Конститутсия - бахтномаи миллат

Заминасоз ва роҳкушои созандагиҳо

№155(3456) 17.11.2015

Бо эълони мустақилият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми нави давлатдорӣ, ки дар заминаи тозаи қонунгузории миллӣ рӯи кор омада буд, ташаккул ёфт.

Пӯшида нест, ки пешрафти ҳама бахшҳои ҷомеа бо заминаи қонунӣ ва асосҳои сохторӣ — ҳуқуқӣ вобаста мебошад. Аз ин нигоҳ, барои Ҷумҳурии тозаистиқлоли Тоҷикистон лозим омад, ки барои бунёди ҷомеаи навини шаҳрвандӣ ва давлати демократӣ дар навбати аввал заминаҳои қонунӣ ва фазои мусоиди ҳуқуқиро ба вуҷуд оварад.

Маҳз Иҷлосияи таърихиву тақдирсози XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он Роҳбари нави сиёсии кишвар интихоб шуд ва қонуну дигар санадҳои ҳуқуқии зимни ин ҷаласа батасвибрасида шуълаи умедро дар дили мардум фурӯзон сохт. Фарзанди баруманди миллат Эмомалӣ Раҳмон ғаюрона зимоми роҳбариро ба дасти худ гирифт ва тадриҷан мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои интизомию қудратӣ ба таъмини қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, эҷоди фазои суботу осоиштагӣ камар бастанд.

Агар ба солҳои аввали эълони истиқлолият назар афканем, равшан мегардад, ки кӯшишҳои ташкили заминаи мустаҳками қонунӣ барои таъмини фаъолияти соҳаҳои гуногуни ҷомеа ҳанӯз он замон сурат гирифтаанд. Аммо ҷанги ҳамватанӣ боис гардид, ки ин кор ба таъхир афтад, зеро эҷоди қонун дар шароити нооромии сиёсӣ ва амниятӣ ғайриимкон аст. Танҳо шароити осоишта имкон медиҳад, ки санадҳои қонунии такмилёфта ва ҷавобгӯйи ниёзҳои ҷомеа таҳия ва барои инкишофу тараққиёти ҷомеа нафърасон гардад.

Таҳияи лоиҳаи қонуни асосии кишвари соҳибистиқлоламон — Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон таърихномаи хоси худро дорад. Қабл аз оғози ҷанги шаҳрвандӣ, аз рӯзҳои аввали соҳибихтиёрӣ, зарурат ба миён омад, ки чунин санади олии ҳуқуқӣ таҳия шуда, ба таври  раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардад, зеро бе қабули Конститутсия таҳия ва қабули дигар санадҳои ҳуқуқӣ душвор аст.

Аз ин нигоҳ, танҳо соли 1994 имкону шароити мувофиқ фароҳам омад, ки Конститутсияи ҷумҳурӣ ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардад. Қабл аз қабули он барои таҳияи лоиҳаи Конститутсия гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шуданд, чанд лоиҳа пешниҳод гардид, лек лоиҳаи нави Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мақбул ва мукаммал дониста шуда, ба раъйпурсии умумихалқӣ пешниҳод шуд.

Қобили зикр аст, ки пас аз қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон коршиносони ҳуқуқии сатҳи ҷаҳонӣ ба матн ва муқаррароти он баҳои баланд дода, онро ба қатори даҳгонаи конститутсияҳои беҳтарини давлатҳои аъзои Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо шомил намуданд.

Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон аз конститутсияҳои то ин дам қабулгардида куллан фарқ менамуд, зеро дар моддаи якуми он Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон карда шуд, ки дар таърихи давлатдории мо гардиши дигаргунии қобили таваҷҷуҳ аст.

Ҳама пешрафту дастовардҳое, ки дар даврони Истиқлолият мардуми тоҷик ба он ноил шуданд, самараи заминасозии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Ба маънои томаш Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон заминасоз ва раҳкушои корҳои бузурги  созандагӣ барои таҳкими пояҳои истиқлолият ва устувор намудани муқаддасоти давлатӣ ва миллӣ гардид.

Муҳимтарин хусусияти Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши олӣ эътироф намудани ҳуқуқҳои инсон ба шумор меравад. Ҳамаи иқдомоти давлат барои фароҳам овардани шароиту зиндагии сазовор барои одамон нигаронида шудааст. Давлат таъмини риоя ва ҳифзи ҳуқуқҳои инсонро ба дӯши худ гирифта, ин фаъолиятро тавассути шохаҳои масъулу ваколатдори ҳокимият амалӣ мекунад. Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи инсон ҳамчун арзиши олӣ, ки онро Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, риоя, таъмин ва ҳифз шуда истодааст, яъне волоияти қонун пойдор мебошад. Хилофи ҳама талошҳои душманони миллат кохи Истиқлолияти мо сол то сол устувор гашта истодааст, ки дар ниҳояти кор тоҷику тоҷикистониёнро ба фардои дурахшон, зиндагиву рӯзгори боз ҳам шоиста ва сазовор хоҳад расонид.

Суҳроб РУШАНЗОДА, муовини якуми раиси Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе