Меъмори рамзҳои давлатдорӣ

№146-147 (3447-3448) 30.10.2015

123Барҳам хӯрдани давлати абарқудрати Шӯравӣ барои аксари ҷумҳуриҳое, ки дар ҳайати он буданд, мушкилоти зиёдеро ба вуҷуд овард. Хусусан Ҷумҳурии Тоҷикистон ба майдони кашмакашҳои гурӯҳҳои иғвогару мансабталош табдил ёфта, гирифтори ҷанги шаҳрвандӣ шуд. Ҷумҳурие, ки дар ибтидои солҳои 20-и асри гузашта фарзонафарзандонаш бо кӯшишу заҳмати зиёд ташкил карда буданд, қариб монда буд, ки аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест шавад. Пас аз баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи ноябри соли 1992, ки Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари давлат интихоб шуд, ба муқаддасот ва рукнҳои давлатдории тоҷикон таваҷҷуҳи хоса зоҳир гашт. Дар рафти ин Иҷлосияи тақдирсоз Парчам ва Нишони давлатии Тоҷикистон қабул гардид, сиёсати дохиливу хориҷии кишвар тарҳрезӣ шуд, аммо ҳанӯз ҳам суруди миллӣ ва пули миллӣ вуҷуд надоштанд.

Истиқлолият ва ислоҳоти пулӣ

«Ҳадафи асосии ҷорӣ намудани низоми нави пулӣ пеш аз ҳама густариши ислоҳоти иқтисодӣ, рушди бахши воқеии иқтисодиёт, баланд бардоштани сифат ва қобилияти рақобати маҳсулоти саноатию кишоварзӣ, таҳкими иқтидори содиротии мамлакат ва то андозаи имкон таъмин намудани зиндагии осудаи мардум аст. Ин асос ва зарурати иқтисодии ҷорӣ намудани низоми пулӣ мебошад».

(Аз Муроҷиатномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ислоҳоти пулӣ дар кишвар, 26 октябри соли 2000)

Бар асари ҳодисаҳои маълум ҳалқаи ягонаи иқтисодӣ бо ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аз байн рафт, нархҳои воридотии захираҳои энергетикӣ ва молҳои истеъмолӣ якбора баланд гардида,  иқтисодиёт фалаҷ шуд.  Дар ин давра қарзи дохилии мамлакат аз ҳисоби нарасидани пули нақд барои пардохти маош, нафақа, стипендия  ва кумакпулиҳо афзуд. Дар шароити беқурбшавии аз меъёр зиёди пул Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳимояи иқтисодиёт ва татбиқи сиёсати самараноки иқтисодӣ ниёз дошт.

Шашуми майи соли 1995 бо мақсади ҳифзи манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, тезонидани дигаргунсозиҳои иқтисодӣ ва ба муомилот баровардани пули миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷорӣ намудани пули миллӣ қарор қабул кард.  Маҳз бо ташаббусу дастгирии бевоситаи Президенти ҷумҳурӣ, Ҷаноби олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон соҳиби пули миллии худ  гашт, ки ин падидаи ниҳоят муҳим ба шумор  меравад.  Ба муомилот ворид сохтани рубли тоҷикӣ дар соли 1995, вақте  мамлакат дар ҳолати ниҳоят мураккабу  сангини сиёсию иқтисодӣ қарор дошт, иқдоми ҷасурона, дурандешона ва хирадмандонаи Сардори давлат муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон буд.  Дар маҷмӯъ, ин иқдом имкон дод, ки вазъи иқтисодӣ муътадил гардад ва барои баровардани пули нави  миллӣ омодагӣ гирифта шавад. Илова бар ин, ба муомилот  баровардани рубли тоҷикӣ ба Ҳукумати Тоҷикистон имкон дод, ки  қарзи дохилии худро дар назди  шаҳрвандони ҷумҳурӣ бобати пардохти маош, нафақа, идрорпулӣ ва дигар пардохтҳои ба онҳо баробар то андозае адо намояд ва  Бонки миллии Тоҷикистон сиёсати мустақилонаи пулию қарзиро пеш барад.

11

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — ташаббускор, пешниҳодкунанда ва муаллифи таҳияи асъори миллӣ - сомонӣ

Ин рӯйдоди муҳим аз ҷониби  мутахассисони ватаниву байналмилалии соҳаи иқтисод ҳамчун қадами устувор, оғози давраи сифатан нави ислоҳоти иқтисодии мамлакат  арзёбӣ гардид.

Муовини директори Институти  иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Аброр Мирсаидов дар суҳбат бо мо иброз дошт, ки то соли 1997 кашмакашҳои сиёсӣ идома ёфта, иқтисод пояи худро надошт. Бинобар ин, соли 1997,  пас аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон давлат имкон пайдо кард, ки ба иҷрои вазифаҳои иҷтимоии худ рӯй оварад. Он сол зарурат пайдо шуд, ки мо бояд пули миллии худро дошта бошем ва ислоҳот гузаронем. Соли 2000-ум  мо соҳиби пули миллӣ шудем, ки яке аз рукнҳои давлатдорӣ маҳсуб мешавад.

-Дар ин росто, имкон пайдо кардем, ки ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ гузаронем ва, албатта, дар таркиби ислоҳоти иқтисодӣ мавҷудияти  пули миллӣ муҳим ва зарур буд,-изҳор дошт мавсуф.

Пули миллӣ ва мардум

«…Мо тамоми чораҳоро андешидаем, ки дар натиҷаи ҷорӣ намудани пули миллӣ халқи Тоҷикистон аз ягон ҷиҳат зиёни молиявӣ набинад».

(Аз Муроҷиатномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ислоҳоти пулӣ дар кишвар, 26 октябри соли 2000)

3Муродалӣ Алимардон, собиқ раиси Бонки миллии Тоҷикистон, Шариф Раҳимзода, собиқ муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва Сайф Раҳимзоди Афардӣ, собиқ раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - ҳаммуаллифон, омодасозон ва ноширони «Сомонӣ»

Охирҳои моҳи октябри соли 2000-ум дар толори калони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ,  намояндагони аҳли илму адаби кишвар пули миллӣ бо номи «сомонӣ» муаррифӣ шуд. Ин рӯйдоди муҳими таърихӣ барои сокинони Тоҷикистони соҳибистиқлол ид маҳсуб меёфт. Муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфулло Сафаров бо ёдоварӣ аз он рӯз чунин гуфт:

100s_a 500

-Соли 2000-ум  дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекардам. Пул набуд, ки маош диҳанд. Гуфтанд, ки пули нав мебарояд.

Хурсандии мардум баръало эҳсос мегардид. Ҳама хурсанд буданд.

 

1s_a

3s_a

Гарчанде 15 сол пеш пулҳои гуногун буданд, аммо қурб надоштанд. Ҳатто замоне буд, ки умуман пул вуҷуд надошт. Асъори миллӣ яке аз рукнҳои давлатдорӣ аст, ки алоқаҳои иқтисодии мардумро таъмин мекунад. Маҳз пули миллӣ аст, ки моро аз шарри дигар пулҳои бегона ҳифз менамояд. Дар ҳамон замонҳое, ки пулҳо иваз шуданд, тамоми боигарии Тоҷикистон бо пулҳои «чӯбӣ» (беқурб) харида, бурда шуд.

Ана ҳамин дарси таърихиро мо бояд ҳеҷ вақт фаромӯш накунем.

Тоҷикон ва муносибатҳои пулӣ

«…Аҷдоди хирадманди мо дар масъалаи танзими гардиши пул, ҳамчунин дар доираи меъёри муайян нигоҳ доштани қурби он давра ба давра тадбирҳои лозимӣ меандешиданд».

(Аз Муроҷиатномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ислоҳоти пулӣ дар кишвар, 26 октябри соли 2000)

Тоҷикон аз зумраи миллатҳое мебошанд, ки бо таъриху фарҳанги пурғановати қадима ҳамеша дар рушди тамаддуни умумибашарӣ, аз ҷумла дар ташкил ва рушду такомули муносибатҳои пуливу молӣ саҳми назаррас доранд. Директори Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдувалӣ Шарифзода дар суҳбат бо мо иброз дошт, ки дар таърихи инсоният аввалин шакли давлатдории императорӣ аз тарафи ниёгони тоҷикон дар асри VI пеш аз мелод, аз ҷониби сулолаи Ҳахоманишиҳо ташкил шуда буд. Дар таърихи муносибатҳои молию пулӣ ва бароварди сиккаҳо Ҳахоманишиҳо аввалин шоҳаншоҳоне буданд, ки воҳиди пули аҳамияти ҷаҳонидоштаро ихтироъ карданд, ки «дарик» ном дошт.

5s1_a 50s_a

-Ҳахоманишиҳо дар баробари сиккаҳои тиллоии дарик, инчунин дигар сиккаҳо низ зарб мезаданд, ки номашон «шилик» ва «силик» буд.  Баъд аз давраи Ҳахоманишӣ, ки Искандари Мақдунӣ ҳудуди таърихии ниёгони тоҷиконро забт кард, давраи дигари таърихӣ бо номи Юнону Бохтарӣ оғоз мешавад. Дар ин давра дар Бохтари бузург, ки ҳам Бохтар ва ҳам Суғдро дар бар мегирифт, бештар сиккаҳои нуқрагӣ зарб зада мешуданд, ки онҳо «драхма» ном доштанд ва вобаста ба ҳаҷмашон номашон тағйир меёфт. Аз ҳама сиккаҳои машҳур сиккаҳои тетродрахмаи давраи Юнону Бохтарӣ мебошанд. Аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон сиккаҳое ёфт шудаанд, ки онҳо ба давраи ҳукмронии Искандари Мақдунӣ мансубанд,-изҳор дошт номбурда.

Ҳамсуҳбатамон дар идома афзуд, ки дар давраи минбаъдаи таърихӣ, ки давраи ҳукмронии Кушониён (асри II пеш аз мелод) мебошад, сикказанӣ хеле муҳим буд, зеро дар ин давра роҳи бузурги абрешим хеле инкишф меёбад ва саҳми Кушониён дар рушду нумӯи санъати сикказанӣ ва ривоҷ додани тиҷорати байналмилалӣ хеле бузург аст:

-Кушониён аз тилло, мису биринҷӣ ва нуқра сикка зарб мезаданд. Дар сиккаҳои Кушониён мо сужаҳои зардуштӣ, юнонӣ ва  ҳиндиро мушоҳида карда метавонем, зеро Кушониён нисбати ҳамаи динҳо муносибати хуб доштанд. Яке аз сабаби рушду нумӯи санъати сикказанӣ ва муносибати моливу пулӣ дар он замон низ аз ин омил маншаъ мегирад,-гуфт Абдувалӣ Шарифзода.

Мавсуф иброз дошт, ки замони шӯравӣ аз ҳудуди шаҳри Душанбе як дафинаи сиккаҳои нуқрагӣ, яъне драхмаҳои сосонӣ пайдо шуда буд, ки дар паҳлуи баъзеи он аломати «S» зарб зада шудааст. Бино ба гуфти номбурда, пеш аз оне, ки америкоиҳо бо ин аломат долларро ишора карданд, аллакай ниёгони мо онро дар сиккаҳои худ ҷой дода будаанд.

Аз Панҷакент сиккаҳои биринҷие ёфт шуданд, ки дорои навиштаҳои суғдӣ ва дар маркази он сӯрохие мавҷуд аст. Абдувалӣ Шарифзода ҳамчунин гуфт, ки суғдиён дар ривоҷ додани тиҷорати байналмилалӣ нақши назаррас доштанд, зеро имрӯз сиккаҳои суғдӣ ҳам аз ҳудуди Суғди қадим ва ҳам аз ҳудуди Ҷумҳурии Халқии Хитой ёфт мешаванд. Ҳамчунин аз Панҷакенти қадим баробари сиккаҳои суғдӣ сиккаҳои чинӣ ёфт мешаванд, ки аз мавҷуд будани муносибатҳои пулию молӣ байни Суғд ва Ҷумҳурии Халқии Хитой шаҳодат медиҳад.

200s_a-Дар заминаи сиёсати оқилонаи амирони сомонӣ, бахусус сиёсати дурбинонаи асосгузори Давлати Сомониён Исмоили Сомонӣ дар асрҳои IX-X муносибатҳои молию  пулӣ ва сикказанӣ хеле инкишоф ёфт. Гуфта метавонем, ки баъд аз Ҳахоманишиҳо дар замони Сомониён сиккаҳои миллии ниёгони тоҷикон бори дуюм ба воҳиди пули байналмилалӣ табдил ёфтанд. Масалан, миқдори сиккаҳои сомоние, ки имрӯзҳо бостоншиносон берун аз ҳудуди Осиёи Миёна, яъне берун аз ҳудуди ҷуғрофии ҳукмронии Сомониён меёбанд,  нисбати миқдори сиккаҳое, ки аз ватани Сомониён пайдо мешаванд, хеле зиёд аст. Бахусус дирҳам-сиккаҳои нуқрагии сомоние, ки аз ҳудуди Аврупо, Федератсияи  Россия, Ҷумҳурии Украина ва Беларус ёфт мешаванд, аз сиккаҳое, ки аз Осиёи Миёна ва Ҷумҳурии Исломии Эрон пайдо мешаванд, хеле зиёд мебошад. Бино ба гуфти мавсуф тамоми сиккаҳои осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Миёнаро ҷамъоварӣ кунем, нисбати чунин сиккаҳое, ки дар  Донишгоҳи давлатии шаҳри Мински Беларус мавҷуд аст, камтар мебошад.

Ҳамсуҳбатам изҳор дошт, ки баъд аз пошхӯрии Давлати Сомониён бегонагоне, ки ҳудуди таърихии ин давлатро ишғол карда буданд, санъати сикказании тоҷиконро қабул карданд, зеро ҳунармандон ва санъаткорони соҳаи сикказанӣ тоҷикон буданд ва аслан катибаҳои сиккаҳои амирону шоҳони туркнажод бо ду забон-арабӣ ва тоҷикӣ буд.

-Минбаъд пули коғазие, ки дар Осиёи Марказӣ, масалан дар Бухоро пайдо шуданд, ба забони тоҷикӣ буданд. Дар замони аввали шӯравӣ ҳам забони пулҳо тоҷикӣ буд. Сиккаҳои замони охирин амири Бухоро-Олимхон низ пура бо тоҷикӣ буданд,-изҳор дошт номбурда.

Президент ва пули миллӣ

«Аз касе пӯшида нест, ки пули миллӣ яке аз рукнҳои асосии истиқлолият ва дар айни замон, яке аз нишонаҳои муҳимтарини мустақилияти давлат мебошад».

(Аз Муроҷиатномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ислоҳоти пулӣ дар кишвар, 26 октябри соли 2000)

Ҳамагон хуб огоҳӣ доранд, ки ба муомилот баровардани пули миллӣ низ маҳсули тадбирандешиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст, зеро вақте, ки кишвар ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуду тамоми соҳаҳои иқтисодиёт фалаҷ гардиданд, имкони ба муомилот  баровардани пули миллӣ вуҷуд надошт.  Дар суҳбате раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Шариф Раҳимзода оид ба ҷидду ҷаҳди Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бобати ба муомилот баровардани пули миллӣ иброз дошта буд, гарчанде мо солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар минтақаи ягонаи фарогири рубли русӣ будем, вале ҳама вақт Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар фикри ба муомилот баровардани пули миллӣ буданд.

10s_a 20s_aБино ба гуфти мавсуф, 10 майи соли 1995 бори аввал пули миллӣ бо номи «рубли тоҷикӣ»  ба муомилот бароварда шуд, ки дар Федератсияи Россия аз чоп баромада, шумораи ками омилҳои ҳимоявӣ дошт.

-Баъдан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди мо вазифа гузоштанд, ки  бояд пули миллиро бо номи тоҷикӣ ва инъикоси акси бузургонамон дошта бошем. Ин аст, ки аввали соли 1997 бо ширкатҳои олмонӣ ҳамкорӣ карда, охири ҳамон сол ба созиш расидем, ки ширкати «Гизиг ва Девреент» пули миллии моро аз чоп барорад. Соли 1999 нишонаҳои пули миллӣ омода буданд, вале бо сабабҳои гуногун ба муомилот баровардани он то охири соли 2000 тӯл кашид ва ниҳоят  30 октябри соли 2000 ба муомилот бароварда шуд.

Оид ба ҷобаҷогузории расми шахсиятҳои шинохтаи миллат ва иншооти аҳамияти таърихиву фарҳангидошта дар пули миллӣ Шариф Раҳимзода гуфт, ки ин иқдом ва  супориши  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон буд.

-Мо бо коршиносони олмонӣ  шакли намудии ҳар як пулро муайян мекардем ва бо Сарвари давлат мувофиқа намуда, дар корхонаҳои Ҷумҳурии Федеративии Германия ба чоп медодем.

Вақте, ки сухан дар бораи номи пули миллӣ рафт, Президенти кишвар,Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири давлати миллии тоҷикон Сомониён пули миллиро «сомонӣ» ва воҳиди хурдашро «дирам» ном монданд,-гуфт номбурда.

Эҳтироми пули миллӣ

«Пули миллӣ боигарӣ ва сарвати миллист, обрӯю эътибори миллат аст. Бинобар ин таъмини гардиши озодонаи он, ҳифзи қурб ва қобилияти мубодилавии он қарзи ҳамаи мо назди Ватан мебошад».

(Аз Муроҷиатномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ислоҳоти пулӣ дар кишвар, 26 октябри соли 2000)

Мутаасифона, баъзан мебинем, ки шаҳрвандони кишвар нисбати пули миллӣ беэҳтиромӣ зоҳир мекунанд. Расмҳои бузургонеро, ки дар рӯйи он инъикос шудааст, ҳар гуна ранг мекунанд ва ҳатто чун коғази оддӣ баъзан рақами телефон ва ё маълумоти дигареро дар рӯйи он ёддошт менамоянд. Номи пули миллиро, ки «сомонӣ» аст, дуруст талаффуз намекунанд ва ё дуруст наменависанд. Муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфулло Сафаров изҳор доштанд, ки мо ба хотири аҷдодонамон  пули миллиамонро «сомонӣ» ном ниҳодем, вале мардум баъзан дар ВАО «сом.» менависад. Ҳол он ки номи пул «сомонӣ» аст, «сомон» ҳам нест. Ба андешаи мавсуф, пули миллӣ бояд аз чанд ҷиҳат арҷгузорӣ шавад. Аввалан, ин арзиши миллӣ ва давлатии мост. Сониян, ба хотири эҳтироми давлати Сомониён ва давлати соҳибистиқлоле, ки имрӯз дорем. Ин вазифаи инсонӣ ва қарзи шаҳрвандии ҳар кадоми мост,-гуфт дар фарҷоми суҳбат номбурда.

Охирсухан

«Пули миллии мо дорои моҳияти баланди фарҳангӣ ва таҷассуми арзишу анъанаҳои қадимаи фарҳангии халқамон мебошад. Симоҳои абармардони сиёсат ва илму фарҳанги миллатамон, ёдгориҳои қадимаи меъмории сарзаминамон ва манзараҳои зебову нотакрори диёрамон пули миллии моро зебу оро додаанд».

(Аз Муроҷиатномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ислоҳоти пулӣ дар кишвар, 26 октябри соли 2000)

Ҷой додани расми фарзандони барӯманди халқи тоҷик сар карда аз устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ то устод Турсунзода нишонаи арҷгузорӣ ба хизмату заҳмати ниёгони мо аст. Воқеан, Президенти кишвар, Эмомалӣ Раҳмон шуруъ аз рӯзҳои аввали давлатдориаш ҳамеша талош кардааст, ки арҷгузор ва такягоҳи фарзандони фарзонаи миллат бошад. Пайваста ҷашн гирифтани солгарди бузургони миллат ба ҷузъи сиёсати фарҳангии Президенти кишвар табдил ёфтааст. Аз ин ҷост, ки ҷой намудани расми абармардони тоҷик дар пули миллӣ низ маҳсули тафаккури Эмомалӣ Раҳмон аст.

Аз ин рӯ,бо дар назардошти хизматҳои арзишманд дар роҳи эъмори давлати навини тоҷикон, инчунин муаллифи бевоситаи пулӣ миллӣ ва  дорандаи унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон» будан (акси ҳамаи Қаҳрамонони Тоҷикистон дар пули миллӣ инъикос ёфтааст) пешниҳод мекунем, ки расми Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон — ин фарзанди фарзонаи миллат низ дар яке аз воҳидҳои пули миллӣ ҷой карда шавад.

Ҷумъахон НАБОТОВ, Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»