Лоиҳаи Консепсияи иқтисоди рақамӣ таҳия гардид

№103 (4053) 27.08.2019

DSC_0595Дар робита ба ин, хабарнигорамон бо чанд савол ба сардори шуъбаи рушди илм, инноватсия ва захираҳои иттилоотии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Муслиҳиддин Усмонов муроҷиат кард:

- Зарурати ин иқдом аз чӣ иборат аст ва то кунун кадом корҳо анҷом ёфтаанд?

- Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва банди 2 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 январи соли 2019, №39 «Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 ва вазифаҳо барои соли 2019» Вазорати рушди иқтисод ва савдо муваззаф гардид, ки якҷо бо дигар вазорату идораҳои дахлдор лоиҳаи Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия намояд.

Дар робита ба ин ду гурӯҳи корӣ – идоракунанда ва техникӣ таъсис дода шуда, коршиносони ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва байналхалқӣ низ ҷалб гардиданд.

Бо дарназардошти таҷрибаи давлатҳои хориҷи дуру наздик ва пешниҳодҳои коршиносони ташкилотҳои байналхалқӣ, аз ҷумла, Бонки ҷаҳонӣ, лоиҳаи зикршуда таҳия гардида, айни ҳол дар баррасии вазорату идораҳои дахлдор қарор дорад.

Ҳадаф аз таҳияи он, пеш аз ҳама, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди ҷомеаи иттилоотӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ, баланд бардоштани рақобатпазирӣ, афзоиши ММД ва беҳтар намудани сифати зиндагии аҳолӣ дар заминаи истифодаи технологияҳои рақамӣ мебошад.

Таҳияи консепсия аз тадбирҳоест, ки дар доираи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» амалӣ мегардад. Он ба рушди дарозмуҳлати Тоҷикистон, алалхусус баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии кишвар, ҳар чӣ зудтар ба сатҳи зиндагии кишварҳои дорои даромади миёна расидан, ба таври назаррас паст намудани сатҳи камбизоатӣ, инчунин ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегӣ — таъмини амнияти энергетикӣ ва озуқаворӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, саноатикунонии босуръат равона гардидааст. Ҷорикунии ҳамаҷонибаи технологияҳои рақамӣ, аз ҷумла, технологияҳои пешқадам, бояд асоси таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва рушди рақобатноки байналмилалии кишвар гардад. Рақамикунонии иқтисод барои таъсиси модели нави рушди иқтисодӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ, такон додан ба табодул (трансформатсия)-и намудҳои мавҷуда ва рушди намудҳои нави истеҳсолот, таҳкими тамоюли содиротӣ ва ҳамчунин, қонеъ гардонидани талаботи дохилӣ бо роҳи воридотивазкунӣ имконият фароҳам меорад. Дар ин замина, лоиҳаи консепсия ба гирифтани дивидендҳои рақамӣ  масъалаҳои барои рушди миллӣ басо муҳим, ба монанди таъсиси ҷойҳои нави корӣ, афзоиши ММД, ва баланд бардоштани сифати зиндагии аҳолӣ равона гардидааст.

Илова бар ин, лоиҳаи консепсия таҳкими асосҳои ғайрирақамӣ, рушди инфрасохтори рақамӣ, гузариш ба ҳукумати электронӣ, таъмини амнияти иттилоотӣ ва кибербехатарӣ, рушди сармояи инсонӣ ва таъсиси экосистемаи инноватсионӣ ва дигар самтҳоро муайян намудааст.

- Татбиқи консепсия кай оғоз меёбад ва кадом давраҳоро дар бар мегирад?

- Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар се марҳала то соли 2040 татбиқ мегардад.

Дар марҳалаи якум (то соли 2025 идома меёбад) муайян ва афзалиятнокии ташаббусҳои калидӣ ва чораҳо, ки ба таҳкими асосҳои ғайрирақамӣ, аз ҷумла, заминаи меъёрӣ ва қонунгузорӣ, коркарди санадҳо барои ҷараёнҳои калидии иқтисоди рақамӣ, ба монанди шиносоӣ, аслияткунӣ, таъмини махфият, санҷиши маълумоти шахсӣ, танзими мубодилаи маълумот, танзими  маълумоти кушода, кор бо шартномаҳои рақамӣ ва воситаҳои дигари ҳуқуқӣ, таҳкими рушди малакаи рақамӣ, инчунин танзими масъалаҳои амнияти иттилоотӣ ва кибербехатарӣ хос мебошад, амалӣ мешаванд. Илова бар ин, тайёркунии кадрҳои соҳибтахассус, таъсиси модели идоракунии табодули рақамӣ, муайян кардани нишондиҳандаҳои калидии мақсадноки дастовардҳои табодули рақамӣ, баҳодиҳии ҳолати ҷории рушди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва экосистемаи табодули рақамӣ пешбинӣ шудааст.

Дар марҳалаи дуюм — солҳои 2026-2030 рушди минбаъдаи асосҳои рақамӣ дар ҷумҳурӣ бо роҳи оғози лоиҳаҳои калони инфрасохторӣ оид ба таҳкими инфрасохтори минтақавии алоқаи рақамӣ барои таъмини дастрасии фарохмавҷӣ ва мобилӣ ба интернет дар Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст. Дар ин давра таъсиси дата-марказҳо, платформаҳо, таҳияи лоиҳаҳо оид ба хизматрасонии давлатии рақамии вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ мутобиқ ба меъёрҳо ва талаботи амнияти иттилоотии ҷумҳурӣ оғоз мешавад. Пешбинӣ гардидааст, ки ба дигаргунсозии ҷараёни хизматрасонии давлатӣ дар сатҳи дохилиидоравӣ ва байниидоравӣ саъю талоши ҳар чӣ бештар равона шавад, то рақамикунонӣ ба зиёдшавии самаранокии хизматрасонӣ ба аҳолӣ оварда расонад. Инчунин, татбиқи  лоиҳаҳои пилотии аввалиндараҷа барои санҷиш ва омӯзиши технологияҳои нав, аз ҷумла, инноватсионӣ дар соҳаҳои калидии иқтисодиёт ва соҳаи иҷтимоӣ оғоз мегардад. Аз ҷумла, дар бахшҳои хизматрасонии давлатӣ, муҳоҷират, савдои байналмилалӣ ва гумрук, таҳсилот, бахши молиявӣ бо истифодаи технологияи молиявӣ, идоракунии ҷараёни ирсоли пул ба кишвар аз хориҷа, ва дар доираи оғози лоиҳаи «Шаҳри хирад» (ҳушманд) лоиҳаҳои нав ва инноватсионӣ амалӣ мешаванд.

Марҳилаи сеюм солҳои 2031-2040 идома ёфта, оғози лоиҳаҳои рақамиро дар соҳаҳои калидии фаъолияти иқтисодӣ дар ҷумҳурӣ, инчунин, дар соҳаи иҷтимоӣ мутобиқи афзалиятҳои дар «Стратегияи миллии рушд дар давраи то соли 2030» пешбинигардида, дар навбати аввал кишоварзӣ, энергетика, телекоммуникатсия ва нақлиёт, саноат, бо дарназардошти саноати коркарди канданиҳои кӯҳӣ, савдо, аз ҷумла, байналмилалӣ, табдили соҳаи хизматрасонӣ, фарҳанг, маориф ва тандурустиро дар бар мегирад. Дар охири марҳилаи сеюм, яъне соли 2040 ба даст овардани дивидендҳои назарраси рақамӣ, аз ҷумла, рушди иловагии ММД ба андозаҳои 1,5-2 фоиз, таъсиси то 0,5 миллион ҷойи нави корӣ, пайдо шудани касб ва ихтисосҳои нав дар самти истифодаи технологияҳои рақамӣ ва баландшавии сифати зиндагии аҳолӣ аз ҳисоби табодули назарраси соҳаи хизматрасонӣ ба нақша гирифта мешавад.

Қобили қайд аст, ки дар лоиҳаи консепсия таҳияи лоиҳаи Барномаи миллии рушди иқтисоди рақамии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар заминаи он «Харитаи роҳ» пешбинӣ гардида, ҷиҳати татбиқи он маблағҳои буҷети давлатӣ, грантҳо ва дигар сарчашмаҳо, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, аз ҷумла сармояи лоиҳаи Digital CASA харҷ мешавад.

Мусоҳиб Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»