Истифодаи тухмии хушсифати ватанӣ зарур аст!

№44 (3838) 10.04.2018

ууБа ин хулоса омаданд иштирокчиёни конф­ронси илмию амалӣ дар мавзӯи «Масъалаҳои муосири истифодабарии самараноки замин дар рушди соҳаи кишоварзӣ вобаста ба номусоидии иқлим», ки чанде пеш дар Донишгоҳи давлатии Данғара баргузор гардид

Дар он, ки ба ҳалли масъалаҳои муҳими соҳаи растанӣ ва боғу токпарварӣ, мушкилоти соҳаи кишоварзӣ вобаста ба тағйирёбии иқлим бахшида шуд, беш аз 100 олими шинохтаи соҳаҳои иқлимшиносӣ, растанипарварӣ, боғдорӣ, ҳимояи наботот, донишҷӯён ва деҳқонон ширкат варзиданд.

Пешниҳод гардид, ки дар асоси «Барномаи давлатии рушди соҳаи кишоварзӣ дар солҳои 2012-2020» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб додани харитаи агротехнологии парвариши зироатҳо вобаста ба минтақаҳои гуногуни кишвар, бо дарназардошти тағйир­ёбии глобалии иқлим ва пайомадҳои он тарҳрезӣ гардида, ҳар як минтақаи агроиқлимӣ бояд ба парвариши зироатҳои асосии дорои аҳамияти озуқаворӣ ва стратегӣ вобаста гардонида шавад. Ҳамчунин, чорабиниҳои агротехникии парвариши зироатҳо бо мақсади гирифтани ҳосили дилхоҳ тарҳрезӣ гарданд.

Дар ин замина, нақшаи парвариш ва истеҳсоли гандум, картошка, пахта, сабзавот ва мева бо мақсади таъмин намудани талаботи аҳолӣ ва танзим намудани тағйирёбии нархи маҳсулоти кишоварзӣ, тарҳрезӣ карда шавад.

Таъкид гардид, ки  ҷиҳати таъмини хоҷагиҳо бо тухмии хушсифати навъҳои серҳосили ватанӣ дар ҷумҳурӣ ривоҷ додани корҳои селексионӣ зарур аст.

Барои пешгирии паҳншавии касалию зараррасонҳо фаъолияти сохторҳои вобаста ба ҳимояи растаниҳо ва карантинро ҷоннок, ҳамчунин хадамоти минтақавию ноҳиявиро ба таври зарурӣ ташкил ва ҳамчун сохтори давлатӣ барои таҳти назорати доимӣ қарор додани соҳаи ҳимояи растаниҳо бо ҷалби сармоягузориҳо пурзӯр бояд кард.

Зикр шуд, ки барои пешгирӣ ва бартараф намудани таназзули (эрозияи) заминҳои кишоварзӣ, фаъолияти сохтори доимоамалкунандаи давлатиро дар ҳама зина ба роҳ мондан зарур аст.

Ба иштирокчиён, ки аз дигар муассисаҳои илмию истеҳсолӣ  ташриф оварда буданд, таҷрибаи инноватсионии парвариши картошка дар зери парда (пленка) дар хоҷагии деҳқонии «Асадулло», ки бо тавсияи олимони Донишгоҳи давлатии Данғара гузаронида шудааст, хеле писанд омад. Соли гузашта деҳқонони асили ин хоҷагии деҳқонӣ бо усули зикршуда дар майдони ним гектар картошка шинониданд ва ҳосилнокии он нисбат ба тарзи муқаррарӣ 50 дарсад зиёд шуд.

Қурбоналӣ ПАРТОЕВ,

сарходими илмии Академияи  илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои кишоварзӣ,

Бахтиёр РАСУЛОВ,

дотсенти Донишгоҳи давлатии  Данғара, номзади илмҳои кишоварзӣ