Шарҳи қонун

Зӯроварӣ дар оила. Раванди пешгирии он чӣ гуна бояд ҷараён гирад?

№153 (3947) 25.12.2018

Солҳои охир аз ҷониби мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори мамлакат қонунҳое қабул шуданд, ки назарҳо доир ба моҳияти онҳо гуногунанд. Барои мисол, агар як қисми аҳолӣ қабули онҳоро тақозои замон арзёбӣ кунанд, қисми дигар ба хислат ва анъанаҳои мардум то андозае созгор намедонанд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», ки аз соли 2013 мавриди амал қарор дорад ва рисолати он танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ вобаста ба пешгирии зӯроварӣ дар оила, муайян намудани вазифаҳои субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оила доир ба ошкор, пешгирӣ ва бартарафсозии сабаб ва шароити ба он мусоидаткунанда мебошад, аз ҳамин ҷумла аст.

DSC_3320Суҳбате, ки бо раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Ҳилолбӣ Қурбонзода доир намудем, моҳият, рисолати қонуни мазкур ва ваколати сохторҳои марбутаро тибқи муқаррароти он равшанӣ меандозад.

- Магар ибтикороти амалишуда кифоя набуданд, ки қонуни зикршуда рӯйи кор омад?

- Ба ҳеҷ ваҷҳ чунин нест. Агар гӯям, ки бо соҳибистиқлол шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон мақому манзалати зан дар ҷомеа ба ҳадде, ки барои ҷомеаи шарқӣ тасаввурнопазир аст, расидааст, муболиға нахоҳад буд. Чун ба гузаштаи на чандон дур назар андозем, муътақид хоҳем шуд, ки ҳатто дар замони давлати абарқудрати шӯравӣ зани тоҷик мақому мартабаи баланд надошт. Он замон дар вазифаҳои баланди давлатӣ занони тоҷик нисбатан кам фаъолият мекарданд.

Аз ин нуктаи назар, эътироф бояд кард, ки бо ба даст овардани истиқлолият дар кишвар баҳри таъмини мавқеи арзанда ва устувори зан – модар шароиту имконоти зарурӣ фароҳам оварда шуд ва ба таври бесобиқа зани тоҷик ба арсаи васеи сиёсат ворид гардид. Дар ин хусус Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017 бахшида ба Рӯзи Модар гуфта буданд: «Тибқи таҳлилҳо дар низоми хизмати давлатӣ аввали соли 2017 аз шумораи умумии беш аз 19 ҳазор нафар хизматчии давлатӣ қариб 4200 нафар ё 22 фоизашро занон ташкил медиҳанд. Ҳоло 70 фоизи кормандони соҳаи маориф ва 60 фоизи кормандони соҳаи тандурустиро низ занон ташкил медиҳанд. Сол то сол афзоиш ёфтани шумораи занон дар мақомоти судӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии кишвар низ натиҷаи кӯшишҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат доир ба баланд бардоштани мақоми занон мебошад. Шумораи соҳибкорон аз ҳисоби занон беш аз 138 ҳазор нафар буда, сарварии 20 ҳазору 500 хоҷагии деҳқониро занон ба уҳда доранд».

Моҳиятан қонун ифодаи иродаи мардум аст ва он идомаи мантиқии корҳои дар ин самт амалишуда ба ҳисоб меравад. Аз ҷониби дигар, фароҳам шудани заминаи мукаммали ҳуқуқӣ боиси аз байн рафтани мушкилоти мавҷуда мегардад.

- Эътироф низ бояд кард, ки аксарият мафҳуми зӯроварӣ дар оила ва раванди пешгирии онро ба таври бояду шояд дарк накардаанд…

- Бо шумо ҳамфикрам. Дар қонун зӯроварӣ — кирдори зиддиҳуқуқии қасдонаи дорои хусусияти ҷисмонӣ, рӯҳӣ, шаҳвонӣ ё иқтисодӣ, ки дар доираи муносибатҳои оилавӣ аз ҷониби як узви оила нисбат ба дигар узви оила содир шуда, боиси поймол гардидани ҳуқуқ ва озодиҳо, расонидани зарар ба саломатӣ мегардад ё таҳдиди расонидани зарарро ба вуҷуд меорад, тасниф шудааст.

Пешгирии зӯроварӣ дар оила, маҷмӯи чораҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ташкилии аз ҷониби субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оила амалишаванда, ки ба ҳимояи ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрванд дар доираи муносибатҳои оилавӣ ба пешгирии зӯроварӣ дар оила, муайян ва бартарафсозии сабаб ва шароити ба он мусоидаткунанда равона шудаанд, маҳсуб мешавад.

- Табиист, ки зӯроварӣ аз хурофот ва ноогоҳӣ маншаъ гирифта, ба ҳолати равонӣ, тарзи либоспӯшӣ ва зиндагии бонувон таъсири манфӣ мерасонад…

- Комилан дуруст аст. Бо дарназардошти муҳимияти масъалаи мазкур Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ соли 2015 бахшида ба Рӯзи Модар зикр намуданд, ки: «Ҳисси бегонапарастӣ ва тақлидкорӣ дар мавриди сарулибос ва рафтору гуфтор дар байни занону духтарон метавонад ба устувории рукнҳои фарҳанги миллӣ таъсири манфӣ расонад».

Ба андешаи инҷониб, дар баробари омилҳои дигар, тақлид ба тарзи либоспӯшии ба анъанаҳо носозгор аз ҷониби қисме аз бонувони тоҷик ба заиф­иродагӣ ва хурофотпарастии мардон алоқаманд аст. Мушоҳидаҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки аксари ашхоси хурофотпараст ва ба андешаҳои бепояи мазҳабӣ пойбанд, кӯшиш менамоянд, ки бонувони хонаводаашон баробари аз таҳсил дар канор мондан, зери ҳиҷоб бошанд.

Банда ҳарчанд коршинос ва мутахассиси соҳа нестам, вале хуб медонам, ки мартабаи зан — модар дар дини мубини Ислом хеле баланд аст. Сониян, қисмати зиёди онҳое, ки пӯшидани чунин тарзи либосро ихтиёр намудаанд, таърих ва моҳияти онро намедонанд ва то ба ҳадде пойбанди хурофот шудаанд, ки донистан намехоҳанд.

Ин омил низ ба заифиродагии марди оила алоқаманд аст, зеро марди оқил, қавиирода ва огоҳ ба ҳеҷ ваҷҳ ба зан ҷабр намекунад. Чун баъзе мардон дар зиндагӣ аз ин хислатҳо батамом бенасибанд, кӯшиш менамоянд, ки аҳли хонаводаашон дар «муҳосира»-и равонӣ қарор дошта бошанд. Ботини чунин нафарон то андозае бад аст, ки дар симои ҳар бонуи ба тарзи замонавӣ либоспӯшида зани сабукпоро мебинанд.

Чунин ашхос зимни таҳмили андеша ба пайвандон фарҳанги ниёконро мисол меоранд, ки нодуруст аст. Беҳтарин посухро ба чунин кӯрдилон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ бахшида ба Рӯзи Модар 6 марти соли 2015 дода буданд. Роҳбари хирадсолори кишвар дар раванди таҳлили амиқу доманадори масъала таъкид намуданд, ки: «мувофиқи сарчашмаҳои илмии этнографӣ халқи мо аз қадим либосҳои зебои занона дошт ва ҳеҷ гоҳ сиёҳпӯш набуд. Дар суннати анъанавӣ низ сиёҳпӯшӣ раво нест. Шумо худатон хуб медонед, ки ҳатто либоси мотамии мардуми мо сиёҳ нест».

Мутаассифона, бонувони ба ин раванд майлдошта кӯшиш менамоянд, ки дар такя ба «таълимоти исломӣ», бонувони дигарро ба чунин тарзи либоспӯшӣ ҷалб намоянд.

- Субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оила чӣ салоҳият доранд?

- Мутобиқи моддаи ҳафти қонун ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба пешгирии ин раванд, тасдиқ намудани барномаҳои давлатӣ оид ба масъалаи мавриди таваҷҷуҳ, ҳамоҳангсозии фаъолияти субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оила ва тасдиқ намудани низомномаву оинномаи намунавии марказҳои ёрирасон мансуб аст.

Дар моддаи ҳаштум таҳия, тасдиқ ва амалӣ намудани барномаҳои маҳаллӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила, таъсис додани муассисаҳое, ки ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳуқуқии шаҳрвандонро аз зӯроварӣ дар оила амалӣ мекунанд, ваколатҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила муқаррар шудааст.

- Бигӯед, ки мақоми давлатии кор бо занон ва оила оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар доираи талаботи қонун чӣ ваколат дорад?

- Ин қонун хусусияти иҷтимоӣ дорад. Агар гӯем, ки он танҳо ба занон дахл мекунад, нодуруст мебуд, зеро, объекти он падару модар, фарзандон ва шавҳарон низ ба ҳисоб мераванд. Дар робита ба саволи пешниҳодшуда бояд гуфт, ки ин масъала дар моддаи нуҳ ба инобат гирифта шуда, тибқи он масъулини мақоми зикршуда ваколати иштирок дар таҳия ва татбиқи барномаҳо оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила, таҳлили сабаб ва шароити ба зӯроварӣ дар оила мусоидаткунанда, пешниҳоди таклифҳо ба мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати андешидани тадбирҳо оид ба пешгирии зӯроварӣ, амалӣ намудани корҳои иттилоотию таблиғотиро дорад.

- Бегуфтугӯ, бидуни мусоидати мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хоса мақомоти корҳои дохилӣ, пешгирии ин зуҳуроти номатлуб имконнопазир аст.

- Дар моддаи 11 ваколатҳои мақомоти корҳои дохилӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила муқаррар шудааст.

Тибқи он, мақоми зикршуда ваколати қабул, баррасии муроҷиатҳо ва дигар маълумот дар хусуси зӯроварӣ дар оила ё таҳдиди содир шудани он бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, ошкор намудани сабаб ва шароити барои зӯроварӣ дар оила мусоидаткунанда, ба қайд гирифтани шахси дар оила зӯроварӣ содирнамуда ва нисбат ба ӯ татбиқ намудани чораҳои тарбиявию пешгирикунандаро дар ихтиёр дорад.

Илова бар ин, кормандони ниҳоди зикршуда муваззафанд, ки ҳангоми муроҷиат ба ҷабрдида ҳуқуқҳои ӯро фаҳмонанд ва дар ҳолати зарурӣ ба муоинаи тиббӣ фиристонанд. Бо розигии хаттии ҷабрдида ба марказҳои ёрирасон, марказҳо ё бахшҳои офиятбахшии тиббию иҷтимоӣ барои ҷабрдидагон фиристодани ӯ, додани амрномаи муҳофизатӣ ба шахси дар оила зӯроварӣ содирнамуда, оғоз намудани парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ё парвандаи ҷиноятӣ дар робита ба ҳолати мазкур, ба қайд гирифтани оилаҳое, ки дар онҳо мунтазам ҳодисаҳои зӯроварӣ ҷой доранд, пешбурди баҳисобгирии омории ҳодисаҳои зӯроварӣ дар оила низ ваколати сохтори мазкур аст.

- Амрномаи муҳофизатӣ дар кадом ҳолат дода мешавад?

- Моддаи 2 қонуни мазкур муқаррар кардааст, ки барои баровардани амрномаи муҳофизатӣ муроҷиат оид ба ҳолати содир шудани зӯроварӣ дар оила ё таҳдиди содир намудани он асос мебошад. Шахсе, ки амрномаи муҳофизатиро гирифтааст, уҳдадор аст талаботи дар он пешбинишударо риоя намояд. Дар ҳолати риоя накардани талаботи зикргардида шахси мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешавад.

Чунин амрнома аз ҷониби сардор ё муовинони сардори мақомоти корҳои дохилии маҳалли содир шудани зӯроварӣ дар муддати 24 соат аз лаҳзаи содир шудан ё ҷой дош­тани таҳдиди содиршавии он ё аз лаҳзаи додани ариза дар бораи содир шудани зӯроварӣ дар оила дода мешавад.

Дар асоси аризаи ҷабрдида ё намояндаи қонунии ӯ мумкин аст муҳлати амрномаи муҳофизатӣ, ки 15 рӯз муқаррар шудааст, бо дархости сардори мақомоти корҳои дохилӣ ва розигии прокурор то 30 рӯз тамдид карда шавад. Дар он ному насаби шахси дар оила зӯроварӣ содирнамуда ё таҳдиднамуда, вақт ва ҷойи додани амрнома, ҷой, вақт ва ҳолати содир кардани зӯроварӣ дар оила ё таҳдиди содир кардани он, талаботи пешбинишуда ва муҳлати амали онҳо, оқибатҳои ҳуқуқӣ дар сурати давом додани ҳаракатҳои зиддиҳуқуқӣ ва риоя накардани талаботи амрномаи мазкур, мансаб, ному насаби шахси амрномаи муҳофизатиро бароварда зикр мегарданд.

- Амрномаи муҳофизатӣ нисбат ба шахси дар оила зӯроварӣ содирнамуда кадом талаботро пешбинӣ кардааст?

- Дар навбати аввал, манъ кардани ҳама гуна зӯроварӣ нисбат ба ҷабрдида, бар хилофи хоҳиши ҷабрдида анҷом додани ҷустуҷӯ, пайгирӣ, ташриф, муошират ва дигар муносибатҳое, ки ҳуқуқу озодиҳои ӯро маҳдуд месозанд. Сониян, тавсия барои дар вақти муайян ба манзили истиқоматӣ ҳозир шудан, манъ кардани истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ ва моддаҳои мадҳушкунанда дар вақти амали амрномаи муҳофизатӣ.

Муҳим он аст, ки иҷро накардани талаботи дар қисми 7 моддаи мазкур зикргардида, ки боиси ҷавобгарии маъмурӣ гардидааст, муҳлати амали амрномаи муҳофизатиро бознамедорад. Аз болои амрномаи муҳофизатӣ ба суд шикоят кардан мумкин аст, вале амали онро бознамедорад.

- Дар сурати кофӣ набудани амрномаи муҳофизатӣ ҷиҳати таъмини амнияти ҷабрдида қонунгузор боз кадом чораҳои таъсиррасониро муқаррар кардааст?

- Дастгиркунии маъмурӣ аз ибтикори ниҳоии таъсиррасонӣ маҳсуб мешавад, ки дар моддаи 22 қонун пешбинӣ гардидааст. Тавре аз муҳтавои ин модда бармеояд, «бо мақсади пешгирии зӯроварӣ дар оила, ки таркиби ҳуқуқвайронкунии маъмуриро дорад ва кофӣ набудани амрномаи муҳофизатӣ ҷиҳати таъмини амнияти ҷабрдида, шахси мансабдори мақомоти корҳои дохилӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгиркунии маъмурии шахси зӯроварӣ дар оила содирнамударо анҷом медиҳад».

Мардонро, ки саробони оила мебошанд, лозим аст, ки оиларо ҳамчун падидаи муҳимтарини иҷтимоӣ дар мадди назар қарор дода, бо қавииродагӣ, ҳамқадами замон будан, арҷ гузоштан ба ҳуқуқҳои модар, ҳамсар ва хоҳару дигар пайвандон симои аслӣ, чеҳраи воқеӣ ва моҳияти ҳақиқии оилаи суннатии тоҷикро ҳамчун рукни муқаддасу арзишманд бегазанд нигоҳ доранд.

Дар маҷмӯъ, муносибати ҷиддӣ дар самти иҷрои қонуни мазкур, ба рафъи бетаъхири ин зуҳуроти номатлуб ва хатарзо мусоидат менамояд.

Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум»