Иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат

Маблағҳои буҷетӣ самаранок истифода намешаванд

№27-28 (3173-3174) 20.03.2014

«Коррупсия ба пешрафти иқтисодиёт халал мерасонад, бунёди ҷомеаи демократиро заиф месозад ва ба рушди демократия таъсири манфӣ мегузорад», — омадааст дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (26 апрели соли 2013). Аз ин рӯ, Сарвари давлат пешгирӣ ва мубориза бо коррупсияро аз самтҳои аввалиндараҷаи сиёсати ҳуқуқии давлат  меҳисобад. Ҷиҳати иҷрои дастуру  супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти давлатӣ ва дигар сохторҳои  марбут дар ин самт тадбирҳо меандешанд.

-Бо мақсади таъмини иҷрои дастуру  супориш, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва машваратҳои кории назди Президенти кишвар бармеояд, мақомоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  корҳои муайянеро ба анҷом мерасонад,- мегӯяд директори Агентии мазкур Абдуфаттоҳи Ғоиб.

-Соли гузашта бо ин мақсад дар 35 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тафтиши маҷмӯи ташаккул ва иҷрои буҷетҳои маҳаллӣ ба анҷом расонида шуд. Дар рафти он фаъолияти 780 идораву ташкилотҳои буҷетӣ мавриди санҷиш қарор гирифта, зарари молиявӣ ба маблағи умумии 35,5 миллион сомонӣ ошкор гардид.

Аз ҷумла дар 12 шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон зарари молиявӣ ба маблағи 7 миллиону 186 ҳазор сомонӣ, дар ҳашт шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 13 миллиону 485 ҳазор сомонӣ, ҳашт шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 9 миллиону 923 ҳазор сомонӣ, ташкилоту муассисаҳои буҷетии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва чор ноҳияҳои он зарари молиявӣ ба маблағи 3 миллиону 532 ҳазор сомонӣ ва ду ноҳияи шаҳри Душанбе 1 миллиону 394 ҳазор сомонӣ ошкор шуд.

Дар рафти ин тафтишу санҷишҳо муайян гардид, ки  ҳангоми иҷрои буҷетҳо қонунгузории амалкунанда оид ба буҷети давлатӣ, асосҳои сохтор ва раванди буҷетӣ, ки дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ифода ёфтаанд, риоя намешаванд, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ маблағу воситаҳои давлатиро ба мақсадҳои муайянгардида истифода намебаранд.

Масъалаҳои муносибати буҷетҳои маҳаллӣ бо буҷети ҷумҳуриявӣ, банақшагирии даромад ва хароҷот, интиқоли маблағҳои иловагӣ ба буҷети давлатӣ, самаранок истифода бурдани онҳо ва роҳ надодан ба қарзҳои калони дебиторӣ ва кредиторӣ ҳалталаб мебошанд.

Иҷрои қисми ташаккули буҷетҳои маҳаллӣ нишон медиҳад, ки дар маҳалҳо баҳри дарёфти роҳҳои иловагии зиёд намудани қисми даромади буҷет чораҳои зарурӣ намеандешанд. Қарздории ташкилоту корхонаҳо дар назди буҷет аз ҳисоби андоз ва кредиторӣ дар муассисаҳои буҷетӣ хеле зиёд буда, он тамоили афзоиш дорад.

Дар баробари ин маблағҳои мақсаднок (субвенсия) аз буҷети ҷумҳуриявӣ ба ин ноҳияҳо ҷудо карда, пурра маблағгузорӣ мешаванд ва аз ин рӯ, аксар буҷетҳои маҳаллӣ дигар ягон сарчашма ва манбаъҳои иловагии ғанӣ гардонидани қисми даромади буҷетро ҷустуҷӯ намекунанд.

Ҷиҳати бартараф намудани камбудию норасоиҳои ошкоршуда ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои тафтишгардида пешниҳодоти алоҳида ирсол карда шуда, иҷрои онҳо зери назорати қатъии роҳбарияти Агентӣ қарор доранд.

Бо мақсади таъмини назорат вобаста ба амалӣ гардидани истифодабарии самараноки маблағҳои сармоягузорӣ ва қарзҳо, ки бо кафолати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб шудааст, тафтиши фаъолияти молиявию хоҷагии 29 марказҳои идораи лоиҳаҳои инвеститсионӣ ба анҷом расонида шуд, ки дар маҷмӯъ 10,7 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гардид.

Зарари молиявӣ дар Маркази татбиқи лоиҳаҳои «Сохтмони роҳи автомобилгарди Шоҳон- Зиғар» марҳилаи 3 ва «Сохтмони роҳи автомобилгарди Кӯлоб- Қалъаи хумб» 1 миллиону 442 ҳазор сомонӣ, лоиҳаи «Таҳсил барои ҳама- ташаббуси рушди босуръат» (марҳилаи 3)  718,5 ҳазор сомонӣ, МД «Маркази идораи лоиҳаҳои бахши электроэнергетика» 710,5 ҳазор сомонӣ, маркази идораи лоиҳаи «Рушди инфраструктураи маҳаллӣ дар ҷумҳурӣ» 671,9 ҳазор сомонӣ, Маркази татбиқи лоиҳаҳои «Барқарорсозии роҳи Душанбе- сарҳади Ӯзбекистон» 593,4 ҳазор сомонӣ ва МД Маркази идораи «Лоиҳаи идоракунии захираҳои обии водии Фарғона» 592,3 ҳазор сомонӣ ошкор шуданд, ки  онҳо асосан аз ҳисоби изофанависии ҳаҷми корҳои таъмиру сохтмонӣ, талафи воситаҳои пулию молӣ аз бесарусомонӣ, камомад ва тасарруфи воситаҳои пулию молӣ, хароҷоти ғайриқонунӣ ва маблағҳои кам ҳисобнамудаи андозҳо ба амал омадаанд.

Дар рафти тафтишу санҷишҳо маблағи зарар пурра барқарор карда шуда, ҷиҳати бартараф намудани камбудию норасоиҳои ошкоргардида ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ ва вазорату идораҳои дахлдор пешниҳодот ирсол шудааст.

Натиҷаи тафтишу санҷишҳо дар вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, корхонаву муассисаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифта, муҳокимаи пешниҳодоти ирсолгардида бо иштироки кормандони Агентӣ сурат гирифтанд. Дар натиҷа 1639 нафар шахсони масъул барои камбудиҳои содирнамуда ҷазои маъмурӣ ва моддӣ гирифта, 71 нафари онҳо аз вазифа сабукдӯш шуданд. Дар ин давра бо мақсади чораҷӯйӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 673 маводи тафтишӣ бо маблағи умумии зарари молиявии 129,2 миллион сомонӣ фиристода шуданд.

-Боиси таассуф аст,- мегӯяд директори Агентӣ Абдуфаттоҳи Ғоиб, -баъзе кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки худ масъули мубориза бо коррупсия мебошанд, ба содир намудани ҷиноятҳои коррупсионии вазнин ва махсусан вазнин даст  задаанд. Давоми соли 2013 содиркунии 57 ҷинояти коррупсионӣ аз ҷониби 44 нафар корманди Вазорати корҳои дохилӣ, 25 ҷиноят аз ҷониби 22 нафар хизматчии Вазорати мудофиа, 19  ҷиноят аз ҷониби 17 нафар корманди Вазорати адлия, 42 ҷиноят аз ҷониби 24 нафар корманди Кумитаи андоз, 9 ҷиноят аз ҷониби 6 нафар корманди Хадамоти гумрук, 1 ҷиноят аз ҷониби 1 нафар корманди мақомоти прокуратура, 2 ҷиноят аз ҷониби 2 нафар корманди Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, 7 ҷиноят аз ҷониби 6 нафар корманди мақомоти судӣ (Шӯрои адлия), 6 ҷиноят аз ҷониби 1 нафар корманди Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2 ҷиноят аз ҷониби 2 нафар корманди Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ошкор шудааст.

Дар ин давра аз ҷониби кормандони Агентӣ рафти иҷрои Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013- 2020 дар 26 вазорату идора ва ташкилоту муассисаҳои ҷумҳурӣ мавриди санҷиш қарор дода шуда, ҷиҳати иҷрои саривақтии талаботи он тибқи Нақшаи чорабиниҳои татбиқи Стратегия чораҳои зарурӣ андешида мешавад.

Агентӣ минбаъд низ бо мақсади тақвияти фаъолият дар самти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, пешгирии омилҳои коррупсионӣ, тасарруфи маблағу воситаҳои давлатӣ ва таъмини истифодаи мақсадноку самараноки маблағҳои буҷетӣ, иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми воситаю имкониятҳо самаранок истифода бурда, тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»