Аз Паём то Паём

Маризон манбаи даромади қаллобон шудаанд

№152 (3632) 15.12.2016

БегмуродзодаЧунин андеша доранд коршиносони Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ

Ошкор ва несту нобуд намудани зиёда аз 40 тонна доруворӣ, молҳои тиббӣ, маводи ороишию гигиенӣ ва ғизои кӯдакона аз ҷониби кормандони Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ далели он аст, ки баъзе табибону соҳибкорон мақоли халқии «буз дар ғами ҷону қассоб дар ғами чарбу»-ро сармашқи фаъолият қарор додаанд ва саломатии шаҳрвандон барояшон як дирам арзиш надорад.

Чанде пеш тавассути шабакаи телевизионии «Звезда» барномаи хеле ҷолиберо тамошо кардам. Сухан сари он мерафт, ки баъзе ташкилоту созмонҳои ба ном хайриявии байналмилалӣ ва корхонаҳои истеҳсоли доруворӣ зери барномаҳои ба ҳифзи саломатӣ рабтдошта аҳдофи доираҳои муайян ва гурӯҳҳои манфиатдорро амалӣ мекардаанд. Дар барнома бо далелҳои асоснок исбот гардид, ки яке аз роҳҳои таъсири манфӣ расонидан ба генофонди миллатҳо паҳн намудан ва мавриди истифода қарор додани маводи дорувории пастсифат ва «махсусгардонидашуда» маҳсуб мешавад. Ин раванд дар заминаи маъракаҳои эмкунӣ, пешниҳоди дорувории ройгон ва ғайра амалӣ шуда, пайомадҳои ногуворро ба думбол дорад. Аз ин ҷост, ки мақомоти марбутаи кишварҳои олам фаъолияташонро дар самти пешгирии воридоти дорувории бесифат беш аз пеш тавсеа ва заминаи қонунгузории ба ин раванд мусоидаткунандаро тақвият бахшида истодаанд. Тибқи маълумоти расмӣ, айни замон ба ҷумҳурӣ 90 фоизи доруворӣ аз хориҷи кишвар ворид шуда истодааст. Дар маҷмӯъ, 2930 номгӯй доруворӣ дар кишвар қобили истифода мебошад, ки аз ин миқдор ҳамагӣ 20 номгӯй дар дохили ҷумҳурӣ истеҳсол мегардад. Ин, албатта, боиси нигаронист ва масъулинро мебояд дар ин самт ҳатман чораандешӣ намоянд.

Роҳбари давлат Эмомалӣ ­Раҳмон зимни ирсоли Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуда буданд: «Ба вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, саноат ва технологияҳои нав ва дигар мақомоти дахлдор супориш дода мешавад, ки бо дарназардошти имкониятҳои фаровони табиӣ ва ашёи хом, аз ҷумла гиёҳҳои табиии шифобахши мамлакатамон, ҳар чӣ зудтар доир ба рушди саноати дорусозии ватанӣ чораҷӯйӣ намоянд».

Бегуфтугӯ, ин супориш масъулияти мақомоти марбутаро ҷиҳати воридоти дорувории бесифат зиёд намуда, аз кормандони онҳо масъу­лиятшиносии ҷиддиро тақозо дорад.Табиист, ки фароҳам будани заминаи мукаммали қонунгузории соҳа аз омилҳои калидӣ ба ҳисоб меравад ва бидуни он фаъолияти пурсамари мақомоти зидахлро умед доштан ғайриимкон аст. Солиёни пеш, бинобар мавҷуд набудани заминаи мукаммали қонунгузорӣ, ниҳодҳои ваколатдор наметавонис­танд фаъолиятро ба таври бояду шояд роҳандозӣ намоянд. Ҳатто буданд ҳолатҳое, ки бо вуҷуди ошкор шудани маводи ба тариқи қочоқ воридгардида, кормандони мақомоти дахлдор дар чораҷӯйӣ нисбат ба гунаҳкорон оҷиз буданд. Шоистаи зикр аст, ки дар чанд соли охир мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори кишвар дар ин самт мунтазам чораандешӣ намуда, тавассути ворид намудани тағйиру иловаҳои дахлдор ба кодексу қонунҳо заминаи қонунгузориро тақвият бахшид. Маҳз ба шарофати ворид гардидани ­тағйиру иловаҳои дахлдор ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» ин мушкилот бартараф шуд. Дигар қонунҳои соҳавӣ низ такмил ёфтанд ва ба ривоҷи фаъолият соҳаҳои гуногун мусоидат намуданд. Ба ғайр аз ин, баргузории муҳокимаҳои парламентӣ доир ба масъалаҳои доғи рӯз дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон падидаи маъмул буда, дар раванди онҳо мушкилоти соҳа ­бозгӯйӣ ва масъулин ҷиҳати рафъи онҳо муваззаф мегарданд. Барои мисол, моҳи июни соли равон муҳокимаи парламентӣ баргузор шуд, ки дар он рафти иҷрои Буҷети давлатӣ ҷиҳати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ» нисбат ба маблағгузории ғизои хӯрока» мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар он роҳбарони вазоратҳои кишоварзӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, молия, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи «Тоҷикматлубот», Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти назорати давлатии байторӣ ва Хадамоти назорати давлатии фитосанитарӣ ва карантини растании Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, муовинони соҳавии раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо иштирок доштанд. Тадбирҳои андешидашуда замина фароҳам оварданд, ки таъминоти аҳолӣ бо дорувории босифат таъмин гардида, бозори истеъмолии кишвар ба таври бояду шояд ҳифз гардад.

Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ яке аз сохтор­ҳои калидии кишвар дар бахши ҳифзи сиҳатии омма маҳсуб ёфта, ба зиммааш омодасозӣ ва барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои рухсатномадиҳии воридоту содирот, назорати фаъолияти фармасевтӣ, сертификатсиякунонӣ, стандартонӣ, бақайдгирӣ ва ташхиси маводи доруворӣ, молҳои тиббӣ, маводи ороишӣ-гигиенӣ, ғизои кӯдакона ва ғайра вогузор аст.

Эътироф бояд кард, ки солҳои аввали соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ фаъолияти Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ ҷавобгӯйи талабот набуд. Набудани заминаи моддӣ-техникӣ, зиёд будани фишор аз ҷониби ашхосу гурӯҳҳои манфиатдор, мавҷуд набудани заминаи мукаммали қонунгузории соҳа ва ғайра аз ҷумлаи мушкилоте буданд, ки садди тавсеаи фаъолият мегардиданд.

Айни замон дар ҷумҳурӣ 2236 муассисаи фармасевтӣ ва 327 муассисаи табобатӣ – профилактикӣ фаъолият менамояд. Дар ҷавоб ба суоли мо бобати натоиҷи санҷишҳои гузаронидаи Султон Бекмуродзода, сардори Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ зикр намуд, ки ҳангоми санҷишҳо аз муассисаҳои фармасевтии ҷумҳурӣ 3173 номгӯй маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ ба миқдори 173895 адад аз муомилот гирифта шуд, ки аз инҳо 850 номгӯй маводи дорувории муҳлати истифодабариашон гузашта ба миқдори 9320 адад, 2316 номгӯй маводи дорувории бе сертификати мутобиқат ба миқдори 164204 адад, 7 номгӯй маводи дорувории ба таври қочоқ ба ҷумҳурӣ воридшуда ба миқдори 371 адад ташкил мекунад. Ба касе пӯшида нест, ки дар аксар маврид табибон низ ба тариқи «тавсия додан»-и доруҳои бесифат «ба осиёб»-и соҳибкорони бевиҷдон «об мерезанд». Мавҷудияти ин ҳолатро Султон Бекмуродзода эътироф намуда, илова кард, ки дар 11 моҳи соли равон аз муассисаҳои табобатию профилактикӣ 1570 номгӯй маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ ба миқдори 31951 адад бинобар муҳлати истифодабариашон гузаштан ва надоштани сертификати мутобиқат аз муомилот гирифта шуданд. Иттилоъ гирифтем, ки дар ёздаҳ моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ ҳангоми санҷишҳо аз нуқтаҳои савдо 1607 номгӯй маводи ороишию гигиении муҳлати истифодабариашон гузашта, қалбакӣ, бе сертификати мутобиқат ба миқдори 62122 адад аз муомилот гирифта шуданд.

Эътироф бояд кард, ки на ҳама вақт шаҳрвандон ба пурмаҳсулӣ, объективӣ ва шаффофияти фаъолияти сохторҳои назоратӣ эътимод доранд. Барои чунин хулоса асосҳо зиёданд. Аввалан, фаъолияти баъзе аз ин сохторҳо комилан «махфӣ» сурат гирифта, ба ҷомеа оид ба натиҷаҳои фаъолият маълумот пешниҳод намегардад. Сониян, мавҷудияти «эркаҳо» ва аз ҳама гуна санҷиш дар канор мондани онҳо боварии мардумро ба ин сохторҳо то андозае коста гардонидааст. Ахиран, фаъолият доштани нафарони бевиҷдон дар ин ниҳодҳо омили рӯи кор омадани камбудиҳо мешавад. Дар ҳошияи суоли ба ин масъала рабтдошта Султон Бекмуродзода иброз дошт, ки дар ин самт ҷиддӣ чораандешӣ намуда истодаанд ва барояшон касе «эрка» ё «дастнорас» буда наметавонад. Барои тақвият номбурда далел овард, ки дар ёздаҳ моҳи соли 2016-ум аз тарафи Хадамот 46090 кг маводи доруворӣ, молҳои тиббӣ, маводи ороишию гигиенӣ, ғизои кӯдаконаи муҳлати истифодабариашон ­гузашта, бе сертификати мутобиқат, ба таври қочоқ ба ҷумҳурӣ воридшуда бо роҳи сӯзонидан ­несту нобуд карда шудаанд. Ҳамчунин, дар муддати зикршуда, тибқи талаботи моддаҳои 110 ва 121-уми Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мутахассисони Шуъбаи назорати давлатии фаъолияти фармасевтии Хадамот 579 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбат ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии муассисаҳои фармасевтӣ, табобатию профилактикӣ ва нуқтаҳои савдои маводи ороишию гигиенӣ тартиб дода, ба маблағи умумии 1 060 400 сомонӣ ҷаримабандӣ шуданд.

Баъзан андешаҳое баён мегарданд, ки гӯё дар самти гирифтани иҷозаи фаъолият дар соҳаи мавриди назар талабот чандон ҷиддӣ нест. Вале ваҷҳҳои пешниҳоднамудаи Султон Бекмуродзода моро муътақид намуд, ки ин андешаҳо асос надоранд. Далел меорем: Дар соли равон 77 протоколу қарор оид ба вайрон намудани қоидаҳои фаъолияти фармасевтӣ тартиб дода, аз ҷониби Шуъбаи аккредитатсияи муассисаҳои фармасевтии Хадамот, раёсату намояндагиҳо ба 50 дархост бобати аккредитатсия ҷавоби рад дода шуд. Инчунин, аз тарафи комиссияи аккредитатсионӣ қарор оид ба бекор кардани шаҳодатномаҳои аккредитатсионии 11 намояндаи тиббӣ қабул шудааст. Дар маҷмӯъ, Корхонаи воҳиди давлатии «Экспертиза ва озмоиши маҳсулоти фармасевтӣ ва молҳои тиббӣ» ва корхонаҳои воҳиди давлатии дар вилоятҳобудаи Хадамот дар ёздаҳ моҳи соли 2016-ум 40513 адад маводи дорувориро аз санҷиш гузарониданд, ки аз онҳо 29534 адад аз воридот, 7884 адад аз муассисаҳои фармасевтӣ аз муомилот гирифта шуданд. Нуктаи дигари муҳим ва қобили таваҷҷуҳ, ки аз азми қавӣ ва нияти неки роҳбарияти Хадамот шаҳодат медиҳад, танҳо дар соли равон ба фаъолият шурӯъ намудани шаш сехи дорусозӣ дар минтақаҳои гуногуни мамлакат мебошад.

Ба ҳамсуҳбатам ёдрас шудам, ки солҳои пеш ҳолатҳои дар дорухонаҳо фаъолият намудани шахсони ғайрикасбӣ ба мушоҳида мерасид. Бино ба гуфти ӯ, ҳолати зикрнамуда ҳоло умуман ҷой надорад, зеро Хадамот назоратро дар ин ҷода пурзӯр намудааст.

- Имрӯз дорухонаҳои кишвар дар сатҳу сифати ҷавобгӯйи талабот фаъолиятро роҳандозӣ намудаанд. Ба ҳар сурат, ҳангоми ҷой доштани камбудӣ дар фаъолияти онҳо шаҳрвандон метавонанд бевосита ба Хадамот муроҷиат намоянд ва итминонашон комил бошад, ки мо ҳатман чораҷӯйӣ менамоем, — афзуд С. Бекмуродзода.

Далер Мерганов, «Садои мардум»