Муҳоҷирати меҳнатӣ бурд ҳам дораду бохт ҳам

№120-121 (4226-4227) 29.09.2020

improved_photoМуҳоҷирати меҳнатӣ раванди мураккабест, ки ба номувозинатии бозори меҳнат алоқаманд мебошад. Омӯзиши васеи он аз солҳои 80-уми асри XIX оғоз гардидааст. Агар ба таърихи начандон дур назар андозем, хоҳем дид, ки пеш аз замони Иттиҳоди Шӯравӣ ба мардикорӣ рафтани мардуми кӯҳистони тоҷик вуҷуд дошт, вале пажӯҳишгарон аслан баъди соҳибистиқлол гардидани мамлакат дар бораи он бештар ибрози андеша намуданд. Азбаски пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ, дар баробари ба миён омадани мушкилот дар дигар соҳаҳо, дар бозори меҳнати ҷумҳуриҳои узви он низ номувозинатии ҷиддӣ ба миён омад, масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ маъмул гардид. Кишварҳои мустақилшударо зарур буд, ки вобаста ба қонунҳои бозор барои шаҳрвандон ҷойи кор таъсис диҳанд ё қувваи кории берунаро ба кор ҷалб ва рушди иқтисодро таъмин намоянд.

Мутаассифона, Тоҷикистони тозаистиқлол дар он давра ба замми мушкилоти таъсиси дастгоҳи давлатӣ ва рукнҳои давлатдорӣ, таъмини аҳолии кишвар бо маҳсулоти ниёзи аввал ва барқ, ба роҳ мондани вазифаҳои стратегии давлат ва таъмини шаҳрвандон бо ҷойи кор, бо мусоидати қувваҳои дохилию берунӣ ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ мубтало гардид, ки дар баробари хисороти зиёди ҷонӣ (150 ҳазор нафар), инчунин иқтисодиёти кишвар даҳҳо миллиард доллар зарар дида, рушди иқтисод даҳҳо сол ақиб монд. Корхонаҳои саноатӣ, бо сабаби нарасидани ашёи хом, қувваи барқ, канда шудани мубодилаи молу маҳсулот миёни кишварҳо, аз кор монда, инфрасохтори маҳал хароб гардид.

Бино ба омори соли гузашта, дар ҷаҳон зиёда аз 270 миллион нафар дар муҳоҷират қарор дорад. Ин нукта низ қобили зикр аст, ки дар ҳолати сатҳи баланди рушд қарор гирифтани иқтисодиёти кишвар ҳам, наметавон пеши роҳи муҳоҷиратро пурра гирифт, зеро вобаста ба майлу хоҳиш нафароне ҳастанд, ки мехоҳанд дар муҳити дигар кору зиндагӣ намоянд. Ин ҷиҳат бошад, муҳоҷиратро ҳамеша зинда ва давомдор нигоҳ медорад.

Ҳоло муҳоҷирати меҳнатии аксар сокинони кишвар ба Федератсияи Россия (зиёда аз 70 фоиз) рост меояд. Дар баробари ин, зиёда аз 30 ҳазор ҷавон дар донишгоҳу донишкадаҳои бонуфузи дунё таҳсил доранд, ки бо омӯзиши илмҳои замонавӣ ва рушди сармояи инсонӣ метавонанд дар рушди соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ саҳим бошанд.

Албатта, муҳоҷирати меҳнатӣ ҷанбаҳои мусбат ва манфӣ дорад. Чунончи, бо интиқоли маблағ фаъолияти бонкҳо рушд ёфта, қурби асъор дар бозори дохили мамлакат муътадил нигоҳ дошта шуда, нарх то андозае ба танзим дароварда мешавад. Илова бар ин, муҳоҷирони дар ин ё он соҳа муваффақ гардида, бо масъулияти баланди ватандорӣ дар пешрафти кишвар саҳм мегузоранд. Масъалаи ҳиссаи маблағи муҳоҷирон дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) хоси кишвари интиқолкунанда ва қабулкунанда мебошад. Кишварҳои қабулкунандаи муҳоҷирони меҳнатӣ дар таҳияи қисми даромади буҷет даромадҳои аз ҳисоби иҷозатномагирӣ ва фаъолияти гуногуни муҳоҷирон воридгардидаро ба инобат гирифта, мувозинати бозори меҳнатро таъмин ва бо истифода аз қувваи кории нисбатан арзон рушди иқтисодро то дараҷае таъмин менамоянд. Дар баробари ин, бо сабаби мушкилоти демографӣ ва нарасидани мутахассисони соҳаҳои гуногун барномаҳои махсуси давлатӣ таҳия гардидааст, ки ҷиҳати ҷалби шаҳрвандони касбу кори гуногуни дигар кишварҳо ва додани шаҳрвандии давлати будубош роҳандозӣ мегардад. Ба ибораи дигар, кишварҳои қабулкунандаи муҳоҷирон аз муҳоҷират бештар манфиатдоранд.

Гузашта аз ин, муҳоҷирони меҳнатӣ бо урфу одат, расму оин, таҷриба ва дигар хусусиятҳои миллатҳои давлати будубош шинос шуда, минбаъд онҳоро дар ҳаёт истифода мебаранд. Мисолҳои зиёд мавҷуд аст, ки муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар давлати будубош ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардида, баробари муаррифии кишвар, дар рушди соҳаи муайяни иқтисоди он низ саҳм мегузоранд. Шиносоӣ бо муҳити истеҳсолӣ, ахлоқию мадании халқҳои дигар, дониста гирифтани урфу одатҳо имкон медиҳанд, ки дараҷаи инкишофи иқтисодӣ, сиёсӣ, илмӣ ва фарҳангии миллатро бо халқи кишвари будубош муқоиса намуда, аз сарватҳои маънавии дигар халқиятҳо истифода бурда, ҷаҳони маънавиро ғанӣ гардонӣ. Дар ин самт донистани забонҳои муоширати байналмилалӣ яке аз афзалиятҳо ба шумор меравад.

Мусаллам аст, ки ҳеҷ давлат манфиатдор нест, ки шаҳрвандонаш дар дигар кишвар кору фаъолият намояд. Аксар кишварҳое, ки мушкилоти демографӣ ва норасоии қувваи кор дар бозори меҳнат доранд, бо таҳияи барномаҳои махсус (Барномаи «Переселение»-и Федератсияи Россия ё «Баргаи сабз»-и Амрико) мутахассисони аз 20 то 45-соларо бо додани шаҳрвандӣ, муҳайё намудани ҷои кор бо шароити нисбатан сабук, ҷиҳати рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ҷалб менамоянд. Зеро дар он айём шахс дорои неруи аз лиҳози ҷисмонӣ ва зеҳнӣ солим аст. Яъне, бархе аз кишварҳо бо ҷалби мутахассисон аз берун рушди иқтисоди миллиро ривоҷ дода, қувваи кории нисбатан арзонро истифода мебаранд.

Ё баръакси ин, баъзе аз кишварҳо тавассути муҳоҷирони меҳнатӣ техникаю технологияи нав ворид намуда, илмҳои замонавиро дар иқтисодиёт татбиқ менамоянд. Дар ин ҷода, таҷрибаи солҳои 50-80-уми асри XX-и Ҷумҳурии Халқии Хитойро метавон истифода бурд. Ба ҳама маълум аст, ки ба Чин дар он солҳо ягон давлати пешрафта техника ва технологияи нав намедод. Бекорӣ хусусияти оммавӣ гирифта буд, аммо ҳукумат имкон пайдо намуда, ҷавононро барои меҳнати саноатии истеҳсолӣ касб омӯзонида, ба хориҷи кишвар ба кор фиристод. Бисёр ҷавонон гӯё бо ҷурми норозигӣ аз сиёсати ҳокимияти коммунистӣ ба хориҷ, асосан ба давлатҳои пешрафта ҳиҷрат намуда, он ҷо бо техникаю технологияи нав шинос шуда, як қисмашро харидорӣ намуда, ба ватан оварданд. Аниқтараш, маҳз муҳоҷирони меҳнатӣ ба Чин техникаю технологияи навро ворид намуданд. Аз ин рӯ, дар пешрафти давлати ҳоло қудратманди Чин саҳми муҳоҷирони меҳнатӣ хеле бузург аст. Хитоиҳо дар баробари омӯзонидани касб ба муҳоҷирони оянда, инчунин онҳоро дар рӯҳияи худшиносии миллӣ ва ватандӯстӣ тарбия намуданд.

Ифтихор аз ватану ватандорӣ, муаррифии миллату давлат, ҳувияти миллӣ ва ҳифзи муқаддасоти миллӣ бояд дар кишвар ва берун аз он дар замири ҳар як шахси баору номус ҷой дошта бошад. Дар ҳар ҷое, ки кору фаъолият намоем, пеш аз ҳама, бояд манфиатҳои миллиро аз ҳама чиз боло гузошта, ифтихор аз соҳибистиқлолию ватандорӣ дошта бошем. Гузашта аз ин, нигоҳдории онҳо масъулияти баландро аз ҳар як фарди кишвар тақозо менамояд, чунки дар замони таҳаввулпазири муосир зуҳуроти зиёди дохилию хориҷӣ ба ҳама гуна дастовард хатар эҷод намуда, ваҳдату ягонагиро метавонанд халалдор созанд.

Ҳоло ба ҷойи ҷиноҳҳои пешина, созмону ташкилотҳои нав арзи вуҷуд намуда, бо мусоидати баъзе аз абарқудратҳо, бо истифода аз ҳама роҳу усул ба вазъи геополитикии ҷаҳон таъсир расонида, ҳатто ба сиёсати миллии баъзе аз кишварҳо мудохила менамоянд ва мақсаду мароми онҳо ба даст овардани қудрати сиёсии ҷаҳон аст. Бояд донист, ки Ватани азизи мо низ ба ҳайси яке аз давлатҳои соҳибистиқлол ва соҳибтамаддун аз ин ҷараёни фарогир берун буда наметавонад.

Маврид ба таъкид аст, ки алҳол маҳфуми наве ба мисли ҷанги иттилоотӣ тавассути рушди бесобиқаи шабакаҳои иттилоотии фаромиллӣ ва пайдоиши интернет маъмул гардидааст. Душманон ва бадхоҳони миллат бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ мехоҳанд ба мафкураи мардум таъсир расонида, ҳадафҳои ғаразнокро амалӣ намоянд. Дар ин замина, гурӯҳҳои террористию экстремистӣ бо роҳи фиреб ва сӯиистифода аз сатҳи пасти фарҳанги сиёсию динии баъзе аз муҳоҷирони меҳнатӣ, онҳоро ба ин гурӯҳҳо шомил менамоянд. Тибқи маълумоти мақомоти қудратӣ, зиёда аз 85 дарсади шаҳрвандони кишвар, ки ба сафи гурӯҳҳои террористию экстремистӣ шомил шудаанд, тавассути муҳоҷирати меҳнатӣ мебошад. Он гурӯҳҳо бештар ба эътиқоди динии шаҳрвандон такя намуда, бо калимаву ибораҳои «ҷиҳод», «шаҳид шудан дар роҳи Худо», «биҳишти ҷовидон» ва ваъдаи маблағи зиёд миёни муҳоҷирон ташвиқот мебаранд. Инчунин, гурӯҳҳои ифротӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ аз раванди муҳоҷират ҳангомасозӣ менамоянд, ки гӯё он барои мардум мусибат бошад. Вале фарҳанги сиёсии мардуми шарифи кишвар аз давраи солҳои аввали соҳибистиқлолӣ фарқ дошта, онҳо аллакай дарк намудаанд, ки сабаби асосии ҷанги шаҳрвандӣ, сатҳи камбизоатӣ, паст гардидани вазъи иқтисодию иҷтимоии мардум ва бештар рӯ овардан ба муҳоҷирати меҳнатӣ маҳз ҳамон гурӯҳҳои терорристию экстремистӣ мебошанд, ки солҳои 90-уми асри гузашта ба сари мардум мусибати ҷангро оварданд ва ҳоло низ дар давлатҳои дигар истода, мехоҳанд ихтилоф андозанд. Ҳатто дар давраи хурӯҷи пандемияи COVID-19, ки мушкилоти инсоният аст, бо истифода аз вазъи ногувори иқтисодии ҷаҳон мехоҳанд муҳоҷиронро ба мақсадҳои нопок моил намоянд.

Зимнан, бояд гуфт, ки ҳама гуна шартномаю созиши дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои муҳоҷирони меҳнатӣ бадастомада, натиҷаи вохӯрию гуфтушунидҳои роҳбарияти олии мамлакат бо роҳбарияти олии кишварҳои будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ мебошад. Таъсиси ҷойҳои корӣ ва ба ин васила, коҳиш додани муҳоҷирати меҳнатӣ дар сиёсати Давлату Ҳукумати кишвар аз афзалиятҳо маҳсуб меёбад.

Бо дарназардошти он ки аксар мардум (зиёда аз 70 фоиз) дар деҳот кору зиндагӣ намуда, шуғли асосиашон кишоварзист, ҷумҳурӣ давлати аграрӣ-саноатӣ ба ҳисоб рафта, таъсиси ҷойҳои кор ислоҳоти ҷиддиро дар ин соҳа тақозо менамояд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми миллӣ эълон намуданд, ки алҳол ҷиҳати роҳандозии он иқтидорҳои энергетикӣ низ муҳайё гардидааст. Умед аст, ки бо татбиқи он масъалаи ба шуғл фаро гирфтани сокинон ҳаллу фасл гардида, муҳоҷирати меҳнатӣ коҳиш меёбад. Тавре дар боло зикр шуд, дар ҳама ҳолат пеши роҳи муҳоҷирати меҳнатиро пурра гирфтан ғайриимкон аст. Вобаста ба ин, дар барномаҳои сатҳи давлатӣ масъалаи диверсификатсияи муҳоҷирати меҳнатӣ, аз ҷумла бо дарназардошти омили гендерӣ ва таҳкими танзими давлатии раванди бозгашти муҳоҷирон ба нақша гирифта шудааст. Ҷиҳати диверсификатсияи муҳоҷирати меҳнатӣ якчанд шартномаю барнома омода гардида, ба имзо расонида шудаанд (бо давлатҳои Қатар, Корея), ки шаҳрвандон бо мусоидати давлат метавонанд дар он кишварҳо бо маоши арзанда ва шароити беҳтар кору фаъолият намоянд. Албатта, роҳандозии ин масъала ба муътадил шудани вазъи эпидемологии ҷаҳон низ вобаста мебошад.

Абдураҳим ШОҲИЁН,

раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Турсунзода