Минбаъд барномаҳои Телевизиони Бадахшон 16 соат пахш мешаванд

№81-82 (3561-3562) 25.06.2016

SHX1809.TIFДар арафаи ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо ибтикори роҳбарияти Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пахши барномаҳои Телевизиони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба 16 соат расид.

Муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назира Қаландарбекова ба пахши барномаҳои шонздаҳсоатаи Телевизиони Бадахшон оғоз бахшида, ба кормандони техникӣ ва эҷодии он дар таҳияи барномаҳои ҷолиб муваффақият хост.

Дар чорабинӣ муовини раиси ВМКБ Гулдаста Орумбекова, сардори Идораи телевизион ва радиои ВМКБ Сафармо Буттабекова низ андешаҳояшонро иброз доштанд.

С. Зайнура, донишҷӯ