Бани одам аъзои якдигаранд

Зиёда аз 1100 кас ба пайвандсозии гурдаю ҷигар ниёз доранд

№72 - 73 (3866 - 3867) 12.06.2018

Ин дар ҳолест, ки набудани донор сабаби афзоиши маъюбон мегардад

Сокини ноҳияи Ҳисор Ҳабибулло Идиев се сол боз ба бемории норасоии музмини гурда гирифтор аст. Духтурон наҷоти ӯро дар пайвандсозии гурда медонанд.

- Бемориам азоб медиҳад. Се сол шуд, ки таҳти назорати духтурон ҳастам. Аммо донор нест, ки гурдаамро иваз намоям. Маблағе надорам, ки ба хориҷа раваму ҷарроҳӣ кунам, — зикр кард номбурда.

Ҳабибулло ягона нафар нест, ки ба ин мушкил гирифтор аст. Садҳо нафар ба бемориҳо, ки бидуни иваз кардани ягон узв шифо ёфтанашон ғайриимкон аст, гирифторанд.

Тибқи омори Маркази пайвандсозии гурда ва ҷигар дар кишвар зиёда аз 400 нафар ба пайвандсозии гурда ва зиёда аз 700 нафар ба пайвандсозии ҷигар ниёз доранд. Табибони марказ мегӯянд, ки аз сабаби набудани донор имкони ба онҳо кумак кардан надоранд.

Пайвандсозии узв дар тибби муосир ба яке аз масоили мубрам табдил ёфтааст. Дар кишварҳои пешрафта чанд даҳсола аст, ки он ба шаклҳои гуногун ҷараён дорад ва дар Тоҷикистон низ солҳои охир ин кор амалӣ мешавад.

Аз соли 2007 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пайвандсозии (трансплантатсияи) узв ва (ё) бофтаҳои инсон» амал мекунад. Он асосҳои ҳуқуқии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои донор, ретсипиент (бемор) ва муассисаҳои тандурустиро муқаррар намуда, муносибатҳои вобаста ба пайвандсозиро ба танзим медарорад. Мақсади пайвандсозӣ дар қонун василае барои наҷоти ҳаёт, барқарорсозии саломатии шаҳрвандон арзёбӣ гардида, дар асоси риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳуқуқҳои инсон мутобиқи принсипҳои инсондӯстонаи эълоннамудаи ҷомеаи байналмилалӣ, ки дар он манфиатҳои инсон аз манфиати ҷомеа ва илм боло гузошта мешавад, амалӣ мегардад.

Соли 2009 бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маркази миллии пайвандсозии узву бофтаҳои инсон ташкил шуд, ки дар Осиёи Марказӣ ягона мебошад. Дар он мутахассисони соҳибтаҷриба фаъолият доранд, ки дар Россияву Ҳиндустон ва Эрон такмили ихтисос кардаанд. Ба фаъолият шурӯъ намудани марказ сабаб шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт аз давлати фиристандаи беморон ба кишвари қабулкунанда табдил ёбад. То ин дам 16 шаҳрванди Қирғизистон, ду нафар аз Ӯзбекистон, чор нафар аз Туркманистон, 23 нафар аз Озарбойҷон, як нафар аз Либия, як шаҳрванди Федератсияи Россия, як нафар аз Украина, як нафар аз Аморати Муттаҳидаи Араб, як нафар аз Испания ва 13 нафар аз Исроил дар ҷумҳурӣ амалиёти пайвандсозӣ гузаронданд. Арзиши иваз кардани гурдаву ҷигар ва пайвандсозии узвҳо дар хориҷи кишвар 20 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Аммо дар ҷумҳурӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон бо 47 ҳазору 800 сомонӣ ва барои хориҷиҳо бо 57 ҳазору 800 сомонӣ анҷом дода мешавад.

Директори марказ Сайидмуҳиддин Исмоилзода зимни суҳбат зикр кард, ки то имрӯз ба зиёда аз 400 бемор амалиёти пайвандсозии гурда ва ҷигар гузаронида шуда, пайвандсозии мағзи устухон низ ба роҳ монда шудааст.

Аксар пайвандсозиҳо ба воситаи донорҳои зинда (хешу табор) амалӣ мешаванд, ки дар баъзе маврид боиси маъюб гардидани нафари дигар мегардад. Ҳол он ки метавон дар ин масъала аз таҷрибаи кишварҳои пешрафта истифода кард. Масалан, дар Ҷумҳурии Туркия шаҳрванд ба марказҳои пайвандсозӣ муроҷиат намуда, розигиашро барои донор шудан ҳангоми гирифторшавӣ ба марг дода, корти махсус мегирад. Дар сурати ба вуқӯъ омадани ҳодиса узвҳои солими онро барои наҷоти беморон истифода мебаранд. Чунин кор дар дигар ҷумҳуриҳо, аз қабили Эрон, Федератсияи Россия, Хитой, Туркия, Арабистони Саудӣ, Миср, Покис­тон, Малайзия, Алҷазоир, Либия, Тунис, ИМА ва Олмон ба роҳ монда шудааст. Аммо дар кишвари мо то ҳол ин мушкил ҳалли худро пайдо накардааст.

Қонунгузории кишвар гирифтани узв ва (ё) бофтаҳо аз майитро бо ризоияти хешовандони шахси фавтида ва иҷозати сардухтури муассисаи тандурустӣ пешбинӣ кардааст. Дар моддаи 11-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пайвандсозии (трансплантатсияи) узв ва (ё) бофтаҳои инсон» омадааст: «Гирифтани узв ва (ё) бофтаҳо аз майит бо ризояти хешовандони наздики фавтида ва иҷозати сардухтури муассисаи тандурустӣ дар ҳолати риояи талаботи қонуни мазкур сурат мегирад».

Дар ҳамин ҳол қонун гирифтани узв ва бофтаҳо аз донори зиндаро низ ҳангоме иҷозат медиҳад, ки дигар илоҷе барои наҷоти бемор набошад. Дар моддаи 12 омадааст: «Гирифтани узв ва (ё) бофтаҳо аз донори зинда барои пайвандсозӣ танҳо ба манфиати саломатии бемор ва дар ҳолати мавҷуд набудани узв ва (ё) бофтаҳои ба пайвандсозӣ лозими майит ё усули табобати алтернативӣ, ки таъсирнокии он ба таъсири пайвандсозии узв ва (ё) бофтаҳо қиёспазир мебошад, амалӣ гардонида мешавад.

Аз донори зинда гирифтани узв дар ҳолате иҷозат дода мешавад, ки агар ӯ бо ретсипиент (бемор) ҳамбастагии ирсӣ дошта бошад».

Зимни пурсише, ки аз тариқи шабакаи иҷтимоии «Фейсбук» бо саволи «оё дар ҳолати марг барои наҷоти дигарон розӣ мешавед, ки узвҳоятонро ҳамчун донор истифода баранд?» гузаронидем, аксар дар ин масъала розӣ набуданашонро изҳор доштанд. Ба андешаи онҳо, ин амал хилофи расму оин ва дини ислом мебошад. Нигаронӣ карданд, ки агар ин кор дар кишвар ба роҳ монда шавад, ба тиҷорат табдил меёбад.

Олимони дин интиқоли узв аз ҷониби донорҳои зинда ва майитро танҳо дар ҳолатҳои мавҷуд набудани илоҷи дигар иҷоза медиҳанд. Тавре сармутахассиси Раёсати фатвои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Хомӯшов зикр кард: «Пайвандсозии узви як инсон ба инсони дигарро олимони дин низ дар ҳолатҳои зарурӣ иҷозат додаанд. Агар табибон яқин донанд, ки таҳдиди марг ба бемор пеш омада, бидуни пайванди узв роҳи дигаре вуҷуд надорад, инчунин гирифтани узви шахси солим ба саломатии ӯ хатар эҷод накунад, дар ин ҳолат ихтиёр ба шахси мубтало вогузор мешавад, агар иҷрокунанда эҳтиётро ихтиёр кунад, ин амалро анҷом намедиҳад ва худро аз маҳалли ихтилоф дур медорад, агар ба хотири зарурати пешомада онро анҷом диҳад, ба он амал мекунад. Барои гирифтани узве аз шахси мурда зарур аст, ки ин инсон дар зиндагии худ иҷозати онро дода ва ворисони ӯ низ пас аз маргаш ба он розӣ бошанд».

Ҳамсуҳбатам, инчунин қайд кард, ки дар дини ислом фурӯхтани узви инсон ҷоиз нест.

Равоншинос Нодир Амонов зикр кард, ки мардум бар ин боваранд, ки ҷисми онҳо бояд комил ба хок супорида шавад. Дар ҳоле ки ҷисм баъд аз марг ҳеҷ арзиш надорад.

- Бояд гуфт, ки ин эътиқоди динии мардум аст ва солҳост ба он боварӣ доранд. Барои ҳамин бояд миёни мардум як консепсия таҳия намоему дар мавриди марги мағзӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронем. Бо рӯҳониён суҳбатҳо карда, тариқи ВАО пешкаши мардум кунем, — изҳор дошт ӯ.

Ба андешаи коршиносон, яке аз сабабҳои мавриди хариду фурӯш қарор гирифтани инсонҳо низ ба пайвандсозии узвҳо рабт дорад. Қонунгузории кишвар хариду фурӯши узву бофтаҳоро манъ мекунад, ки он дар моддаи 16 муқаррар шудааст.

Сардори ҷамъияти «Маъюбони гурда ва ҷигар» Суҳроб Шарифов зикр кард, ки соли 2017-ум аз 333 бемори норасоии музмин бақайдгирифташуда, бо сабаби пайдо накардани донор, 90 нафар фавтиданд.

- Дар амал ҷорӣ кардани пайванди узв аз майит аз як тараф беморони ба пайванди узвҳо ниёз­доштаро аз марг наҷот дихад, аз тарафи дигар, одамони зиёдро аз маъюб шудан эмин медорад. Чунки донорони зинда аксар маврид баъди ҳадя кардани узв маъюб мегарданд. Мо шоҳиди дар як моҳ фавтидани чанд нафар аз ҳодисаҳои нохуш дар беморхонаҳо ҳастем. Дар ҳолати ба роҳ мондани пайванди узвҳо аз майит бисёр нафарон наҷот меёбанд, — афзуд номбурда.

Ин нуктаро директори Маркази пайвандсозии узву бофтаҳо С. Исмоилзода низ тасдиқ карда, аз мардум даъват намуд, ки розигӣ диҳанд, то баъди марги мағзӣ аъзои баданашон барои наҷоти дигарон истифода шавад.

Ба ҷои хулоса

Ҷавоне, ки ягона фарзанди хонадон буд, ба садамаи нақлиётӣ гирифтор мешавад. Баъд аз ташхис маълум мегардад, ки дигар имкони табобат кардан нест. Иттифоқан ҷавони дигаре гирифтори бемории дил буд. Духтурон ба хулоса омаданд, ки дили ҷавони ба садама гирифторшударо ба бемори дигар пайванд созанд. Ҷавон пас аз муддате сиҳатии комил ёфта, аз асли ҳодиса хабардор мегардад. Ӯ суроғаи модари он ҷавонро аз табибон гирифта, сӯи хонааш мешитобад. Бо гузашти вақт онҳо бо ҳамдигар унс мегиранд…

Ҷамшеди Сабоҳиддин,

«Садои мардум»