тозатар шудааст. Хуку  маймун, гӯрхару гавазнҳо села-села ба кӯчаҳо фаромадаанд. Ҳатто оҳувони нодири аз инсон раманда низ озодона дар хиёбонҳои беодам сайр менамоянд. Оби рӯду ҷӯйборҳои шаҳри Венетсияи Италия, ки қаб­лан ифлос будааст, ба ҳаде шаффофу покиза гаштааст, ки моҳиҳо намоён шудаанд. Ин пас аз ҷорӣ шудани карантини умумӣ дар Италия ва манъ кардани ҳаракати киштиҳо иттифоқ афтодааст. Чунин ҳолатро бисёре аз табиатшиносон эҳёи табиат номида, гуфтаанд, ки «табиат «бе инсон» ба худ меояд».

 ИНСОН ОҶИЗТАР АЗ ПИНДОР

Воқеан, инсон гоҳо чунон ҳадношиносу мағрур мегардад, ки ҳатто бо Офаридгор ҳам «сар ба сар» шудан мехоҳад. Бо нописандию худ­хоҳӣ ба ҳар гуна қонуншиканию ҷиноят, зиштию касофат даст мезанад. Гоҳи дигар ба молу манол ва сарваташ чунон менозад, ки фаромӯш мекунад дар дунё абадӣ нест.

Лекин вабои коронавирус гӯё нишон дод, ки аз инсон ҳам зӯртар аст ва собит сохт, ки одам ба ҳаде оҷизу нотавон ва бечора мебошад, ки ҳатто пеши як марази ба монанди заррача хурд нотавон аст. Инсон дарк намуд, ки барояш аз саломатӣ муҳимтар ва муқаддамтар чизи дигаре буда наметавонад. Ва фаҳмид, ки табибон аз ҳар каси дигар азизтар, ҳатто аз ситораҳои футбол ҳам қиматтаранд.

 САЛОМ «БЕ САЛОМ»

Шаш моҳ пеш ҳеҷ кас тасаввур ҳам намекард, ки рӯзе мерасаду аз ҳама дӯс­ти наздик ё хешу ақраборо дар роҳ, коргоҳ ё ҷои дигар мебинаду дасташро фишурда салом карда наметавонад. Боварамон намеомад, ки чунин ҳам мешавад, ки бо рафиқи наздиктарин рӯ ба рӯ вохӯрда, аҳвол мепурсем, вале ҳеҷ кадом ҷуръати даст дода ё мисли пештара оғуш кушода салом кардан намекунем. Ҳоло айни ҳамин ҳолат аст. Дар рӯ ба рӯи ҳам истода, пурсупос менамоем, вале бе дастфишурӣ. Бо дастафшонӣ ва имою ишораи сар. Яъне, бо ҳамдигар бе салом «салом» мекунем.

Бисёриҳо якдигарро дидан баробар аз масофаи ду-се метр истода шӯхиомез «саломи коронавирусӣ» гуфта, ҳар гуна ишора мекунанд. Албатта, як муддат баъзеҳо ҳатто бо пояшон салом мекарданд, бархеи дигар бо банди дасту оринҷу китф. Ҳоло инҳо ҳам «барҳам» хӯрданд.

Ба ҳар сурат, коронавирус бо вуҷуди хурду ноаён будан нишон дод, ки ба корҳои хеле калон қодир аст. Нишон дод, ки метавонад инсонро ба зону шинонад, абарқудратҳоро заифу нотавон созад, бидуни силоҳу тиру тӯп ҷони инсонҳоро рабояд. Ва гумон меравад, ки воқеияту аҷобати дигари давраи вабо дар пешанд.

М. УСМОН, «Садои мардум»