Мафрӯш замин, ки хор гардӣ

№48 (3842) 19.04.2018

Солҳои охир масъалаи истифодаи ғайримақсаднок ва хариду фурӯши замин боиси ташвиш гардидааст. Чанде пеш, ҳангоми суханронӣ дар мулоқот бо кормандони прокуратура Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  аз он изҳори нигаронӣ карданд, ки худсарона ишғол намудани қитъаҳои замин ва сохтмони худсарона торафт афзуда, дар даҳ соли охир қариб понздаҳ баробар зиёд шудааст. Ин дар ҳолест, ки дар давоми беш аз 26 соли истиқлолият бо қарорҳои Ҳукумати мамлакат зиёда аз 130 ҳазор гектар замин ба як миллиону 400 ҳазор оила барои бунёди манзили истиқоматӣ тақсим шудааст.

Баъзе шахсони масъул дар шаҳру ноҳияҳо дидаю дониста оид ба ин масъала қонуншиканӣ мекунанд ва тариқи ин «бизнес» зиндагӣ пеш мебаранд. Ин амали ашхоси алоҳида мунтазам мавриди интиқоди Сарвари давлат ва мардум қарор мегирад. Ба гумони мо, хуб мебуд дар ин бобат ба панди устод Садриддин Айнӣ ҳам гӯш медоданд. Китоби таълимии устод «Таҳзиб-ус-сибён», ки соли 1909 таълиф шудааст, моҳияти тарбиявию ахлоқӣ ва иҷтимоӣ дорад. Дар яке аз шеърҳое, ки «Заминро бояд нафурӯшед» ном дорад ва дар қисмати охири китоб ҷой дода шудааст, устод таъкид мекунад:

Мафрӯш замин, ки гавҳар аст ин,

Гавҳар чӣ? Шафиқ модар аст ин.

Ин хоки сияҳ, ки мушкбез аст,

Мафрӯш, ки модари азиз аст.

Чун модари меҳрубони ҷонӣ,

Парварда туро ба меҳрубонӣ.

Кас модари меҳрубон фурӯшад?!

Аблаҳ бошад, ки он фурӯшад…

Дар идомаи шеър устод фаҳмондааст, ки агар заминро ғамхорона истифода барӣ,  заҳмат кашӣ ба ту ризқу рӯзии фаровон мебахшад. Ҳамчунин, талқин шудааст, ки мардум бояд ҳар чӣ зиёд дарахт шинонанд, боғ бунёд намоянд ва бад-ин васила зиндагиро хушу гуворо гардонанд. Устод Айнӣ онҳоеро, ки мехоҳанд безаҳмат, аз ҳисоби заминфурӯшӣ соҳиби сарват шаванд мазаммат карда, ҳушдор додааст:

Мафрӯш замин, ки хор гардӣ,

Берӯзию беқарор гардӣ!

Мутаассифона, шахсоне ҳастанд, ки аз ин ҳақиқат бехабаранд ва ё дидаю дониста ба қонуншиканӣ даст мезананд.  Дар мақолаи прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал — полковник Юсуф Раҳмон дар рӯзномаи «Садои мардум» (13.03.2018, №33 (3827) зикр гардидааст, ки прокуратура дар самти назорати риояи қонунгузории замин соли гузашта қонуншикании зиёдро ошкор кардааст. «Аз ҷумла, ситоди Прокуратураи генералӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ тайи якуним соли охир тақсимоти ғайриқонунии 210 га замини кишоварзӣ, 906 ҳолати ғайриқонунӣ ҷудо намудан ва хариду фурӯши 97 га заминро ба маблағи 4,9 млн. доллари ИМА ошкор карда, аз натиҷаи он 216 парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва тафтиш намуд. Дар маҷмӯъ, соли 2017 аз ҷониби мақомоти прокуратура ҷиҳати бартараф намудани қонуншиканиҳо оид ба замин 474  пешниҳод, 841 амр,  864 эътироз оварда, 357 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ ва 238 нафар ба ҷавобгарии моддӣ кашида шуда, 2520 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, 876  парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва 16 944 га қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонида шуд. Прокуророн ба 671 қарори ғайриқонунии раисони шаҳру ноҳияҳо эътироз оварданд, ки 79 фоизи он ба қонунгузории замин алоқаманд аст».

Дар баробари тадбирҳое, ки мақомоти дахлдор баҳри рафъи ин мушкил меандешанд, панди Садриддин Айнӣ низ метавонад омили мусоидаткунанда бошад. Бинобар ин, хуб мебуд шеъри мазкур бо ҳарфҳои хоно, дар ҷойҳои ҷамъиятии шаҳру навоҳии кишвар насб шавад.

Б. КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»