Зӯроварӣ дар оила таҳдид ба солимии ҷомеа аст

№48 (3842) 19.04.2018

630_360_1497276235-6701Дар ҳама давру замон мутафаккирон, ходимони дин, ҳуқуқшиносон, шоиру нависандагон зӯровариро маҳкум намуда, ҷомеаро ба дилсӯзиву хайрхоҳӣ ва муросову созишкорӣ даъват мекарданд. Мутаассифона, дар асри пешрафти илму технология, ки сатҳу сифати зиндагии сокинони сайёра ба маротиб боло рафтааст, ҳодисаҳои зӯроварӣ зиёд мушоҳида мешавад. Аз рӯи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ҳар зани сеюм дар ҷаҳон дар тӯли ҳаёт латукӯб мешавад, гирифтори таҷовуз мегардад ва ё мавриди суиистифода қарор мегирад. Муайян шудааст, ки дар аксар ҳолат озордиҳандагон аъзои оила мебошанд. Дар дунё шумораи ҷабрдидагони таҷовуз ба номус нисбат ба гирифторони стрессҳои баъди ҷарроҳӣ 6 маротиба, нисбат ба ба суиис­тифодакунандагони машруботи спиртӣ 13 маротиба, нисбат ба суиистеъмолкунандагони маводи нашъаовар 26 маротиба ва нисбат ба қасди худкушидоштагон 4 маротиба зиёдтар аст. Собиқ Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Кофи Аннан гуфта буд: «Зӯроварӣ нисбат ба занон шояд шармовартарин поймолкунии ҳуқуқи инсон ва шояд маъмултарин ҳам бошад. Он ҳудуди ҷуғрофӣ, фарҳангӣ ё дороиро намедонад. То замоне ки он давом мекунад, мо наметавонем талаби пешрафти воқеӣ дар самти баробарӣ, инкишоф ва осоиш кунем».

Дар бисёр маврид занону духтарон дучори зӯроварии хонаводагӣ мегарданд. Таҳлили ҳодисаҳои вобаста ба зӯроварӣ нишон медиҳад, ки дар сурати надидани чора ва ислоҳ нашудани вазъ мумкин аст кор ба фоҷиа анҷом ёбад. Чунончӣ, дар Федератсияи Россия ҳар сол аз дасти шавҳар ё ҳамзист то 15000 нафар зан мефавтанд.

Дар ҷумҳурӣ шакли нисбатан паҳншудаи зӯроварии хонаводагӣ муносибат ба келин ва ҳамсар мебошад. Ин омил яке аз сабабҳои асосии ҷудошавии оилаҳои ҷавон гаштааст.

Бо мақсади пешгирии ҳолатҳои ногувор дар мамлакат 19 марти соли 2013 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» қабул гардид. Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба пешгирии зӯроварӣ дар оила танзим намуда, вазифаи субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оиларо доир ба ошкор, пешгирӣ ва бартарафсозии сабабу шароитҳои ба он мусоидаткунанда муайян менамояд.

Дар моддаи 1- уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» омадааст: «Зӯроварӣ дар оила — кирдори зиддиҳуқуқии қасдонаи дорои хусусияти ҷисмонӣ, рӯҳӣ, шаҳвонӣ ё иқтисодӣ, ки дар доираи муносибатҳои оилавӣ аз ҷониби як узви оила нисбат ба дигар узви оила содир шуда, боиси поймол шудани ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ, расонидани дарди ҷисмонӣ ё зарар ба саломатии ӯ мегардад ё таҳдиди расонидани чунин зарарро ба вуҷуд меорад».

Ҳуқуқшинос Дилшод Аминов мегӯяд, ки зӯроварӣ дар оила 4 навъ мешавад: ҷисмонӣ, рӯҳӣ, шаҳвонӣ ва иқтисодӣ. Зӯроварии ҷисмонӣ дар оила кирдори зиддиҳуқуқии қасдонаи як узви оила нисбат ба дигар узви оила мебошад, ки дар натиҷаи истифода бурдани қувваи ҷисмонӣ боиси расонидани дарди ҷисмонӣ ё зарар ба саломатӣ шудааст. Зӯроварии рӯҳӣ таъсиррасонии қасдонаи рӯҳӣ нисбат ба дигар узви оила бо роҳи таҳдид, таҳқир, иръоб (шантаж) ва ё маҷбуркунӣ ба содир намудани ҳуқуқвайронкуниҳо ё кирдорҳое мебошад, ки барои ҳаёту саломатӣ ҳавфноканд, инчунин ба вайроншавии инкишофи рӯҳӣ, ҷисмонӣ ё шахсият оварда мерасонад.

Яке аз маъмултарин нишонаҳои зӯроварӣ дар оила ҷабри хушдоман ва хешовандони домод ба арӯси хонадон мебошад. Дар мафкураи баъзеҳо нақш бастааст, ки келин бояд хизматгор ва мутеи хонаводаи шавҳар бошад.

- Арӯси ҷавон бо ҳазорон орзую умед ба хонаи домод қадам мениҳад, вале дар баъзе мавридҳо гирифтори рашку ҳасад ва хӯрдагириҳои беасоси хонаводаи шавҳар мегардад, — мегӯяд сарвари Ташкилоти ҷамъиятии «Қалам» Бибихонум Дарвешзода. — Модар ва апаю хоҳари домод ба ҷойи он ки ба арӯси ҳанӯз дар ҳаёт таҷрибанадошта кумаку дастгирӣ намоянд, айбҷӯиву таъназанӣ мекунанд. Дар натиҷа, орзую умедҳои наварӯс барбод рафта, дилшикаставу рӯҳафтода мегардад. Агар мабодо ба аҳли хонавода ҳолати ногуворро баён кунад, аз ҷониби шавҳар барои «баровардани гапи хона» мавриди озор қарор мегирад.

Зӯроварӣ дар оила фазои солими хонаводаро вайрон карда, боиси ба миён омадани нобоварӣ, бедоршавии ҳисси нафрат ва аз байн рафтани муҳаббату самимият мегардад. Ҳол он ки оилаи солим дар заминаи муҳаббату эҳтироми дуҷонибаи аҳли хонавода бунёд меёбад. Ин нукта дар боби 1- уми «Кодекси оила»- и Ҷумҳурии Тоҷикис­тон чунин таъкид шудааст: «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бунёди муносибатҳои оилавӣ дар заминаи муҳаббату эҳтироми якдигар, кумаки мутақобила ва масъулияти ҳамаи аъзои оила дар назди оила, раво набудани дахолати беасоси ҳар шахс ба корҳои оила, татбиқи бемонеаи ҳуқуқ ва иҷрои уҳдадориҳои худ аз ҷониби аъзои оила ва имконияти ҳимояи судии онҳо асос меёбад».

- Дар баъзе ҳолатҳо аҳли хонаводаи домод мисли намоишнома нақш мебозанд, — мегӯяд равоншинос, номзади илмҳои тиб Саидҷон Нодирӣ. – Модару апаи домод дар набудани ӯ бо келин бадрафторӣ карда, шаънашро паст мезананду дар назди писар (бародар) худро меҳрубон метарошанд. Вақте келини бечора асли гапро ба шавҳар гӯяд, ба ҷои дастгирӣ, барои «туҳмат» аз шавҳар гап мешунавад ё зарбу лат мебинад.

Бо мақсади ҳимоя намудани ҳуқуқҳои аҳолӣ тавассути тақвияти чораҳо оид ба эътинои сохторҳои давлатӣ ба ҳолатҳои зӯроварии хонаводагӣ дар мамлакат аз соли 2004 лоиҳаи «Пешгирии зӯроварии хонаводагӣ» (PDV) амал мекунад. Он аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария маблағгузорӣ шуда, аз ҷониби Филиали GOPA дар Тоҷикистон амалӣ мегардад. Ба гуфти директори Филиали GOPA Елена Максименко, яке аз вазифаҳои лоиҳа дастгирии муассисаҳои давлатӣ дар ҳамоҳангсозии сиёсат оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила ва расонидани хизматрасонии самаранок ба аҳолӣ мебошад.

Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи милитсия, Вазорати маориф ва илм, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон шарикони стратегии лоиҳаи «PDV» мебошанд. Ҳамчунин, ташкилотҳои ҷамъиятии «Дилафрӯз» (дар шаҳри Бохтар ва ноҳияи Хуросон), «Ғамхорӣ» (шаҳри Бохтар ва ноҳияи Ҳамадонӣ), «Ҳамроз» (ноҳияи Кӯшониён ва шаҳри Левакант), «Маҳбуба» (ноҳияҳои Вахш ва Ҷалолиддини Балхӣ), «Хайрхоҳи замон» (ноҳияи Панҷ) ва «Боварӣ ба фардо» (шаҳри Душанбе) шарикони иҷроияи лоиҳа ба шумор мераванд.

Чанде пеш лоиҳа якҷо бо Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Таҳлили ҷанбаҳои инъикоси мавзӯъҳои зӯроварӣ дар оила ва мусоидат ба баробарии гендерӣ дар ВАО» бо як гурӯҳ рӯзноманигорон тренинги омӯзишӣ баргузор намуд. Коршиноси масоили пешгирии зӯроварии хонаводагии лоиҳаи «PDV» Виорелия Русу ба рӯзноманигорон гуфт, ки зимни инъикоси мушкилоти зӯроварӣ дар оила хеле боэҳтиёт баён кардани мавзӯъ зарур аст, то хонанда ҷабрдидаро маҳкум накунад.

- Рӯзноманигор бояд таваҷҷуҳи хонандагонро танҳо ба нишонаю натиҷаҳои зӯроварӣ дар оила равона накарда, балки бештар ғайриқонунию нодуруст будани зӯроварӣ нисбат ба дигарон, аз ҷумла аҳли хонаводаро тарғиб намояд, — гуфт Виорелия Русу. — Дар баробари муайян кардани зӯровару ҷабрдида роҳи ҳалли раҳоӣ аз мушкилотро ҳам нишон додан зарур аст. Зимни навиштани саргузашти ҷабрдида ба махфӣ мондани маълумот дар бораи ӯ кафолат бояд дод.

Воқеан, мумкин аст, ки андак беэҳтиётии рӯзноманигор ба ҷои фоида ба ҷабрдида зарар расонад. Чунончӣ, дар Молдавия рӯзноманигоре дар хусуси зане, ки қурбонии хушунати шаҳвонӣ шуд, мақола навишт. Зимни инъикоси мавзӯъ ӯ ишора кард, ки ҷабрдида дучори бемории ҷинсӣ гашта, тифли беангушт ба дунё овардааст. Дар натиҷа, занро атрофиён шинохта, ба ҷои ёрӣ расонидан аз ӯ ҳазар намуданд. Ҷабрдидаро аҳли маҳалла ҳатто намегузоштанд, ки аз чоҳи обкашӣ об гирад. Дар натиҷаи таҳқиру маломати атрофиён ӯ қариб ба худкушӣ расида буд. Маркази буҳронӣ ба доди ин зани қурбонии хушунат расида, паноҳгоҳ ва ҷои кор дод. Пас аз ин зиндагии ӯ ба куллӣ тағйир ёфт.

Мушовири матбуотии лоиҳаи «PDV» Фирӯз Баротов изҳор намуд, ки баъзан дар матбуот рӯзноманигорон проблемаро вақте ба миён мегузоранд, ки кор аз кор гузаштааст. Яъне, ҷабрдида аллакай дар қайди ҳаёт нест. Бархе аз рӯзноманигорон мехоҳанд аз ҷинояти вобаста ба хушунат ҳангома созанд. Чунончӣ, дар ҳафтаномаҳо баъзан бо сарлавҳаҳои ҳангомасоз менависанд, ки «дар фалон ноҳия шавҳар занашро корд зад» ё «аз ҷабри хушдоман келин сирко хӯрд» ва ғайра. Рӯзноманигор набояд ба эҳсосот дода шуда, воқеаро яктарафаву нодуруст шарҳ диҳад. Баъзан дар матбуот хушунатро нодида гирифта, «баҳси оилавӣ», «муносибати бад» ё «рашк» маънидод мекунанд. Иддае ғарқи инъикоси мавзӯъ фарҳанги ҳамсояву қавмдориро фаромӯш мекунанд. Фикр намекунанд, ки гуноҳи як узви хонавода боиси хиҷолату шармандагии наздикон мегардад.

- Агар дар хонавода зӯроварӣ ҷой дошта бошад, он ба ахлоқи кӯдакон таъсири манфӣ мерасонад,- мегӯяд равоншинос Саидҷон Нодирӣ. – Тибқи мушоҳидаҳо аксар ҷинояткорон аз оилаҳои носолим мебароянд. Кӯдаке, ки дар оилаи фазояш пур аз хушунат ба воя мерасад, эҳтимол дорад дар оянда дамдузд, тарсу, бераҳм ва рӯҳафтода шавад. Аз ин рӯ, зӯроварӣ дар оила таҳдид ба солимии ҷомеа аст.

Чаро имрӯз, дар замоне ки аксари аҳолӣ хату савод доранд, зӯроварии хонаводагӣ барин ҳодисаи нангин зиёд рӯй медиҳад?

- Ба андешаи ман, зиёд шудани ҳодисаҳои хушунат ин солҳои навадум аз таълиму тарбия дур мондани як қисми аҳли ҷомеа аст,- мегӯяд мудири бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор Ҳасан Давлатов. – Касоне, ки дар он давра мактабхон буданд, имрӯз келин ё домоди касе ҳастанд. Вазъи нобасомони он солҳо ба рӯҳияи кӯдакону ҷавонони он давра таъсири манфӣ расонда буд. Аз ин рӯ, имрӯз иддае дар муносибати байниҳамдигарӣ дучори мушкилот мегарданд. Хуб мешуд, ки тавассути шабакаҳои телевизионӣ барномаи «Маърифати оиладорӣ» таҳия намуда, пешкаши аҳли ҷомеа гардонида шавад. Соли 2005 нашриёти «Адиб» китоби дуҷилдаи нависанда Сулаймон Эрматовро бо номи «Одоби оиладорӣ» чоп намуд, ки паҳлуҳои зиндагиро дар бар гирифтааст. Зарур аст онро дубора чоп карда, дар идораҳои САҲШ пешкаши навхонадорон кунанд. Боварӣ дорам, ки касе аз маърифати оиладории ниёгон баҳравар шавад, ҳеҷ гоҳ даст ба хушунат намезанад.

Агар касе таҳти зӯроварӣ дар оила қарор дошта бошад, дар мадди аввал чӣ бояд кунад? Дар роҳнамое, ки таҳти унвони «Ҳаёт бе зӯроварӣ» соли 2017 чоп шудааст, омадааст: «Агар ба шумо ва фарзандони шумо хатар таҳдид кунад ва касе натавонад пеши роҳи хушунатгарро бигирад беҳтар аст муваққатан манзилатонро тарк намоед. Ба хушунат бо хушунат ҷавоб надиҳед. Кӯшиш кунед худро ба даст гиред, бо хушунатгар оромона ва бурро суҳбат кунед. Дар хотир дошта бошед, ки шумо дар зӯроварӣ нисбати худ гуноҳ надоред, гунаҳкор худи хушунатгар аст ва бо ёрии шумо вай ба ҷавобгарӣ кашида мешавад».

Ҳар як фард тибқи қонун ба дахлнопазирии шахсияти худ, озодӣ, бехатарӣ ва ҳамчунин ба ҳаёте ҳуқуқ дорад, ки дар он ба зӯроварӣ ҷой нест. Дар сурати мавҷуд будани нишонаҳои зӯроварӣ ҷабрдидагон метавонанд ба бахшҳои кор бо занон ва оилаи шаҳру ноҳияҳо, марказҳои захиравии занон ва марказҳои буҳронӣ муроҷиат кунанд. Дар қатори ташкилотҳои ҷамъиятии дар боло зикршуда инчунин ташкилотҳое, аз қабили «Бонувони фардо» (ноҳияи Шаҳритуз), «Майрам» (шаҳри Кӯлоб), «Моҳи мунир» (ноҳияи Ҷайҳун), «Дармонбахш» (ноҳияи Дӯстӣ), «Занҳо муқобили зӯроварӣ» (Истаравшан), «Занони шарқ» (Панҷакент), «Умед» (Исфара), «Занон барои адолат» (Хоруғ) ва ғайра ҳастанд, ки ба ҷабрдидагон ёрии ҳуқуқиву равонӣ мерасонанд. Дучори хушунат шудан ҳеҷ гоҳ поёни ҳаёт нест. Онҳое, ки ба ин кор дучор мегарданд, метавонанд бо кумаки мутахассисони марказҳои буҳронӣ ҳаёти худу фарзандонро тағйир дода, зиндагиро беҳ созанд.

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум»