Ишкошим. Дастовардҳо аз рушди бемайлон шаҳодат медиҳанд

№116 (3910) 25.09.2018

Симои ноҳияи Ишкошим дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ хеле тағйир ёфт. Хонаҳои истиқоматии бо тарҳи замонавӣ бунёдгардида ва дигар иншооти навбунёд ба марказ ва деҳоти он ҳусни нав зам намуданд.

Тавре узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Ишкошим Зикрихудо Самадзода зикр намуд, айни замон чароғон ва мумфаршкунии кӯчаҳои маркази ноҳия вусъат пайдо кардааст. Мардум шукргузорӣ аз истиқлолияту Ваҳдати миллӣ мекунанд, ки ба шарофати ин ду рӯйдоди муҳими таърихӣ ба созандагӣ ва рушди бемайлон расиданд. Аз баракати сиёсати созандаи Ҳукумати мамлакат дар муддати кӯтоҳ дар ноҳия 100 иншооти таъиноти гуногун бо харҷи беш аз 90 миллион сомонӣ бунёд гардид. Аз ҷумла, соли гузашта бинои маъмурии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, ки бо сарфи беш аз нуҳ миллион сомонӣ сохта шудааст, бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифт. Илова бар ин, корҳои зиёд, ба мисли кашидани хатҳои обгузар, сохтмони неругоҳҳои хурди барқи обӣ, таҷдиди пурраи Неругоҳи барқи обии ба номи Н. Отамбеков, азнавсозии хатҳои интиқоли барқ, ба шабакаи ягонаи барқии вилоят пайвастани зеристгоҳҳои Андаробу Ишкошим, аз таъмири ҷорӣ ва асосӣ баровардани трансформаторҳо ва ғайра бо харҷи садҳо ҳазор сомонӣ анҷом ёфтанд.

Ба хотири пешрафти беш аз пеш, бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Ишкошим барои солҳои 2016 — 2020» қабул гардид, ки 134 лоиҳаро дар бар мегирад ва барои амалӣ гардидани онҳо 220 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Ба рушди соҳибкорӣ низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Тайи чанд соли охир панҷ зани ноҳия барои эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, бунёди сехи дӯзандагӣ, фермаи мурғпарварӣ ва сохт­мони ошхона 95 ҳазор сомонӣ гранти президентӣ гирифтанд.

Дар ноҳия коргоҳҳои хурди саноатӣ, аз ҷумла дӯзандагӣ, пойафзол­дӯзӣ, истеҳсоли тоқиҳои вахонӣ, хишт ва ғайра фаъолият доранд. Корҳои сохтмониву васлкунӣ дар корхонаҳои коркарди чӯб ва ангат босуръат идома ёфта истодаанд.

Дар деҳоти «Шитхарв» марказҳои саломатӣ, савдо ва дар деҳаи Дрижи деҳоти «Вранг» бунгоҳи тиббӣ бунёд гардида, беморхонаи минтақавии деҳоти «Вранг» азнавсозӣ ва беморхонаи минтақавии деҳаи Туғгоз бо таҷҳизоти ҳозиразамони тиббӣ ҷиҳозонида шуданд.

Аз маълумоти оморӣ бармеояд, ки дар ноҳия 144 нуқтаи хизматрасонии маишӣ ва 191 субъекти савдо фаъолияти пурмаҳсул доранд.

Ишкошим, инчунин яке аз минтақаҳои зебоманзар буда, бо ­табиати асрорангез, мавзеъҳои зиёди таърихӣ ва бештар аз 80 чашмаи шифобахш дар кишвар ва берун аз он шуҳрат пайдо кардааст. Аз ин ҷост, ки роҳбарияти ноҳия ба рушди инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд. Дар ин робита, бунёди меҳмонхонаву нуқтаҳои хизмат­расонӣ беш аз пеш тавсеа ёфта истодааст. Аз ҷумла, соли ҷорӣ дар деҳоти «Шитхарв» ва маркази ноҳия меҳмонхонаҳои барҳавои дуошёна мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт.

Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» коргарон асосан ба кашидани хати об, барқ ва бунёди роҳ машғуланд. Дар се соли охир барои рушди минтақа аз ҳисоби Буҷети давлатӣ зиёда аз панҷ миллион сомонӣ равона гардид.

- Ишкошим ноҳияи аграрӣ буда, 2787 гектар замини кишт дорад. Соли гузашта кишоварзон ҳосили хуби ғалла ва картошка ба даст оварданд. Нашъунамои киштзори имсола низ аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳосилнокии зироатҳо хеле хуб мешавад, — гуфт ­Зикрихудо Самадзода.

Шоҳтолиби ШОҲҚОСИМ, «Садои мардум»