Истифодаи самараноки нурӣ. Онро чӣ гуна бояд ба роҳ монд?

№92 (3729) 02.08.2017

21«Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад». Эмомалӣ Раҳмон 

 

Солҳои охир ба дасти афроди гуногунпеша афтидани қитъаҳои калони замин ба касе пӯшида нест. Мутаассифона, на ҳамаи онҳо тарзи дурусти истифодабарии заминро медонанд ва баъзан аз ноогаҳӣ ё ноуҳдабароӣ ҳосилхезии қитъаҳоро то ба дараҷаи пасттарин расонидаанд. Ин аст, ки аз ҷониби Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон (АИКТ) ва Институти хокшиносӣ дар деҳоти кишвар пайваста корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд.

Ҳафтаи гузашта дар ҷамоати деҳоти «Зиракӣ»-и шаҳри Кӯлоб, дар хоҷагии деҳқонии ба номи Мир Сайид Алии ҳамадонӣ, семинари илмию амалии минтақавӣ дар мавзӯи: «Усулҳои баланд бардоштани истифодабарии самараноки нуриҳои минералию органикӣ» баргузор шуд.

Иштирокчиёни он қайд карданд, ки баланд бардоштани ҳосилхезии заминҳо, таҳкими ҳамкориҳо байни донишгоҳу пажӯҳишгоҳҳо ва хоҷагиҳои деҳқонӣ, баланд бардоштани малакаи хоҷагидорон оид ба самаранок истифода бурдани нуриҳои минералӣ ва органикӣ бо мақсади зиёд намудани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ дар самти таъмини амнияти озуқавории кишвар яке аз тадбирҳои судманд буда, ҳалли он дар баробари дигар чорабиниҳои рушди соҳаи кишоварзӣ аҳамияти аввалиндараҷа дорад.

Гарчанде ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушди соҳаи кишоварзӣ, алалхусус доир ба баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ, дастуру супоришҳои дахлдор ироа ва қабул гардида бошанд ҳам, вале аз тарафи масъулин на дар ҳама ноҳия ҷиҳати беҳтар намудани ҳосилхезии хок ва истифодаи самараноки нуриҳои минералию органикӣ чораҳои зарурӣ андешида мешаванд. Аз ин рӯ, ҳар сол бо сабабҳои гуногун истифодабарии нуриҳо ва нишондиҳандаи самаранокии онҳо ба зироатҳои кишоварзӣ паст рафта истодааст. Ҳамаи ин ба пастравии ҳосилхезии хок, ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ, бадшавии ҳолати мелиоративии заминҳои обӣ ва шусташавии қабати ҳосилхези замин оварда расонида истодааст.

Мувофиқи таҳлилҳо, яке аз сабабҳои асосии пастшавии ҳосилхезии замин риоя нагардидани агротехникаи парвариши зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла, куллан тағйирёбии сохти майдонҳои киштшаванда, бадшавии ҳолати техникии шабакаҳои обёрӣ ва заҳбуру заҳкашҳо, пастшавии дараҷаи механиконии корҳои кишоварзӣ, пастшавии самаранокии истифодаи нуриҳои минералию органикӣ, маҳдудияти имкониятҳои дастрасии деҳқонон ба захираҳои молиявию моддӣ, пастшавии самаранокии заминистифодабарӣ ва баланд гардидани нархи масолеҳ ва воситаҳои истеҳсолӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба шумор мераванд.

Собиқадори соҳаи кишоварзӣ Абдуҷаббор Зардиев иброз дошт, ки танҳо дар ҳолати таҳти назорати қатъии доимӣ ва ҷиддӣ қарор ёфтани замин метавон ҳосили дилхоҳ ба даст оварда, амнияти озуқавории мамлакатро дар сатҳи олӣ ба роҳ монд. Олимон бар онанд, ки дар бисёр ҳолат кишоварзон ба мурод нарасида, нуриҳои минераливу органикии бар ивази маблағи гарон аз ҳамсоякишварҳо харидорӣ намудаашонро бо оби селоба шуста, қариб ки фоидае ба даст намеоранд. Яъне, ҳақиқати ҳол чунин аст: бархе аз истифодабарандагони замин, ки салиқаи корӣ надоранду аз сирру асрори деҳқонӣ ноогаҳанд, бо сабаби нодонӣ, бепарвогӣ ва беназоратӣ метавонанд заминҳои корамро дар як шабонарӯз ба корношоям табдил диҳанд. Бояд ҳар чӣ зудтар садди роҳи ин бемасъулиятиро гирифт. Мо дар ҳоле муваффақ хоҳем буд, агар Қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими давлатии ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ» аз ҷониби истифодабарандагон риояи дурусти илмиву амалии агротехникиро талаб намояд. Дар ҳолати иҷро накардани талаботи моддаҳои қонуни мазкур гунаҳкорон ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Дар хотима, ҳозирин аз вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурии Тоҷикистон даъват ба амал оварданд, ки вобаста ба мушкилоти дар боло зикршуда ба қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими давлатии ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ» тағйиру иловаҳо ворид намоянд.

 Г. Зардова,

шаҳри Кӯлоб